Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони тоҷик ҳам "Barbie"- po дӯст доштаанд...


Фулла "хоҳар"-и Барбист, ки дар Ховари Миёна ба дунё омад.
Фулла "хоҳар"-и Барбист, ки дар Ховари Миёна ба дунё омад.

Моҳи март ҷаҳон дар қатори ҷашнҳои дигар аз 50-солагии лӯхтаки машҳури Барбӣ низ таҷлил мекунад.

Барои баъзеҳо ин як ҷашни махсуса аст, барои онҳое, ки хотираҳои кӯдакияшон бо ин арӯсак пайванди ногусастанӣ доранд. Миллионҳо бону бо ин лӯхтак ба воя расиданд ва имрӯз вақте аксҳои Барбиро дар сафҳаи аввали рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои рангин мебинанд, беихтиёр ба гузаштаҳо дур бармегарданд. Иттифоқан, саргузашти худи ин лӯхтак низ чандон одӣ набудааст ва ба сари худ таърихе дорад.

Нависандаи саршиноси эрониасли Амрико, Пуручиста Хокпур, дар шумораи тозаи "Ню Йорк Таймс" менависад, то замоне ки Барбӣ
Духтарчаи бечораи тоҷик ду чӯбакро чалипо мекард ва аз он барои худ лӯхтаке месохт...
ба Эрон расид, модари ӯ дар Ҳамадони Эрон бо лӯхтакҳои сафолӣ бозӣ мекард. Ин арӯсак ном надошт ва ба ҷои либос танаашро рангу сайқал мепӯшонд, мижгон ҳам надошт ва гӯшворҳояшро иваз кардан номумкин буд. Агар аз дасти кас меафтод, маълум, ки мешикаст, зеро сафолӣ буд.

Дар ин давра духтарчаҳои тоҷик бо лӯхтакҳои содае бозӣ мекарданд, ки аз чӯбу латта ва ресмонҳои ранга сохта мешуд. Баъзеҳо онро такмил медоданд ва дастҳояшро аз чӯбакҳои дигаре сохтаву бо ресмонҳо метавонистанд, онҳоро ба ҷумбиш оранд.

Дар Русия матрёшкаҳои чӯбӣ маъруф буданд ва яке аз даруни дигаре берун омада, кӯдакро ба таҳайюр меоварданд.

Соҳибкорзани амрикоӣ, Рутс Ҳандлер, охири солҳои 1940-ум, вақте бозиҳои духтарчааш бо лӯхтакҳои коғазиро медид, дилаш мехост, дар ҷои онҳо лӯхтаке бошад, ки духтарчааш онро ҳамчун мавҷуди зинда бипазирад ва гоҳе агар онро фарзанди худ донад, гоҳе дугонаи хеш бишуморад. Соли 1956, вақте ки Рутс ба Аврупо сафар кард, дар Олмон лӯхтакеро дид, ки Билд Лилӣ ном дошта, бар пояи симои қаҳрамони ҳамноми комикс ё китобҳоҳои суратдор сохта шудааст. Вай чанд дона аз ин бозичаҳо харид ва ба Амрико баргашта, пас аз 3 сол Барбиро ба дунё овард.

Духтари як дипломати шӯравӣ мегӯяд, вақте падараш аз сафари хориҷӣ Барбиро ба Маскав овард, байни ӯ ва модараш моҷаро бархост, ки лӯхтак бояд моли кӣ бошад. Баҳс замоне ҳал шуд, ки падар дар сафари навбатияш боз як Барбӣ овард ва акнун модару духтар ҳар кадом лӯхтаки худро доштанд. Барбӣ ба ҳардуи онҳо барои он писанд буд, ки симо ва бадани занро таҷассум мекард.

20 сол пеш Барбӣ ва хонаи эрониҳо ворид шуд аммо меҳмонии Барбӣ ба хонаи тоҷикон каме тӯл кашид. Вай танҳо дар синни 45-
солагӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ва имрӯз вақте аз сардабири маҷаллаи кӯдакон "Чашма", Абдулвоҳиди Зевар мепурсем, ки бозичаи дӯстдоштаи духтарчаҳои тоҷик кадом аст, чунин мегӯяд: "Албатта, ин ҷо ҳам бачаҳо Барбиро дӯст медоранд, зеро чизи дигаре ба онҳо пешниҳод нашудааст. Ягон бозичаи миллӣ барои бачаҳо надорем. Духтарчаҳои бечораи тоҷик ду чӯбро ба ҳам чалипо карда, барои худ лӯхтак месохтанд, писарчаҳои бечораи тоҷик як химчаро савор шуда, асп гуфта, метозанд..."

Ҷаноби Зевар мегӯяд, талоше ҳам барои сохтани чунин бозича нест. Ба гуфтаи вай, Барбӣ метавонад, пайвандгари кӯдакони ҷаҳон бошад, аммо садҳо бозичаи дигаре ҳаст, ки масалан, бо сарулибоси низомӣ ва аслиҳаи хориҷӣ кӯдакони моро дар рӯҳияи камзарфӣ ва худкамбинӣ тарбия мекунад. Дар ин ришта, Тоҷикистон ҳатто аз ҳамсоягони худ, монанди Қазоқистону Узбакистон ва ё Қирғизистон ақиб мондааст. Дар Қазоқистон ба ғайр аз симоҳои миллии бозичаҳояшон духтарчаҳои хушлибосеро сохтаанд, ки бо номи духтари тоҷик Зебо ва духтари тоҷик Райҳон ба фурӯш мераванд.

Нависандаи эрониасли Амрико, Пуручиста Хокпур, мегӯяд, дар Эрон махсус бар зидди Барбӣ, арӯсакҳоеро бо номи Соро ва Доро сохтанд ва таблиғ мекунанд. Дар Арабистони Саъудӣ фурӯши Барбиро манъ карданд, дар бархе аз кишварҳои дигар ба он ҳиҷоб пӯшонданд. Моҳи апрели соли гузашта, додситони кулли Эрон, Қурбоналӣ Дуррии Наҷафободӣ ҳушдор дод, ки содир кардани Барбӣ ба Эрон пайомадҳои тахрибгаронаи фарҳангӣ дорад. Аммо дар бозори сиёҳ дар Эрон Барбиро мешавад, се баробар гаронтар харидорӣ кард. Хокпур мегӯяд, Барбӣ бартарии худро аз ҳукми олии Ҷумҳурии Исломӣ низ гузаронидааст.

Аммо чаро кӯдакон мафтуни Барбиянд? Абдулвоҳиди Зевар сардабири маҷаллаи кӯдакон "Чашма", мегӯяд: "Ба фикрам, барои он ки ин лӯхтак зебову ороста аст ва кӯдаконро ба худ ҷалб мекунад ва кӯдакон аз он меомӯзанд."

Барбии 50-сола, дарвоқеъ, ҳамоно нозанин аст ва бо гузашти солҳо соҳиби хонаи худ шуд, аввал якҳуҷрагӣ, сипас ду ва сеҳуҷрагӣ, соҳиби ошпазхона ва дегу коса, сагу гурба ҳазорон ҷуфт либосу пойафзол ва ғайра шудааст. Барбии имрӯза ҳатто телефони ҳамроҳе монанди I-Phone ва мошини "Ягуар" низ дорад.
XS
SM
MD
LG