Нигористон: Президенти Эрон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон дод
Мақомоти Эрон рӯзи 20 май эълон карданд, ки президент Иброҳим Раисӣ ва чандин мақомдори дигари ин кишвар дар натиҷаи афтодани чархбол ба ҳалокат расиданд. Амалиёти ҷустуҷӯ рӯзи 19 май, баъди аз радарҳо нопадид шудани чархбол шурӯъ шуд.

5
Тумани зиёд кори ҷустуҷӯи чархбол ва сарнишинони онро мушкил намуд

6
Рӯзи 19 май Раиси ба вилояти Озарбойҷони шарқии Ҷумҳурии Эрон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи обанборе рафта буд. Дар ин маросим инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок кард

7
Раисӣ ва Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди бо номи "Худоофарин", воқеъ дар сарҳади Эрону Озарбойҷон иштирок карданд

8
Вазъи ҳаво дар маҳалли ҷойгиршавии сарбанд баъди анҷоми маросими ифтитоҳи он бад шуд. Чархболи Раисӣ ба самти шаҳри Табриз ҳаракат мекард. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки чархбол дар наздикии шаҳри Ҷалфо "нишасти сангине" анҷом дод. Чандин расонаи наздик ба ҳукумат бо такя ба манбаъҳояш гуфт, ки чархбол ҳангоми расидан ба як маҳаллаи кӯҳиву ҷангалзоре суқут кард.