Аммо Фозил Охунов, муовини додситони вилояти Суғд аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ варзид ва гуфт, эҳтимол дорад, наздикону вакилони мудофеи маҳкумшудагон аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаҳои болотаре шикоят бубаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Назари мақомот ва вакилони мудофеи маҳкумшудагон
Ин дар ҳолест, ки Ситора Шарифова, вакили дифои яке азмаҳкумшудагон – Зокирбой Ҳомидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳкумшудагон ҳукми додгоҳро "сахт" ва "ноодилона" хондаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, коллегияи Додгоҳи олӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ низ аризаи кассатсионии онҳоро рад карда ва ҳукми додгоҳро қонунӣ шумурдааст.
Яке аз бозорҳои шаҳри Исфара
Ба бовари хонум Шарифова, чаҳор нафари маҳкумшуда, ки додгоҳ онҳоро омили аслии куштор эълон кардааст, дар содири ҷиноят мустақиман иштирок надоштаанд. Вай мегӯяд, куштори раиси бозор – Ҳомид Каримов аз ҷониби ду сокини дигари маҳаллӣ сурат гирифта, ки онҳо фирор кардаанд ва ҳоло таҳти пайгард қарор доранд.
Ситора Шарифова афзуд, зерҳимояаш - Зокирбой Ҳомидов замони содири ҷиноят дар Русия буд, аммо қабл аз сафар ба яке аз маҳкумшудагон 10 ҳазор рубли русӣ пул қарз медиҳад. Ӯ он маблағро дар харидани автомобиле, ки қотилон бо он барои қатли Ҳомид Каримов ҳозир шуданд, истифода кардааст. Ба ин далел, додгоҳ Зокирбой Ҳомидовро ёвари содиркунандаҳои ҷиноят эълон ва ба 16 соли зиндон маҳкум кард.
Аз 8 нафари маҳкумшуда ба зиндон, як тан аз ноҳияи Конибодом ва 7 нафари дигар аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфараанд ва аз 38 то 65 сол доранд. Бархе аз вакилони дифои онҳо гуфтаанд, ба хотири бекор кардани ҳукми додгоҳи вилоятӣ бори дигар ба Додгоҳи олӣ аризаи назоратӣ пешниҳод хоҳанд кард.