Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гуфтугӯи "online"- и радиои "Озодӣ"


Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ҳангоми ширкат дар гуфтугӯи интернетӣ дар дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе, 17 июни соли 2009.
Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ҳангоми ширкат дар гуфтугӯи интернетӣ дар дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе, 17 июни соли 2009.

Даҳҳо нафар тавонистанд, дар ин сӯҳбат ба пурсишҳои худ дар бораи тазоҳуроти Лондон посухҳои дасти аввал бигиранд.

Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва Эраҷ Саодатсайров, ду тан аз созмондиҳандагони тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷик зидди афзоиши бегонаситезӣ дар Русия ва беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар, ки рӯзи 10-уми июн дар Лондон баргузор шуд, рӯйи хатти интернет бо хонандагони сомонаи радиои "Озодӣ" мулоқот карданд.

Эълони ин гуфтугӯ рӯзи 12-уми июн нашр шуда, аз он вақт шуморе аз пурсишҳо ба дасти мо расида буд, аммо мавҷи асосии суолҳо
Эраҷ Саодатсайров аз Лондон ба гуфтугӯ ҳамроҳ шуд.
ҳангоми васли мустақим ба амал омад.

Дар ҳоле ки Зуҳуршоҳ аз дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе бо кӯмаки ҳамкори мо Мирсайиди Султон ва Эраҷ аз манзилаш дар Лондон вориди гуфтугӯ бо хонандагон шуданд, пурсишҳо аз шаҳрҳои гуногун ба "Майдони баҳс" мерасиданд ва ба бархе аз онҳо ҳарду донишҷӯ ҳамзамон посух медоданд.

Ба сурати умум наздик ба 60 пурсиш ворид шуд, ки 10-11-тои онҳо бо сабаби ихтилофашон ба қоидаҳои баҳс канор гузошта шуданд ва ба саволҳои боқимонда посух дода шуд.

Дареғомез буд, ки пурсишҳои бархе аз хонандагони сомона ба одитарин меъёрҳои одоб ҷавобгӯ набуд ва бархи дигар ҳарчанд мояи суолашон муҳим буд, онро бо эҳсосот, гумону тахмин, пешдоварӣ ва ҳатто бадбинию тӯҳмат омезиш дода, фиристода буданд.

Табиатан, мо аз чунин лаҳни сӯҳбат парҳез мекунем ва омода нестем, ингуна лаҳнро ба меҳмонони интернетии худ пешниҳод кунем. Умедворем, дар оянда ин душвориҳо бартараф хоҳанд шуд.

Аммо қатъан бояд гуфт, чунин лаҳну шева ҳаргиз ба ин сомона роҳ нахоҳад ёфт.

Як мушкили фаннӣ дар оғози кор пеш омад. Гоҳе дар нашр шудани ин саволу ҷавоб таъхири замонӣ ба миён омад, вале ба сурати куллӣ ҳама чиз ҳамвор ҷараён гирифт. Бо сабаби набудани ҳуруфи вижаи тоҷикӣ бархе аз посухҳо бе ин ҳарфҳо нашр шудаанд.

Ба ҳар сурат, нахустин таҷрибаи мо комёбона буд ва дар оянда идома хоҳад кард. Ба зудӣ хабар медиҳем, ки ҳамсӯҳбатони навбатии мо киҳо хоҳанд буд ва ҳамаи Шуморо дар сӯҳбати нав бесаброна интизор хоҳем буд.
XS
SM
MD
LG