Ҳабсҳои тӯлонӣ, ҷаримаҳои сангин ва манъи сафар ба хориҷ. Заноне, ки қонуни нави ҳиҷобро дар Эрон риоя намекунанд, чунин ҷазо хоҳанд гирифт. Қонуни ҳиҷобуиффат, ки рӯзи 30-юми ноябр қабул шуд, дар Ҷумҳурии Исломӣ сарусадои зиёде ба по намуд. Баъзе аз рӯҳониёни баландмақом низ онро танқид кардаанд.