Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҳукумати Тоҷикистон бояд фишори бештар оранд"


Жанна Кавелйе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 550 хабарнигор дар ҷаҳон зиндонӣ ҳастанд
Жанна Кавелйе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 550 хабарнигор дар ҷаҳон зиндонӣ ҳастанд

Шумораи рӯзноманигорони кушташуда ва зиндонӣ дар саросари ҷаҳон меафзояд. Онҳо бештар қурбонии низоъҳо мешаванд ва ранҷи ҳукуматҳои истибдодиро мекашанд. Тоҷикистон дар ин миён истисно нест.

Ба хабари “Гузоришгарони Бидуни Марз” (Reporters Without Borders) аз 12-уми декабр, дар соли 2024 дар гӯшаҳои ҷаҳон зиёда аз 50 рӯзноманигор кушта шудаанд. Аксаран ҳангоми иҷрои вазифа дар Ховари Миёна, Судон, Бирма ва Украина.

Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз”, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 550 хабарнигор дар ҷаҳон, аз ҷумла 8 нафар дар Тоҷикистон, зиндонӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми декабр аз Жанна Кавелйе пурсид, ки дар бораи вазъи рӯзноманигорону блогерони маҳбус дар Тоҷикистон чӣ медонад?

Жанна Кавелйе: “Дарёфти маълумот дар бораи онҳо, ки ба таври худсарона боздошт шуда буданд, бисёр мушкил аст. Вале мо дар бораи шароити бади зиндонҳо дар Тоҷикистон, утоқҳои аз меъёр пур, мушкили дастрасӣ ба об ва дур будани баъзе зиндонҳо аз маҳалли зисти хешовандон хабар дорем. Зиёда аз ин, медонем, ки рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номааш навишта буд, ки шиканҷа шуд. Мурофиаи сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Он гуна ки дар мисоли хабарнигорони дигар дидем, ӯ бар асоси иттиҳомҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон 74-сола шуд. Мо ҳамчунин аз сарнавишти Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Завқибек Саидаминӣ бисёр нигарон ҳастем.”

Радиои Озодӣ: Чаро, ба назари шумо, ҳукумати Тоҷикистон даъватҳои ҷомеаи байнулмилалиро барои озод кардани журналистон нодида мегирад?

Жанна Кавелйе: “Ҳукумати Тоҷикистон мисли режимҳои дигари истибдодӣ даъватҳои озод кардани онҳоро ҳамоно нодида мегирад. Фишори бештар зарур аст ва созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” парвандаи онҳоро ҳамеша расонаӣ мекунад. Соли 2024-ум 54 журналист ва кормандони матбуот кушта шуданд. Ҳадафи мо ин аст, ки ин ҷиноятҳо беҷазо намонанд. Мо бояд ба мардум бори дигар хотиррасон шавем, ки журналистон барои хабар додан дар бораи ҳодисаҳо кушта ё зиндонӣ шудаанд. Бефарқии ҷомеа боис ба беамалии ҳукумат мешавад."

Радиои Озодӣ: Соли 2024 вазъи журналистони дигар дар саросари ҷаҳон чӣ гуна буд, аз назари шумо?

Жанна Кавелйе: "Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз афзоиши ҳамла ба журналистонро бахусус дар минтақаҳои низоъ мушоҳида мекунад. Нисфи журналистон имсол дар майдони ҷанг кушта шуданд. Дар Ғазза, ки хатарноктарин нуқтаи ҷаҳон шудааст, дар панҷ соли охир шумори бештарини журналистон кушта шуданд. Ҳоло 550 журналист дар зиндон ҳастанд ва ин 7 дарсад бештар назар ба соли гузашта аст. “Гузоришгарони Бидуни Марз” барои дифоъ аз журналистон ва журналистика ба тадбирандешии сареъ даъват мекунад."

Нигаронӣ аз ҳоли хабарнигорони маҳбуси тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG