Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти пизишкони белорусӣ ҳангоми муқобила бо COVID-19. Мақомот фош намекунанд. ВИДЕО


Омори фавти беморон аз COVID-19 дар Белорус дар муқоиса бо аксар кишварҳои ҷаҳон камтар аст. Дар айни замон мавридҳои марги пизишкон дар ин кишвар бештарин дар ҷаҳон ҳисоб шудааст. Бино ба ҳисоби бахши белорусии Радиои Озодӣ, ҳар даҳумин нафари фавтида аз COVID-19 дар ин кишвар корманди тиб аст. Ин нишондод 15 баробар бештар аз Итолиё ва 30 маротиба зиёдтар аз Амрико будааст.

Белорус омори расмиеро дар бораи фавти пизишкон пешниҳод намекунад ва масъулин ҳам дар ин бора ба хабарнигорон ягон иттилоъ намедиҳанд. Бо вуҷуди тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, барои пешниҳоди омор дар бораи пизишкони гирфитор ба бемории ҳамагир Вазорати тандурустии Белорус ҳамарӯза танҳо бо эълони омори умумии гирифторону фавтидагони COVID-19 иктифо мекунад.

Аз 14 ҳолати марги духтурон, ки наздикону ҳамкоронашон хабар додаанд, натиҷаи ташхиси 11 нафар мусбат будааст.

Хабарнигорон омори пизишкони фавтидаро дар Белорус бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Амрикову Итолиё ва Олмон муқоиса карда, ба ин хулоса омадаанд, ки дар Белорус омори фавти пизишкон баландтарин аст. Аз шумори умумии фавтидаҳо 10 дар садро дар ин кишвар пизишкон ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки марги пизишкон дар кишварҳои дигар ба 0,4 ва 0,6 дар сад баробар аст.

Омори фавт аз коронавирус дар Белорус чӣ тавр ҳисоб мешавад?

Дар ин кишвар марги на ҳамаи 11 пизишке, ки натиҷаи ташхис муайян карда буд ба коронавирус гирифтор шудаанд, бар асари COVID-19 дониста мешавад. Сабаби марги бархе аз онҳо чун пневмония ё илтибоҳи шуш сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол намояндагони СҶТ қаблан ба хабарнигорон гуфта буданд, марги ҳамаи беморон, ҳатто онҳое, ки бемории музмине доштанд, бояд чун фавт аз COVID-19 сабт шавад

"Агар дар пайи гирифторӣ ба COVID-19 бемор ба илтиҳоби шуш мубтало шуда, баъдан ин боиси нафастангии ӯ шуд, пас дар баробари вирус бояд пневмония ва ҳам нафастангӣ чун омилҳои марги бемор нишон дода шавад”, - таъкид кардааст СҶТ

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Дақиқ нест, ки мақомоти Белорус фавти 11 пизишкро ба феҳрасти қурбониёни COVID-19 шомил кардааст, ё на. Суолҳои хабарнигорони бахши беларусии Радиои Озодӣ ҳам ба Вазорати тандурустии ин кишвар дар бораи марги духтурон ва ин ки чаро ин ниҳод омори пизишкони фавтидаву сироятшударо пешниҳод намекунад, бепосух монд.

Фавти 11 пизишк дар кишваре бо аҳолии 9 миллион дар ҳолест, ки дар Литва, ки 3 миллион аҳолӣ дорад ягон ҳолати марги пизишкон сабт нашудааст ва дар Лаҳистони иборат аз 38 миллион аҳолӣ, фақат 3 корманди тиб ҷон бохтаанд. Дар Исроил тамоми ин муддате, ки кишвар бо вирус мубориза мебарад, фақат як ҳамшираи шафқат фавтидааст. Аҳолии Исроил ҳам қариб ба Беларус баробар аст ва омори сироятшудагон дар ин ду кишвар аз ҳам чандон фарқ намекунад.

