Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони нав барои каниса дар Душанбе


Исҳоқ Иёшува, хохоми аъзами яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада
Исҳоқ Иёшува, хохоми аъзами яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада

Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада аз тақдим шудани бино дар маркази Душанбе барои канисои яҳудиён истиқбол намуданд.

Борис Қандов, президенти Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада ва Исҳоқ Иёшува, хохоми аъзами яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада ба радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин хабар хеле хушҳол аст. Ӯ гуфт, пас аз тахриби канисо ба сабаби бунёди Қасри миллат, онҳо борҳо бо раҳбарияти вазоратҳои зидахл ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи ҷудо кардани замин ва сохтмони бинои нави канисоро баррасӣ карда буданд. Дар аввал, барои канисо замин дар як канори шаҳр пешниҳод шуда буд, ки он яҳудиёнро қонеъ намекард, вале баъдан, ба гуфтаи оқои Қандов, раиси Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода зимни охирин боздидаш аз Ню-Йорк ба ӯ ваъда дода будааст, ки дар маркази шаҳр ҷой ҷудо мекунад.

Борис Қандов, президенти Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада
Борис Қандов ҳамчунин гуфт: “Ман омодаам ҳамроҳ бо Хохоми аъзами яҳудиҳои бухороии Амрико, ҳамроҳ бо ёварони худ ва собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ба маросими бозшавии расмии ин канисо ба Душанбе равам. Ин рӯйдод аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад. Ба ман аллакай сарватмандони ҷомеъаи мо аз Қазоқистон занг зада пурсиданд, ки оё бино ба таъмир ниёз дорад? Аммо ман ба онҳо ҷавоб додам, ки ҷаноби Асадуллозода ҳавлиеро аз маркази шаҳр барои мо харидорӣ намуд ва ман боварӣ дорам, ки он бино ба ягон таъмири ҷиддӣ ниёз нахоҳад дошт, танҳо баъзе тағйиротҳо ворид кардан лозим мешавад, ки ин бино ба вазифаҳои канисо ҷавобгӯ бошад. Яҳудиҳои бухороӣ дар замини Тоҷикистон ҳеҷ вақт худро бегона ҳис намекарданд ва халқи тоҷик ин як халқи меҳмондӯст ва пуртаҳаммул аст. Дар бораи ин иқдоми нек ман шахсан ба раҳбарияти ИМ, аъзои конгресс ва сенат иттило медиҳам. Ҷомеъаи мо дар Амрико нуфузи калон дорад ва мо акнун дар роҳи ҷонибдорӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон дар ИМ кӯшишҳоямонро дучанд мекунем.”
XS
SM
MD
LG