Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Барак Обама ба сарони Русия


Дар дувумин рӯзи сафараш дар Маскав, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар як паёми муфассал вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои Амрико ва Русияро баррасӣ кард.

Вай Русияро як оғози нави рӯ ба коршарикӣ даъват намуд.

ОЯНДАБИНИИ ОБАМА

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар паёми худ ба шебу фарози муносибатҳои Амрико ва Русия дар гузашта иқрор кард, вале гуфт, набояд чунин рақобат ба таври ҷовидона бетағйир ва ҳамчун қазои сарнавишт гурезнопазир бошад. Вай ояндаи наверо пешниҳод кард, ки дар он робитаҳои наздиктар мояи амният ва комгории тарафайн бошад. Ҳамзамон иқрор кард, ки ин як кори душвор хоҳад буд.

"Ин кори саҳл нахоҳад буд. Шикастани одату қолабҳое, ки ҳукуматҳо ва девонсолорони мо даҳсолаҳо миёни ду рақиб сайқал додаанд, хеле сахт аст, вале ман бовар дорам, ки дар масъалаҳои бунёдии қарни мо амрикоиҳо ва русҳо ба ташкили заминаи ҳамкориҳо манфиатдоранд."


Обама ба нақл аз президенти собиқи Амрико, Ҷон Кеннедӣ гуфт, "ҳеҷ кишваре монанди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум машаққати зиёд накашидааст" ва бояд ба ин таърих арҷ гузошт. Вай афзуд, хостори Русияи қавӣ ва сарзинда аст.

МОНЕАҲОИ БУНЁДӢ


Бо вуҷуди он ки коршиносон ба имзо шудани ҳашт созишнома ва махсусан ёддошти тафоҳум дар мавриди коҳиши захираҳои силоҳи ҳастаии ду ҷониб таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, боқӣ мондани ихтилофоти муҳим байни Вошингтону Маскавро аз монеаҳои ҷиддии нармиши равобит ва густариши ҳамкорӣ мешуморанд. Русия мухолифи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупост ва мегӯяд, таъсиси ин шабака амнияти онро осебпазир хоҳад кард.

Обама гуфт, ин мухолифатро дарк мекунад, вале ба сарони Русия таъкид кардааст, ки ин тарҳ вокунише ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз Эрон аст. "Аммо агар таҳдидҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон аз байн равад, ангезаҳои дифоъи зиддимушакӣ дар Аврупо низ аз байн хоҳад рафт ва ин ба сулди тарафайн хоҳад буд."

Иёлоти Муттаҳида дар навбати худ ба нақши Маскав дар Гурҷистон мухолиф аст ва хостори ин аст, ки истиқлолияту тамомияти арзии Гурҷистон муроот шавад. Аз моҳи августи соли 2008 дар фарҷоми як ҷанги панҷрӯза Русия нерӯҳои худро дар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон мустақар кардаст. Маскав ба узвияти ин кишвар ва Украин дар Паймони Атлантики Шимолӣ мухолиф аст.

Ба ақидаи аксари коршиносон дар дидору гуфтушунидҳои Маскав ҳалле барои ин ихтилофот ба даст наомадааст.

НАЗДИК БА ТОҶИКИСТОН

Аммо ҳатто худи Обама ба ризоияти Русия дар интиқоли нерӯ ва муҳимоти ҷангии Амрико ба Афғонистон аз тариқи қаламрави Русия арҷ гузошт ва онро саҳми муҳиме дар мубориза бо терроризм номид. Вай дар паёмаш ба Русия гуфт:

"На Амрико ва на Русия манфиатдор нестанд, ки дар Афғонистон ё Покистон толибҳо ҳоким шаванд. Ин фурсатест барои ҳамкорӣ ба хотири ояндаи дигар, ояндае, ки мо дар он Бозии Бузург ва низоъи имрӯзаро паси сар гузорем, ба хотири ояндае, ки мо ҳама дар амнияти Осиёи Марказӣ саҳм бигирем."

Обама гуфт, бар замми он ки ҷаҳони муосир дорои хатарноктарин силоҳ аст, арсаи дувуми манфиатҳои асосии миллии Амрико мунзавӣ кардан ва шикат додани тундгароёни ситезаҷӯст. "Солҳост, ал Қоида ва шарикони он дини мубини сулҳу адолатро бо куштори бераҳмонаи мардону занон ва кӯдакони ҳамаи миллатҳову боварҳо доғдор карданд." Дасти онҳо ба хуни амрикоиҳо ҳам олудааст, русҳо низ. "Онҳо дар фикри қатли мардуми бештаранд ва аз паногоҳи амни худ барои тамрину амал баҳра мебаранд, махусан дар масири марзи Покистону Афғонистон."

