Ин манбаъ афзудааст, зимни талошии қочоқбари маводи мухаддир як туфангчаи «Макаров» бо ҳашт тир низ ба даст омад, ки рақамаш кӯр карда шудааст. Гуфта мешавад, таҳқиқи баллистикӣ ва трассологии тӯфангча нишон додааст, ки 24 марти соли 2007 аз тири щамин туфангча журналисти узбактабори вилояти Ӯш Алишер Соҳибов ба қатл расидааст.
Кумарбек Чолдонбоев, сухангӯи кумитаи назорат бар маводи мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон, перомуни ин қазия ба радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин таҳқиқ маълум кард, ки аз туфангчаи ба дастомада зимни занозанӣ дар назди клуби шабонаи шаҳри Бишкек тирпарронӣ сурат гирифтааст. Аммо ин иттилоъи дафтари матбуоти Кумитаи назорат бар маводи мухаддир ба изҳороти вазорати дохилаи кишвар, ки қаблан пахш шуда буд, зидду нақиз аст.
Ёдовар мешавем, вазорати дохилаи Қирғизистон зимни баррасии қазияи куштори журналист Алишер Соҳибов эълом дошта буд, ки қотил аз туфангчаи савғотии собиқ вазири хориҷа Аликбек Ҷекшенқулов истифода кардааст. Ин вазорати ҳамчунин исрор меварзид, ки дар назди клуби шабона низ маҳз аз туфангчаи марбут ба Аликбек Ҷекшенқулов тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи коршиносон, кумитаи назорат бар маводи маводи мухаддири ҷумҳурӣ бо дарёфти туфангчаи дуввум ҳалли чанд қазияро ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон ва раҳбари ҷунбиши иҷтимоии «Барои адолат», ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар куштори як соҳибкори туркӣ дар вилояти Таласи кишвараш гумонбар шудааст ва дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Бишкек ба сар мебарад. Вазорати дохилаи Қирғизистон дар ин маврид ягон вокуниш нишон надод.