Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти "Шер"-и Сенати Амрико


Cенатор Эдвард Кеннедӣ
Cенатор Эдвард Кеннедӣ

Дар Амрико Эдвард Кеннедӣ, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои сенати Иёлоти Муттаҳида дар синни 77-солагӣ аз саратони мағз даргузашт.

Вай охирин намояндаи сулолаи бародарони машҳури Кеннедӣ буд, ки дар бораашон мегуфтанд, барои ҳукумат кардан ба дунё омадаанд.

Яке аз ин бародарон, Ҷон Кеннедӣ раисиҷумҳури Амрико шуд, вале дар як сӯиқасд ба ҳалокат расид. Эдвард низ камол ёфт ва солҳои дароз яке аз раҳбарони саҳнаи сиёсии Амрико буд.

ДОДАРИ ҶОН ВА РОБЕРТ

Сенатор Эдвард Кеннедӣ, хурдтарини се бародар, ки дуи онҳо даъвои сарварии Амрикоро доштанду яке аз онҳо ба курсии президентӣ ҳам нишаста буд ва ҳардуи аввал дар сӯиқасд ба зарби гулӯла кушта шудаанд, дар синни 77-солагӣ аз саратони мағз даргузашт.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, ки яке аз он бародарон, Ҷон Кеннедӣ, намунаи ибраташ будааст, мегӯяд, хабари марги Эдвард ӯро дилшикаста кард. Дар паёми худ ба мардуми Амрико дар ин пайвванд Обама гуфт, бо даргузашти Эдвард Кеннедӣ "як марҳилаи муҳим"-и таърихи Иёлоти Муттаҳида ба поён расид. Кишвар аз як раҳбари кабире маҳрум шуд, ки кори нотамоми бародарони худро идома медод.

ВОКУНИШҲО

Марги Эдвард Кеннедиро матбуоти Амрико "поёни сулола" ва авлодии сершумори кеннедиҳо "даргузашти бобокалон" ва "фурӯпошии меҳвари оила" номиданд.

Дар ҳоле ки Ҷон Кеннедӣ барои амрикоиҳо беҳтарин тимсоли як президенти маҳбуб ба шумор меравад ва бародари миёнаи ӯ, Роберт Кеннедӣ пас аз пирӯзии ибтидоӣ барои пешбарӣ шуданаш ба мақоми президент дар соли 1968 кушта шуд, Эдвард дар зинаҳои мансабу мақоми расмӣ аз сенатор боло нарафт, аммо тайи даҳсолаҳои узвият дар Сенат ба маротиб бузургтар аз як сенатор буд.

Ҳолноманависони ӯ мегӯянд, Эдвард низ метавонист, президенти Амрико шавад. Аммо як воқеаи нохуш симои ахлоқии ӯро ҷовидона доғдор кард.

ДОҒИ НОШУСТАНӢ

Дар соли 1969, сeнатори ҷавони Массачусетс аз саҳнаи як садамаи роҳ фирор кард ва духтари ҷавоне, ки дар ин сонеҳа захмӣ гашта буд, ба ҳалокат расид. Додгоҳ Эдвардро ба мӯҳлати шартии зиндон маҳкум кард.

Соли баъдӣ вай ба осонӣ тавонист, боз ба Сенат интихоб шавад, аммо ба сусттарин занҷираи бародарони саршиноси Кеннедӣ табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи таҳлилгарон, Эдвард ҳамоно дорои ҷазабаи хонаводагии кеннедиҳо буд, ҳарчанд камтар аз Ҷон ва Роберт.

ПУЛИ БАЙНИ ДУ ҲИЗБ

Дар тамоми қонунҳое, ки даҳсолаҳои ахир дар Конгресси Амрико ба тасвиб расидаанд, нақши Кеннедӣ ҳаст. Дар ҳоле ки ӯро демократтарини демократҳо меномиданд, касе буд, ки ба осонӣ метавонист, бо рақибони ҷумҳурихоҳ забон ёбад ва пули миёни ду ҳизб бошад.

Вай нотиқи оташсухан буд. Ҳангоми шикасташ дар Анҷумани миллии Ҳизби демократ барои пешбарӣ ба номзадии ҳизбӣ дар интихоботи президентии соли 1980 гуфт: "Ба хотири ҳамаи онҳое, ки ғами онҳо ғами мост, кор идома хоҳад кард, вазифа иҷро хоҳад шуд, умед зинда хоҳад монд ва орзу ҳаргиз нахоҳад мурд."

Дар он анҷуман Ҷиммӣ Картер номзад шуд, аммо Кеннедӣ абадан дар хотираҳо нақш баст.

Картер дар рӯзи марги Кеннедӣ мегӯяд: "Вай саромади ҳамаи аъзои Сенати мо ва Конгресси Иёлоти Муттаҳида буд. Вай қотеъ ва ростқавлу боз буд ва метавонист хеле хуб назарашро ба мардуми Амрико баён дорад. Умеди ман ин аст, ки садоқати қавии ӯ ба тарҳи бимаи беҳдошт аз тарафи муосирону шариконаш дар ояндаи наздик гиромӣ дошта хоҳад шуд."

Тарҳи бимаи беҳдошт барои тамоми амрикоиҳо аз охирин талошҳои қонунгузории Эдвард Кеннедӣ буд, ки ҳамроҳ бо президент Обама бо тамоми нерӯ аз он ҳимоят мекунад.

НУТҚҲОИ ТАЪРИХӢ

Аксари суханрониҳои Эдвард Кеннедӣ ҳамчун беҳтарин намунаҳои нутқ ва мантиқи мутақоидкунанда дар донишгоҳҳои Амрико омӯхта мешаванд. Ҳарфи Эдвард сангин буд ва тамкину бовари ӯ шунавандаро зери таъсир мегирифт.

Пуштибонии Кеннедӣ аз номзадии Барак Обама ба мақоми президенти Амрико, ки аз аввалин маҳфилҳои таблиғотии Обама сар шуда буд, ба ақидаи бисёриҳо, сарнавишти сабқати Обама ва Клинтон -- ду номзади Ҳизби демократро ҳал кард.

Дар оғози соли 2008 Кеннедӣ дар раҳпаймоии Обама чунин гуфта буд: "Ман фахр мекунам, ки дар паҳлуи ӯ истода, кӯмакамро ба ӯ пешниҳод мекунам, нидо ва нерӯи худро низ. Таваққӯъи ман ин аст, ки Обамаро ба президенти нави Иёлоти Муттаҳида табдил диҳам."

"ШЕВА"-И ЗИНДАГӢ

Эдвард Кеннедӣ мегуфт, "сиёсат ин хидмат ба мардум аст ва хидмат ба мардум наметавонад шуғл, мансаб ё вазифа бошад. Ин шеваи зиндагист бо истифода аз беҳтарин мероси маънавии гузашта."

Раҳбари аксарияти Сенати Амрико, Ҳаррӣ Рейд, гуфт, акнун пур кардани ҷои холишудаи "Шери Сенат" осон нахоҳад буд ва шояд зуҳури шахсияти нодире чун Эдвард Кеннедӣ дигар номумкин ҳам бошад.

Ҳанӯз вақти зинда буданаш Кеннедӣ хоҳиш мекард, азбаски бемор аст, аз ҳоло ҷойгузини ӯ дар Сенат ҷустуҷӯ ва омода шавад.
XS
SM
MD
LG