Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ дар остонаи "инқилобҳои рангӣ"?


Сабаби асосии ошубҳои ахири Қирғизистон хешутаборбозӣ ва фасод дар ҳукумат унвон мешавад, дар ҳоле, ки ҳардуи ин падида дар тамоми кишварҳои минтақа ба як раванди маъмулӣ табдил ёфтааст.

Дар Осиёи Маркази, ба истиснои Туркманистон, ки дар он сиёсати қабилавӣ ҳукумфармост, аъзои оилаҳои президентҳо корхонаву ширкатҳои бузургтарин ва бонкҳоро идора мекунанд ва ба сиёсати ҳукумат таъсирӣ бениҳоят бузург доранд.

Зиндагии "шоҳзодаҳо"

Дар Узбакистон Гулнора Каримоваро ҷойнишини потенсиалии падараш Ислом Каримов меҳисобанд. Духтари бузурги президенти Узбакистон дар Аврупо зиндагии пурайшу ишратро ба сар мебарад. Вай дизайнери мӯд аст ва ҳамзамон раҳбари ширкати “Зеромакс” мебошад, ки хариду фуруши нафту гази Узбакистонро идора мекунад.

Дар Қазоқистон духтари президент Назарбоев Динора Қулибоева низ ба корхонаҳо ва ширкатҳои энержии ин кишвари саршор аз захоири энержӣ нуфузи беандоза дорад. Шавҳараш Тимур Қулибоев яке аз доротарин ашхоси кишвар маҳсуб мешавад.

Дар Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент Эмомали Раҳмон, ба тозагӣ фаъолияти сиёсиашро бо касби курсии вакили шӯрои пойтахт оғоз кард. Баъзе таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки вайро барои раёсатҷумҳурии оянда омода мекунанд.

Ошуби қирғизҳо ва таъсири он ба минтақа

Чанд ҳафта қабл аз шӯриши Қирғизистон, норозигии мардум аз амалкарди оилаи президент Боқиев афзоиш ёфта буд. Аҳолии Қирғизистон мегуфтаанд, ки нуфузу сармояи оилаи президент дар натиҷаи фасод ба даст омадааст ва аммо аҳолии боқимонда дар қашшоқӣ ба сар мебарад.

Вазъи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон фарқе надорад. Шаҳрвандони ин кишварҳо бар ин ақидаанд, ки мақомот онҳоро бар ҳоли худашон гузоштаанд ва акнун онҳо худашон маҷбуранд бар зидди бекорӣ, нодорӣ ва адами имконоти зиндагии хуб мубориза баранд.

Дар бисери таҳлилҳое, ки баъд аз ошӯбҳои Қирғизистон ба нашр расид пешгӯӣ мешавад, ки имкон дорад ба қарибӣ дар Узбакистону Тоҷикистон ва боқии Осиёи Марказӣ мардум бар муқобили раҳбаронашон эътироз кунанд.

Заъфпазирии низомҳои Осиёи Марказӣ

Дар матлабе, ки дар сомонаи Eurasia.net 21 апрел чоп шудааст, омадааст, ки “камбизоатӣ, фасод ва шароитҳои сангини иқтисодӣ, ки сабаби хашми мардуми Қирғизистон шудааст, дар кишварҳои ҳамсоя низ фаровон аст. Ҳеҷ кадом аз раҳбарони Осиёи Марказӣ наметавонад мутмаин бошад, ки ошубҳои ҳамсон дар кишвараш ба амал намеояд.”

Аммо мавҷуд будани падидаҳои ҳамсон дар дигар кишварҳои ҳамсоя маънои онро надорад, ки дар он кишварҳо натиҷаҳо низ ҳамсон хоҳанд буд.

Дар Қирғизистон аломатҳои пайдоиши демократия мушоҳида мешуд. Масалан ҳизби мухолиф дар порлумон фраксияи худро дошт. Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъ тамоман дигар аст.

Яккатозии раҳбарон ва аҳзоби ҳоким

Порлумони Узбакистон масалан зери идораи ҳизби ҳоким ва дигар аҳзоби тарафдори давлат аст. Дар Туркманистон танҳо як ҳизб мавҷуд аст. Дар Қазоқистон ҳизби ҳокими “Отан” тамоми курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар порлумони кишвар ҳамагӣ ду нафар намояндагӣ мекунанд.

Сабур Ваҳоб, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар тафовут аз Қирғизистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шахсиятҳои бонуфузи мухолиф вуҷуд надоранд.

Илова бар ин бо вуҷуди он, ки солҳои охир Боқиев барои фурӯнишонии матбуоти мустақил ва боздошти мухолифин иқдом карда буд, Қирғизистон ягона кишвари минтақа буд, ки мардумаш метавонист ба як навъ озодӣ эътирозҳои зидди ҳукуматӣ доир кунад.

Фишору таъқиби мухолифин

Ҳукуматҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маҳдудсозии озодиҳои сиёсӣ ва таъқиби мухолифин мавриди интиқод қарор доранд.

Узбакистон яке аз намунаи чунин бархурди сахтгирона мебошад. Соли 2005 эътирози мардум дар шаҳри Андиҷон аз ҷониби кормандони интизомӣ бераҳмона пахш шуда буд. Ҳукумат мегӯяд, ки дар натиҷаи ошубҳои Андиҷон 187 нафар бо шумули кормандони полис кушта шуд, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар иддао доранд, ки шумораи кушташудагон чандсад нафарро ташкил дод.

Фарқи дигари кишварҳои минтақа аз Қирғизистон боз дар он аст ки аксарияти раҳбарони Осиёи Марказӣ ба мақомҳои муҳими давлатӣ, назири вазорати дифоъ, амният ва корҳои дохилӣ, ашхоси бисёр наздикашонро таъин мекунанд. Дар чунин вазоратҳо ҳатто дар вазифаҳои сатҳи миёна нафарони бовафо ва содиқро ҷойгир мекунанд.

Вокуниши ҳамсояҳо ба таҳаввулоти Қирғизистон

Матбуоти кишварҳои минтақа кӯшиш кард, дар бораи ҳаводиси Қирғизистон бисёр кам нақл кунад. Матбуоти Туркманистон дар ин бора тамоман гузориш надод. То айни замон ягон кишвари Осиёи Марказӣ ҳукумати муваққатии Бишкекро ба расмият нашинохтааст.

Аммо ин маънои онро надорад, ки ин ҳодисаҳо таваҷҷӯҳи мақомдорони ин кишварҳоро ҷалб накардааст. Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, масалан гуфт, ки дар кишвараш чунин ҳодисаҳо ҳеҷ гоҳ рух намедиҳад, чунки мардум аз зиндагиашон розианд.

Президенти Тоҷикистон ахиран ба раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ супориш дод, ки ҳар шанбе бо мардум вохурда, шикояту мушкилиҳои онҳоро бифаҳманд.

Посухи Узбакистон тамоман дигар буд. Тибқи гузоришҳо, кормандони амниятӣ дар минтақаҳои ҷанубу шарқии вилояти Фарғона аз мардум талаб мекунанд, то зери ба ном “номаҳои эътиқод” имзо гузоранд ва ваъда диҳанд, ки бар муқобили давлат таблиғ намекунанд.

Таърих нишон медиҳад, ки шонси содироти руҳияи инқилобӣ дар аксар аз муваффақияти инқилоб ва тағйироти воқеии демократӣ вобаста аст.
XS
SM
MD
LG