Васияти академик Раҳим Масов, ки агар зинда мебуд, 16-уми ноябри имсол 85-сола мешуд, ҳанӯз иҷро нашудааст.
Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии вилояти Бухоро дохил шудааст.
Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии СССР аз хабари ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид шудани асбоби рубоб, тарзи сохтану иҷрои он истиқбол кард.
Нозанин Юлчиева, раққосаи балет, мегӯяд, касбе, ки наздикон бовар доштанд, ӯ баъди чанд рӯз тамрин тарк мекунад, ҳоло манбаи асосии таъмини хонавода шудааст.
Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 60 расид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муносибати мавлудаш бо Фарзона доири рисолати эҷодкорӣ ва печутобҳои рӯзгораш суҳбат кард. Сароғоз аз ӯ пурсидем, ки ин шасти камолот то куҷо ба ӯ камол бахшид?
Рӯзи 1 ноябр дар ноҳияи Восеъ дар синни 66-солагӣ Маҳмадсафар Муродов - фалаксаро ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон даргузашт.
Адабиётшиносон ва дӯстдорони шеър рӯзи якуми ноябр дар театри Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд ҷамъ омаданд, то аз вижагиҳои эҷодиёти Фарзона (Иноят Хоҷаева) суҳбат кунанд. Нишаст ду рӯз давом мекунад. Дар рӯзи аввал меҳмонон аз вилоятҳои Самарқанду Фарғона, Эрон ва Олмон сухан гуфтанд.
Сокинони дараи Яғноб, як гӯшаи дуруфтодаи Тоҷикистон, аз ояндаи забони худ нигаронанд, ки ба гуфтаашон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Забони яғнобӣ аз гӯишҳои қадимии суғдӣ аст ва ҳоло тақрибан 10-12 ҳазор кас дар Тоҷикистон бо он гап мезананд.
Мирзо Шукурзода, нависанда, шоир ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Дар шаҳри Бухоро як осорхона ва театри нодири лӯхтакҳои миллӣ зери хатари аз байн рафтан аст.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори номвари тоҷик, 24 сол пеш, дар 46-солагӣ дар Маскав кушта шуд. Асрори марги ӯ ба мисли зиндагии пуршебу фарозаш то имрӯз нақши ҷонсӯзе барои хонавода, ёру дӯст ва ҳаводорони осораш гузошта.
Баъзе аз пайкарасозон дар Тоҷикистон мегӯянд, касби онҳо, ки замоне бо як орзуву умед интихоб карда буданд, ҳоло аз таваҷҷуҳ дур монда, ба шуғли камдаромаду “мурда” табдил ёфтааст.
Ёфтҳои бештар