Хабарнигорон аз як пизишки исроилӣ сабаби комёбии соҳаи тибби ин кишварро пурсидаанд. Натан Тимкин – пизишки исроилӣ коҳиши фавти пизишконро дар ин кишвар ба се омил вобаста донист:

"90 дар сади муолиҷаҳо дар Исроил ба шакли рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Тамоми тамосҳо тариқи телефон ва мессенҷерҳо сурат мегиранд. Теъдоди хеле ками беморон ба қабули духтур мераванд;

Бемористонҳо тамоми амалиёти таъҷилиро бекор карданд. Гурӯҳи духтурону ҳамшираҳои шафқат ба навбатдории доимӣ тақсим шуданд ва барои беморони шубҳанок, утоқҳои махсуси алоҳида омода карда шуд;

Аз оғози эпидемия тамоми муассисаҳои тиббӣ бо маводи зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз вирус таъмин карда шуданд. Танҳо дар як ҳафтаи аввал аз лиҳози таъминот бо дастпӯш каме мушкил буд. Баъдан аз ҳисоби давлат тамоми духтурон бо ниқобу дастпӯшҳо тахмин шуданд. Пизишкон ҳамчунин ниқобҳои пластикӣ доранд."

Вазорати тандурустӣ ва президенти Белорус пайваста таъкид мекунанд, ки барои табибон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо пизишкон дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз камбуди маводи пешгирикунанда шикоят мекунанд. Наталя Каролик ҳамшираи шафқат дар дармонгоҳи рақами 1-и Белорус ба хабарнигорон гуфта буд, тамоми маводи заруриро духтурон бо маблағи худ мехаранд.

Роҳандозӣ шудани маъракаҳои зиёди ҷамъоварии маблағ барои пизишкон як далели рӯшани дигар барои таъмин набудани духтурон бо маводи зарурӣ аст. Бо ташкили маъракае бо номи "ByCovid19 – кумак ба пизишкони Беларус" дар ин кишвар садҳо ҳазор доллар ҷамъ оварда шуд, ки он барои харидории ниқоб ва дигар маводу лавозимоти зарурӣ барои табибон сарф мешавад. Ҳоло бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ ҳам ба ҷамъоварии 1,5 миллион доллар шурӯъ кардааст, ки чун кумак ба бемористонҳои Белорус тақдим мешавад.

Бино ба омори ахир дар Белорус ҳудуди 24 ҳазор мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, 135 нафар ҷон бохтаанд.

Таҳлилгари Радиои Озодӣ, Юрий Дракохруст омори масъулинро дар Белорус ғайривоқеӣ мехонад. Пажӯҳиши ӯ маълум кардааст, ки Белорус яке аз камтарин кишварҳоест, ки мизони маргумир дар он дар як моҳи ахир баръакс коҳиш ёфтааст. "Чунин мӯъҷиза дар кам кишварҳо рух медиҳад,” - мегӯяд, Юрий Дракохруст.

Вай ин вазъро дар Белорус “як падидаи беназир дар ҷаҳон” хондааст, ки метавонад ду сабаб дошта бошад. Ё низоми бениҳоят хуби тандурустӣ дар роҳи мубориза бо пандемия ва ё истифода аз ҳиллаву найранг зимни ҳисобу китоби мавридҳои марг аз коронавирус.

Зоҳиран вазъ дар Тоҷикистон ҳам аз ин нигоҳ ба Белорус монандиҳое дорад. Дар ин кишвар ҳам омори пизишкони фавтида расман эълон намешавад, вале сокинон ҳар рӯз аз фавти як ё якчанд пизишк хабар медиҳанд. Мақомот дар Тоҷикистон ҳам пайваста аз таъмин будани бемористону табибон бо тамоми шароити зарурӣ хабар медиҳанд, вале духтурон ва беморону корафтодаҳо баръакси ин гуфтаҳои мақомот аз камбуди маводи зарурӣ дар бемористонҳо менависанду шикоят мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG