Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргармии президентҳо. Асптозӣ ё шатранҷи сиёсӣ?


Дар ду ҳафтаи оянда президентҳои чанд кишвар мумкин аст, сиёсатҳои дарозмуддати ҳукуматҳои худро роҳандозӣ кунанд.

Ба даъвати раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ки ҳамаи президентҳои ҷомеаи кишварҳои ҳамсудро ба тамошои сабқати асптозӣ дар Маскав хондааст, ҳамтоёни ӯ аз Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Молдова посухи мусбат доданд, вале президентҳои Узбакистон ва Қирғизистон дар ин дидори ғайриодӣ ширкат нахоҳанд кард.
Дар ҳамин мулоқотҳои пойтахти Тоҷикистон ва дар Қирғизистон, ба эҳтимоли зиёд мавзеъгирии Русия ошкор хоҳад шуд, ба камияш дар ин бобат, ки муносибатҳояшро бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар оянда чӣ гуна ба роҳ хоҳад монд...

Қирғизистон гирифтори интихобот аст, вале Ислом Каримов, президенти Узбакистон гуфтааст, омада наметавонад. Раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз аспбозони ашадӣ ба шумор меравад, низ ба Маскав сафар нахоҳад кард.

Нашрияҳои Русия мулоқоти 18-уми июл дар аспрези Маскавро нишасти президентҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ наномиданд, вале ишора карданд, ин талошест, барои дар ҳамон ҳоли сакароти чандинсола нигоҳ доштани иттиҳоди мазкур.

Ҳамзамон дар мизи мудаввари Думаи давлатии Русия вазъи ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ шуда, масъули ин ниҳод дар порлумони Русия, Константин Затулин фалаҷии иттиҳодро ба рӯҳияи пас аз ҷанги Гурҷистону бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон бастагӣ дод,

Затулин гуфт, "ҷомеаи давлатҳои муштаракулманофеъ то замоне вуҷуд хоҳад дошт, ки Русия ба он манфиатдор бошад ва агар Русия чунин манфиатро аз даст диҳад, ин ҷомеа гумон аст, вуҷуд дошта тавонад."

Ҷаноби Затулин тазодеро кашф кард, ки агар ҷанги Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта кишварҳои узвро аз иттиҳоди хеш як андоза дилсард карда бошад, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон баракс кишварҳои бенаворо ба мадади кишварҳои доро, аз ҷумла мӯҳтоҷ гардонд ва ба Русия дилгарм кард.

Аксари таҳлилгарон бар инанд, ки пас аз ҷанги Гурҷистон ва фишори Ғарб ба Русия Маскав ҳамеша талош кардааст, камбуди равобит ва эҳтиромро аз ҳисоби шариконаш дар қаламрави пасошӯравӣ такмил кунад. Аммо ин коршиносон мулоқоти ипподромии Маскавро камаҳамият меноманд ва интизориҳои бузурге аз он надоранд.

Ба фарқ аз ин сафари президент Медведев ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи июл ва аввали август ба Душанбе ва Бишкекро тақрибан сарнавиштсоз унвон мекунанд. Қарор аст, дар Душанбе вохӯрии чаҳорҷонибаи президентҳои Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба вуқӯъ пайвандад.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, омодагиҳо ба ин мулоқот бо суръат ва вусъат идома доранд. Чаҳор президент роҳҳои пайванди шабакаҳои барқи чаҳор кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин Медведев якҷо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи пурраи нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" ширкат хоҳад кард.

Узви Шӯрои коршиносони хабаргузории РИА "Новости" дар Маскав, Санавбар Шерматова бар ин аст, ки ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Қирғизистон бархе аз интихобҳои муҳими Русия рӯшан хоҳад шуд. Ба ақидаи ӯ, интихоби аввал байни ду масъала хоҳад буд, яке таҳкими нуфузи ҳарбию сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ аз тариқи таъсиси маркази нерӯҳои вокуниши сареъ ва дигаре таҳкими нуфуз аз роҳи иқтисодиёт бо сармоягузорӣ дар тарҳҳои обу барқи ду кишвари минтақа.

Хонуми Шерматова бар ин аст, ки дар Тоҷикистон эҳтимолан шароити ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар ин кишвар ва сарнавишти фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ дар як банд бо сармоягузорӣ ба эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ баррасӣ шаванд. Аммо интихоби асосӣ ин хоҳад буд, ки Русия то куҷо ба мавзеъгирии Узбакистон нигоҳ хоҳад кард.

Хонуми Санавбар мегӯяд, "дар ҳамин мулоқотҳои пойтахти Тоҷикистон ва дар Қирғизистон, ба эҳтимоли зиёд мавзеъгирии Русия ошкор хоҳад шуд, ба камияш дар ин бобат, ки муносибатҳояшро бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар оянда чӣ гуна ба роҳ хоҳад монд."

Ба ақидаи ин коршинос, Маскав интихоби кам дорад. Ё бояд бе таваҷҷӯҳе ба норозигии Тошканд аз таъсиси пойгоҳи нав дар Қирғизистон ва сармоягузорӣ ба тарҳҳои обу энержии минтақа, дигар пурра ба Тоҷикистон ва Қирғизистон такия кунад ва ё бояд ба хотири, ба истилоҳ, "аз даст надодани Узбакистон" ба бозиҳои сиёсӣ идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG