Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави ҳиҷоб ва иффат дар Эрон = ҳабс, ҷарима ва манъи сафар


Баъд аз эътирозҳои соли 2022 дар Эрон, сафи занону духтароне, ки аз ҳиҷоби иҷборӣ худдорӣ мекунанд, афзудааст
Баъд аз эътирозҳои соли 2022 дар Эрон, сафи занону духтароне, ки аз ҳиҷоби иҷборӣ худдорӣ мекунанд, афзудааст

Ҳабсҳои тӯлонӣ, ҷаримаҳои сангин ва манъи сафар ба хориҷ. Заноне, ки қонуни нави ҳиҷобро дар Эрон риоя намекунанд, чунин ҷазо хоҳанд гирифт. Қонуни ҳиҷоб ва иффат, ки рӯзи 30-юми ноябр қабул шуд, дар Ҷумҳурии Исломӣ сарусадои зиёде ба по намуд. Баъзе аз рӯҳониёни баландмақом низ онро танқид кардаанд.

Дар ин қонун, ки аз 74 банд иборат аст, аз ҷомеа даъват шудааст, ки дар бораи шахсони қонуншикан ба пулис хабар диҳанд. Бар асоси ин қонун, корхона ва таксиронҳое, ки ин амрро иҷро намекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт.

Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон, дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, гуфт: “Инро ҳатто қонун ҳам гуфтан мумкин нест.” Вай афзуд, қонунҳо барои ҳимоя аз шаҳрвандон пешбинӣ мешаванд, аммо қонуни нав “амнияти занонро дар хиёбон аз байн мебарад”.

Насрин Сутуда
Насрин Сутуда

Шумори ҳарчи бештари занон дар Эрон аз пӯшидани рӯсарӣ ё ҳиҷоб саркашӣ мекунанд. Маҳз ҳиҷоб дар соли 2022 сабаби ба майдонҳо рехтани одамон ва эътирозҳои саросарӣ дар Эрон гашт. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ пас аз марги Маҳсо Аминӣ сар шуд. Духтари ҷавоне, ки бо гумони риоя накардани қонуни ҳиҷоб боздошт шуда, дар шароити мармуз даргузашт.

Дар эътирозҳо занону духтарон ҳиҷобҳои худро аз сар гирифта, оташ заданд. Талоши мақомот барои саркӯби эътирозгарон сабаби кушта шудани садҳо нафар ва боздошту маҷрӯҳ гаштани ҳазорҳо кас шуд.

Ба гуфтаи Насрин Сутуда, аксар эрониҳо хостори он шудаанд, ки гунаҳкорони марги Маҳсо Аминӣ ҷазо гирад. Аммо ба ҷойи ин “мақомдорон бо ҳадафи интиқом аз занон ва мардон ин қонунро қабул карданд”. Вай ҳушдор дод, ки агар қонун бекор нашавад, онҳо “чора меандешанд” ва ин тасмим эътирозҳоро дар пай хоҳад дошт.

Теҳрон, 15-уми сентябри соли 2024
Теҳрон, 15-уми сентябри соли 2024

Насрин Сутуда солҳо дар зиндон буд. Барои фаъолиятҳои худ, аз ҷумла барои баррасии парвандаҳои ҳассоси додгоҳӣ, мисли қазияи боздошти заноне, ки дар эътирозҳои осоишта бар зидди ҳиҷоб ширкат намудаанд, ба ҳабс гирифта шуда буд.

Қонуни “иҷронашаванда”

Солҳои охир ҳукумати Эрон назоратро бар ҳиҷоби занон сахттар кардааст. Фаъолияти пулиси ахлоқ ва назорат дар шаҳр дубора шуруъ шуда. Коре, ки пас аз эътирозҳои соли 2022 манъ шуда буд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон низ дар Теҳрон барои назорати иҷрои муқаррароти либоспӯшии занон ниҳоди нав таъсис додааст. Мақомоти аъзои онро “сафирони некӣ” меноманд.

Нозирони ҳиҷоб дар даромадгоҳи метрои Теҳрон
Нозирони ҳиҷоб дар даромадгоҳи метрои Теҳрон

Моҳи ноябр Ситоди амри маъруф ва наҳй аз мункар дар Эрон аз таъсиси як “дармонгоҳ”-е хабар дод, ки дар он заноне, ки аз пӯшиши исломӣ саркашӣ мекунанд, “ба табобати илмӣ ва равонӣ гирифта мешаванд”. Дар посух равоншиносони Эрон “бонги хатар” заданд, ки “бемор нишон додани шахсони солим” пайомади нохуш хоҳад дошт.

Насрин Сутуда, ҳомии ҳуқуқи башар ва Сиддиқа Васмоғӣ, донишманди исломӣ, бо нашри як паёми муштарак рӯзи якуми декабр аз қонуни ҳиҷоб дар Ҷумҳурии Исломӣ интиқод карда, онро амали “шармовар” ва “асримиёнагӣ” хонданд.

Қонуни нав ба ҳадде ҷанҷолбарангез шудааст, ки раисҷумҳури Эрон, Масъуд Пизишкиён, дар пахши мустақими телевизионӣ рӯзи 2-юми декабр гуфт, “иҷрои ин қонун осон нест.” Вай ҳамчунин ҷазои нав зидди касонеро, ки аз пӯшиши ҳиҷоб сарпечӣ мекунанд, зери суол гузошт. Бархе рӯҳониёни баландмақоми эронӣ ҳам аз пайомадҳои иҷрои ин қонун ҳушдор доданд.

Оятулло Мустафо Муҳаққиқ Домод рӯзи 2-юми декабр дар номае боз ба рӯҳониёни мақомдор навишт: “На танҳо бахши зиёди ин қонун қобили иҷро нест, балки он ба ҳадафҳои худ мухолифат мекунад ва сабаб мешавад, ки ҷавонон нисбати омӯзишҳои динӣ эҳсоси бадбинӣ пайдо кунанд.”

Се созмони маъруф дар изҳороти муштарак рӯзи 4-уми декабр гуфтанд, “ҳар қонуне, ки кишварро ба зиндони калон табдил медиҳад, бемантиқ аст.” Онҳо аз ҳукумат хостанд, ин тасмимро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG