Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тавони ба истифода додани ду агрегати "Роғун"-ро дорем"


Мақомот гуфтаанд, ки кишвар тавони молии сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду агрегати "Роғун"-ро дорад.

Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли РО, ки ба чӣ далел дар чанд соли ахир муддати ба истифода додани ду агрегати "Роғун" ба баъд мавкул мешавад, гуфт: «Ҳозир нисбати ду агрегати аввал ҳамаи маблағҳо дар Тоҷикистон ҳаст. Ҳам маблағи
Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон

ҷамъкардагӣ аз тарафи мардум, ҳам маблағҳои будҷаӣ. Мо метавонем ин ду агрегатро ба кор андозем, аммо ягона монеа он аст, ки мо хулосаи мусбии экспертизаи байналмилалиро дар даст надорем.»

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳиддинов, ахиран дар Қазоқистон ин мавзӯъ бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя баррасӣ шуд.

Ва қарор аст дар моҳи августи соли ҷорӣ натиҷаи экспертизаи фаннӣ-иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ дар Душанбе баррасӣ шавад. Ҳамин, ки ин натиҷа ба даст омад ва Бонки Ҷаҳонӣ иҷозат дод, корҳои сохтмониву васлу насби агрегатҳо шурӯъ мешавад.

ТАРҲИ ЧАҲОР НЕРӮГОҲИ МИЁНАТАВОН

Муовини вазир афзуд, ки ҷуз ин ду агрегати Роғун, чаҳор тарҳи сохтмони нерӯгоҳи обӣ- барқии миёнатавон низ дар дасти иҷро қарор дорад.

Пӯлод Муҳиддинов гуфт, ки барномаи пешакии фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи «Фондарё» дар шимоли кишвар рӯзи 21-уми уми июл баррасӣ шуд.

Вай гуфт, ин нерӯгоҳ 160 меговатт тавоноӣ хоҳад дошт ва дар музоида ширкати олмонии «Фихнер» баранда шудааст.

Ҷаноби Муҳиддинов гуфт: «Ҳазинаи сохтмони ин нерӯгоҳ ҳудуди 150 миллион доллар аст. Аз ин 75 миллиони онро Ташкилоти молии ҷаҳонӣ ва 75 миллиони боқимондаро ширкат саҳҳоми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» пардохт хоҳад кард, ки дар он 75 дарсад Русия саҳм дорад ва 25 дарсад Тоҷикистон. Агар маблағ нарасад, Бонки Евро-Осияёӣ қавл додааст, ки кӯмак хоҳад кард.»

Ин дар ҳолест, ки ҳамин бонк барои тарҳрезии барномаи сохтмони нерӯгоҳи "Фондарё" грант низ ихтисос додааст.

Ҷаноби Муҳиддинов гуфт, ки масъалаи сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" бо Эрон тавофуқ шудааст ва тарҳи фаннӣ ва иқтисодии ин нерӯгоҳ низ аз сӯи мутахассисони эронӣ ба поён мерасад. Вай дар бораи маблағи сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ гуфт: «Сарчашмаи мабағгузориаш ба тарзи қарзи бебозгашт ҳал шудааст нисбат ба ин лоиҳа.»

Муовини вазир гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод»-ро ширкати канадаӣ ба дӯш гирифтааст ва дар рӯзҳои наздик барои баррасии ин тарҳ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Тарҳи чаҳорум ба гуфтаи муовини вазир, сохтмони нерӯгоҳи «Шӯроб» дар поёноби нерӯгоҳи Роғун аст, ки тарҳи фаннӣ ва иқтисодии онро Маркази тарроҳии «Нурофар» ба анҷом расонидааст.

БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини вазир, дар ҳоли ҳозир хатти интиқоли барқи 220 киловолти аз Тоҷикистон ба Афғонистон то шаҳри Қундузи ин кишвар мавриди истифода қарор дорад ва Тоҷикистон тасмим дорад дар моҳи август то сентябри соли ҷорӣ ба Афғонистон дар ҳудуди 150 мегаватт нерӯи барқ бифурӯшад.

Вай гуфт, ин муомила танҳо ба хотири аз даст надодани бозори энержӣ дар Афғонистон ва оянда дар Покистону Ҳинд аст.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир як киловат нерӯи барқро ба Афғонистон дар ҳудуди 3,5 сенти амрикоӣ мефурӯшад. Дар ҳоле, ки Афғонистон як киловат соат нерӯи барқи Узбакистонро ба қимати 7,5 сенти амрикоӣ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG