Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ?


Дабири кулли НАТО эҳтимоли гузаштани Толибонро аз марзҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.

Ин изҳороти Яап де Ҳуп Схеффер дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимоли сирояти ошӯби тундгароёни мазҳабӣ изҳори нигаронӣ кардаанд ва коршиносон бархе аз рӯйдодҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аломати чунин фароянд шумурдаанд.

Дар ҳамин ҳол изҳороти нави мақомоти Афғонистон, ки гуфтаанд, афроди Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ба
"Вақте мо заминро аз зери пои онҳо ҳарчи бештар берун мекашем, онҳо маҷбур ба ҷойҳои дигар хоҳанд рафт. Агар онҳо барои анҷоми харобкориҳои худ марзи давлатҳои Осиёи Марказиро убур кунанд, НАТО эҳтимолан нахоҳад тавонист, аз ин пешгирӣ кунад." ...
шимоли Афғонистон кӯчида, дар ин минтақа Толибону ал- Қоъида низ пойгоҳҳои махфии худро доштаанд, нигарониҳоро бештар кардааст.

Тозатарин хабарҳо аз шимоли Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хушоянд нестанд. Сокинони чанд вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистону Узбакистон ва ҳатто Туркманистон имрӯзҳо ба кӯҳҳои асроромези сарҳалқаи Ҳиндукуш менигаранд ва андешаи онҳо хотираҳои солҳои 2000 ё 2001-ро зиндаву дилашон ноором мекунад.

Ҳамзамон волиёни ду вилояти шимолии Афғонистон аз ҷамъомади гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар қаламравҳо зери раҳбарии худ дар Форёб ва Ҷузҷон хабар додаанд ва бархе аз аъзои порлумони афғон ҳушдор додаанд, ки бо вуҷуди оромии зоҳирӣ чанд минтақаи шимолии Афғонистон мумкин аст, суқут кунанд.

Волии Ҷузҷон, Муҳаммадҳошими Зореъ ба радиои "Озодӣ" гуфт, афзоиши афроди ситезаҷӯй дар ин минтақа, на танҳо ба шиддат ёфтани фишор ба онҳо дар дигар манотиқ аст, бакли ҳамчунин бо ҳадафи ҷалби нерӯҳои байнулмилалӣ ба гӯшаҳои дигари кишвар ва баҳам задани интихоботи президентии Афғонистон амалӣ мегардад.

Волии вилояти ба Ҷузҷон ҳаммарзи Форёб, Абдулҳаққи Шафақ, мегӯяд, пойгоҳҳои ал-Қоъида, Толибон ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар кӯҳҳои байни ду вилоят аз замони ҳокими ин минтақа будани намояндаи Толибон, Мулло Нодир боқӣ мондаанд.

Мавҷудияти чунин пойгоҳҳои деринаро ва на танҳо дар Форёбу Ҷузҷон, балки ҳамчунин дар Куҳандиз ё вилояти Кундуз фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар шимол, генерал Муроди Алимурод низ тасдиқ кард ва афзуд, онҳо дар ин ҷо пойгоҳҳои қавӣ доштанд ва бо аҳолии маҳаллӣ низ пайвандҳое пайдо карда буданд. Биноан, бозгашт ба ин манотиқ барояшон осон хоҳад буд.

Иттилои бештар имрӯзҳо дар ҷараёни сафари фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, генерали амрикоӣ, Стенлӣ Маккристал ошкор ва озмоиш мешавад. Вай дар силсиласафаре ба шимол бо мақомоти ҳарбӣ ва мулкии ин манотиқ мулоқот мекунад, то муайян шавад, ки вазъ дар кадоме онҳо осебпазиртар аст.

Маккристал амниятро дар вилоятҳои шимол хуб мешуморад, вале меафзояд, ситезаҷӯён метавонанд, дар ин минтақа бахшҳои хурдеро ишғол ва амниятро халалдор кунанд.

Аммо Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер, мегӯяд, бо афзоиши фишори ҳарбӣ ба гурӯҳҳои ошӯбгар дар Афғонистон, мумкин аст, онҳо марзро убур кунанд ва ба кишварҳои ҳамҷавор ворид шаванд. "Вақте мо заминро аз зери пои онҳо ҳарчи бештар берун мекашем, онҳо маҷбур ба ҷойҳои дигар хоҳанд рафт. Агар онҳо барои анҷоми харобкориҳои худ марзи давлатҳои Осиёи Марказиро убур кунанд, НАТО эҳтимолан нахоҳад тавонист, аз ин пешгирӣ кунад."

Дар ин байн, воқеъан аз худи ин давлатҳо хабарҳои нигаронкунанда мерасад. Чунончи, рӯзи сешанбеи гузашта дар як даргирӣ дар Қирғизистон 5 узви эҳтимолии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон кушта шудаанд. Ин даргирӣ як моҳ пас аз таркишу тирандозиҳо дар Андиҷони Узбакистон ва овозаҳои вуруди афроди бегонаи мусаллаҳ ба Тавилдара ва Сағирдашти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Аммо Ник Пат, коршинос аз Маркази аврпуоии пажӯҳишҳои амниятии бан номи Ҷорҷ Маршал мегӯяд, мақсади гурӯҳҳои ситезаҷӯй аз таҷаммӯъ дар шимоли Афғонистон ноором кардани вазъ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ нест.


Пат мегӯяд: "Ман фикр намекунам, ки ин таҳдид ба Осиёи Марказист, балки танҳо ба Афғонистон аст. Таҷаммӯъи Толибон дар шимол бо ҳадафи ҳамла ба нерӯҳои байнулмилалист, махсусан ба дастаҳои бозсозии олмонӣ. Онҳо медонанд, ки талафот додан барои олмониҳо хеле дарднок аст ва ин ба масал, як ҷойи нозуки эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон аст."

Дар ҳамин ҳол дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер, дар Остонаи Қазоқистон гуфт, ба ҳар сурат бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ ин омодагиро дошта бошанд, ки ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ба вазъи онҳо низ таъсир хоҳад дошт, аз терроризм гирифта, то қочоқи маводи мухаддир.
XS
SM
MD
LG