ЭРОН, КОРЕЯИ ШИМОЛӢ

Вале ҳамкории асосиро ба Русия Обама дар талошҳои зидди густариши силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо тундгароӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ пешниҳод кард. Вай гуфт, на Амрико ва на Русия аз сабқати нави таслиҳотӣ дар Осиёи Дур ва Ховари Миёна фоида нахоҳанд дид ва биноан бояд муштаракан аз талошҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва Эрон пешгирӣ кунанд. Обама изҳори қаноатмандӣ кард, ки президент Медведев дар ин бобат бо ӯ ҳамақида шудааст.

РАВОБИТИ ШАХСӢ

Нозирон ташаккули робитаҳои ҳасанаи инсонӣ миёни Обама ва Медведевро яке аз дастовардҳои сафари Обама номидаанд. Вале бархе аз онҳо тамаркузи президенти Амрико ба Медведевро як иштибоҳ меноманд ва мегӯянд, беҳтар буд, агар ӯ ба сарвазир Путин тамаркуз мекард, зеро ба гуфтаи онҳо хӯҷаини аслии Русия Путин аст, на Медедев.

"МАРДИ РӮЗ"

Пеш аз оғози сафар, Обама ишораи танқидие ба унвони Путин фиристода буд, ки бо як пояш дар гузашта аст ва бо сабки давраи ҷанги сард амал мекунад. Пас аз субҳонаи муштарак бо Путин як намояндаи аршади ҳукумати Амрико гуфт, Обама тағйири ақида кард ва Путин "марди рӯз" аст ва "ба оянда менигарад."

ИНТИҚОД

Ҳарчанд Обама ин бор дар паёми асосияш танқиди мустақиме ба унвони Кремл нафиристод, бархе аз порчаҳои ин паём ба шиорҳои мухолифони давлати Русия ҳамоҳанг буд. Вай фасодро ҳамчун як падидаи ҳамарӯза ва сӯзонандаи пояҳои давлат ҳадаф қарор дод ва гуфт, давлат бояд марзҳои байнулмилалӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон ва волоияти қонунро эътироф кунад. Амрико бенуқс нест, гуфт Обама, аммо низоми сиёсии он ба занон ва гурӯҳҳои дигар имкон медиҳад, ба ҳуқуқҳои баробар талош кунанд, матбуоти озод фасодро фош мекунад ва интихоботи борақобат масъулияти раҳбаронро таъмин менамояд.

Ҳукуматҳое, ки ба мардуми худ хидмат мекунанд, наҷот меёбанд ва мешукуфанд, аммо ҳукуматҳое, ки танҳо барои қудрати худ вуҷуд доранд, беҳосиланд.

Паёми Обама дар Донишгоҳи Иқтисодиёти Нави Маскав бо таъхир сар шуд, зеро дидораш бо Путин зиёда аз нақша ба дарозо кашид.

ПАСГУФТОР


Дар ин байн коршиносон ба натиҷаҳои мулоқоти дирӯзаи Обама ва ҳамтои руси ӯ, Дмитрий Медведев, вокуниши гуногун нишон медиҳанд. Бархе аз онҳо имзо шудани созишномаи коҳиши силоҳи ҳастаии ду кишвар ва иҷозаи Маскавро ба транзити нерӯву муҳимоти ҷангии Амрико ба Афғонистон аз қаламрави Русия дастовардҳои муҳим мешуморанд. Вале як қисми таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди ин созишҳо пешрафти ҷиддие дар муносибатҳои байни Вошингтон ва Маскав ба вуқӯъ напайваст.

Чанде аз коршиносон чи дар Амрико ва чи дар Русия мегӯянд, ихтилофоти асосии ду тараф дар масъалаҳои сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо ва муносибати Амрико ба Гурҷистону Украин ё узвияти эҳтимолии ин ду кишвари Шӯравии собиқ дар Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамоно боқӣ мондаанд ва ба табиати равобити байни Амрикову Русия таъсири ҳалкунанда дошта метавонанд.

Обама ва Медведев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00
XS
SM
MD
LG