Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқилов дар нишасти об ва Наврӯзи СММ


Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба хотири ширкат дар муколамаи СММ вобаста ба масоили об дар шаҳри Ню Йорк ба сар мебарад ва дар ҷашни Наврӯз дар СММ ширкат хоҳад кард.

Нишасти мазкур имрӯз дар мақари СММ оғоз мегардад ва дар он бо ширкати сарони кишварҳо, раҳбарони ҳукуматҳо ва вазирони кишварҳои узви СММ захоири об ва аҳамияти он барои рушди давлатҳо, ҳифзи сарватҳои обӣ ва муҳити зист мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар нақшаи сафари Оқил Оқилов ширкат дар се мизи муддавар «Об ва татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола», «Таъсири тағйири иқлим ба захоири об» ва «Об ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ» тарҳрезӣ шудааст.

Оқил Оқилов, баъд аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кори муколамаи сатҳи олӣ дар робита ба масоили об бо раиси Маҷмаи умумии СММ Алӣ Абдусалам Тарикӣ, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Ша Тсуканг, муовини раҳбари Барномаи рушди СММ хонум Ребека Гринспан ва мудири Хазинаи кӯдакони СММ, хонум Анн Венеман мулоқот хоҳад кард.

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо бахшида ба даҳсолаи об ва Рӯзи байналмилалии об ширкат карда ва суханронӣ хоҳад кард.

Зиёфати наврӯзии Оқилов дар СММ

Нахуствазири Тоҷикистон дар мақари СММ ба муносибати Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба татбиқи даҳсолаи об ва Рӯзи байналмилалии Наврӯз зиёфати расмӣ хоҳад дод.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Сироҷиддин Аслов дар ин бора гуфт: “Азбаски сафари мазкур бо Наврӯз рост меояд, Намояндагии доимии Тоҷикистон баргузор намудани як қатор чорабиниҳоро бахшида ба ин ҷашн дар СММ ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла 22 март дар қароргоҳи СММ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байнал милалии Наврӯз зиёфати расмӣ ороста хоҳад шуд, ки дар он намояндагони ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, роҳбарияти мақомоти гуногуни СММ ва меҳмонони дигар иштирок мекунанд. Дар ин маросим ҳунармандони тоҷик оҳангҳои миллии наврӯзиро иҷро мекунанд, барои меҳмонон дастархони наврӯзӣ ва «ҳафт син» пешкаш хоҳад шуд“.

Тавре ҷаноби Аслов иттило дод, дар зиёфтаи мазкур хонандаи шашмақом Шавкат Бадалов ва композитор Алишер Латифзода ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ин ҳунармандони тоҷикистонӣ дер боз дар Амрико ба сар мебаранд ва мегӯянд, ки бо фарорасии Нарвӯзи ҳуҷастапай ёди ватан боз ҳам сахтар шуда, дилашон муштоқи кӯҳу сабзаи Тоҷикистон мешавад.

Шавкат Бадалов ба радиёи Озодӣ гуфт: “Бале, барои меҳмонони азиз ду суруд иҷро хоҳам кард яке “ушоқи Самарқанд” ва дигаре “модар”. Ман аз фурсат истифода бурда, тамоми меҳмонон ва тоҷикистониҳоро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯям.”

Соли 2009 Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаеро дар бораи барномаи даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои ҳаёт» қабул карда буд, ки тибқи он, моҳи июни 2010 дар шаҳри Душанбе як конфронси байналмилалие роҷеъ ба ин мавзӯъ баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, аввоили моҳи апрел дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба Тоҷикистон сафар карда, ҳамзамон бо баррасии масоили ҳамкориҳо бо Тоҷикистон масъалаи баргузории ин конфронси байналмилалӣ таҳти сарпарастии СММ-ро матраҳ созад.
XS
SM
MD
LG