Баъд аз салом ба самъи шумо мерасонам, ки ман аз аввали омўзиши касби худ, устодонамро ҳурмат мекардам, зеро агар иззати онҳоро надорӣ ва ҳаққашонро сари вақт надиҳӣ, даррав қабратро бо дасти худат мекананду, боз ба хона хати сиёҳ равон мекунанд, ки: «Айби худаш шуд»...
Барои ҳамин ҳам ман қонуншиканӣ намекардам ва ҳаққи милиса, раиси бозор ва шефҳоямро дар вақт – вақташ медодам. Ҳатто ҳаққи баъзеашонро пешакӣ, яъне ҳоло надуздида медодам. Бинобар ин милиса маро ҳурмат мекард. Баробари ягон «кори калон»-ро ба анҷом расондан аз ҳама пеш даҳ фоизашро ба калонҳои устодонам мефиристодам. Қисса кўтоҳ, милиса аз тартиби ману ман аз бетартибии бозор хеле розӣ будем. Вале... вале, ба наздикӣ воқеае руй дод, ки тамоми орзўҳои маро барбод дод.
Ба бозор мардаки ҷомапўше ҳамроҳи зану духтараш омада, рўбоҳи бо харакӣ вахўрдагӣ барин, аз ман!.. (Омади кора дидӣ, ота?!) аз ман ҷои тиллофурўшонро пурсид. Ман ҳам аз дили соф ба вай ёрӣ доданӣ шуда, зуд ҷебакҳояшро тоза кардам. То ки бечора саргардон шуда нагардад. Аммо вай... вай некии маро дуруст нафаҳмид. Охир ман аз куҷо медонистам, ки вай милисаи либоси ода... вай, тоҷикӣ пўшидагӣ будааст?..
Дар милисахона, тамоми кормандон, маро «нағз» пешвоз гирифта, бисёр «хуш» пази... пази... руфтанд... пазируфтанд ва баробари аз дар зада... дароварданам, - «Ваҳ-ваҳ, хуш омадӣ!»- гўён сару рўямро хеле «меҳрубонона» сила карданд. Дуру дароз, аз таҳти дил «сила» карданд.
Дар натиҷаи сила маълум шуд, ки ду – се қабурғаи ман аз бачагӣ нодуруст ҷойгир шуда будааст. Онҳоро ба воситаи дубинка зуд ба ҷояшон шинонданд. Тамоми либосҳоям, алалхусус киссаҳоямро нағз тоза карда доданд. Баъд барои маро сила ва киссаҳо... яъне, либосҳоямро тоза кардан ба ман ҷарима андохтанд...
Маблағи ҷаримаи онҳо фармударо ман ҳамон вақт пардохт карда метавонам, ки агар як ҳафта аз саҳар то маҳкам шудани бозор, киссаи тамоми мардуми ба ин маркази калонтарини савдои пойтахти ватанамон меомадагиро, беист, якто намонда, холӣ кунам.
Дар милисахона ба ман бо «нағзӣ» фаҳмонданд, ки агар пули ҷаримаро ҳарчӣ тезтар дуздида... ёфта, ба онҳо насупорам, маро аз пештара дида, бештар «меҳрубонӣ ва сила» мекунанд...
Вақте, ки ба «ҷои кори» пештараам, ба бозор омадам, маълум шуд, ки устодонам ба ҷои ман шогирди нав гирифтаанд. Ба ман гуфтанд, ки агар пул дошта бошам, аз онҳо ҷои пештараамро харида метавонам. Вале нархе, ки онҳо ба як ҷой мондаанд, аз нархи ҷаримаи милиса зиёдтар аст. Боз маро «дилсўзона» огоҳ карданд: агар то ёфтани пул, дар бозор ба чашми онҳо намоям, умуман... шатта хўрданам мумкин...
Ҳоло ҳайрон мондаам. Агар ба ягон кори ҳалол даст занам, ин қадар пулро аз куҷо меёбам?.. Ё ба кори автобусҳо гузарам? Лекин бо ин суръате, ки автобусҳо ҳаракат мекунанд, ҳозир танҳо оне савор мешавад, ки худаш аз киссаи худаш чизе ёфта наметавонад ё дафтарчаи нафақа дорад. Аз дуздидани ин дафтарча чӣ фоида? Дигарон охирин сумашонро дода бо тангемча мераванд. Ба ҳар ҳол вай тезтар меравад. Лекин ин тангемчаи зормонда, он қадар танг аст, ки аз киссаи худат чизе дуздида наметавонӣ...
Отаҷон, ҳамон хари нокорӣ, чи лозим? Шукр ман ҳастам-ку... Оё беҳтар нест, ки ин хари нодаркор ва ду бузи муфтхўрро фурўхта, пулашро ба ман равон кунед. Ман бо он пул ҷои кори пештараамро харида гираму, пас аз таъмири қабурғаҳоям, бо ғайрати тамом ба кандани қарзҳоям шурўъ намоям?
Хайр, гапи ман бо ҳамин тамом. Ман суханро ба забони ширини шумоён (тую очам) дода, худам бесаброна мунтазири расидани пули хар мешавам. Ба очам гўй, ки ман то дами пулгирӣ, ҷойҳои аз силаи чўбдасти милиса сиёҳшудаи танаамро муолиҷа мекунам.
PS. Воқеан, пулро бо дасти писари ҳамсоя равон накунед, чунки вай ҳам донишкадаро кайҳо партофту ҳоло дар «мактаби бозорӣ» - и мо мехонад. Тамом.