Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ҳафтуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Узбакистон


Тими мунтахаби Тоҷикистон
Тими мунтахаби Тоҷикистон

Имрӯз ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба анҷом мерасад.

Дар ин ҷамъомад таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков 23 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ширкат доранд: дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов, Владимир Сисоев (ҳарду -“Регар-ТадАЗ”), ҳимоятгарон -Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров, Умед Ҳабибуллоев, Одил Эргашев (ҳама – "Истиқлол"), Сафаралӣ Каримов, Фаррух Чориев (ҳарду - “Регар-ТадАЗ”), нимҳимоятгарон - Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳама - “Истиқлол”), Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов (“Равшан”), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”), Юсуф Рабиев ва Фарҳод Тоҳиров (ҳарду -“Истиқлол”).

Футболбозони тоҷик бегоҳи 30-юми август аз шаҳри Хуҷанд тавассути ҳавопаймо ба Душанбе меоянд ва 31-уми август, дар Иди Рамазон, истироҳат мекунанд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии аввали даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Узбакистон, ки 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода соати 16-у 30 дақиқа шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад. Бозии Тоҷикистону Узбакистонро гурӯҳи ҳакамон аз Чин доварӣ мекунад. Хай Тан - сардовар, Юксин Му ва Жиге Су - ёварони сардовар, Лианг Жао - довари эҳтиётӣ таъйин шудаанд. Онҳо рӯзи 31-уми август ба Душанбе меоянд. Муҳаммад Ризо Касроии эронӣ, комиссари бозӣ, бошад, имрӯз -- 30-юми август вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ҳайати варзишии Узбакистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри махсус рӯзи 1-уми сентябр соати 16 дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Варзишгоҳи "Металлург" барои баргузории бозӣ комилан омода аст. Бар асоси муқаррароти ФИФА тамошои бозӣ пулакӣ буда, нархи билетҳо аз 5 то 10 сомонӣ аст."

Дастаи мунтахаби Узбакистон
Ба ҳайати пешакии дастаи мунтахаби Узбакистон бо раҳбарии Вадим Абрамов инҳо дохиланд: дарвозабонҳо - Игнатий Нестеров (1983, «Бунёдкор»), Темур Ҷӯраев (1984, «Пахтакор»), ҳимоятгарон - Шавкат Муллоҷонов (1986 «Ал-Аҳлӣ, Қатар), Виктор Карпенко (1977, «Бунёдкор»), Ислом Тухтахоҷаев (1989, «Нефтчӣ»), Анзур Исмоилов (1985, «Чанчун Ятай», Чин), Акбар Исматуллоев (1991, «Пахтакор»), Салим Мустафоев (1991, «Динамо», Самарқанд), Виталий Денисов (1987, «Днепр», Укроин), нимҳимоятгарон - Сарвар Ҷабборов (1982, «Ал-Шабоб», Арабистони Саудӣ), Одил Аҳмадов (1987, «Анжи»), Санҷар Турсунов (1986, «Волга»), Темур Кападзе (1981, «Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), Азиз Ҳайдаров (1985, «Ал-Шабоб, ИМА), Вагиз Галиулин (1987, «Сибир»), Станислав Андреев (1988, «Пахтакор»), Лутфулло Тӯраев (1988, «Насаф»), Фозил Мӯсоев (1989, «Насаф»), Ҷасур Ҳасанов (1989, КВ «Қатар»), Дилшод Раҳматуллоев (1989, «Олмалиқ»), Ҷавлон Иброҳимов (1990, «Бунёдкор»), Олег Зотеев (1989, Олмалиқ), ҳамлагарон - Александр Гейнрих, (1984, «Сувон», Кореяи Ҷанубӣ), Максим Шатских (1978, «Арсенал, Киев), Улуғбек Бақоев (1977, «Жетису»), Марат Бикмаев (1986, «Алания», Баҳодур Насимов (1987, «Нефтчӣ», Озарбойҷон), Александр Шадрин (1988, «Навбаҳор»).

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистон аз соли 1992 то инҷониб ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом додаанд. Дар як дидор футболбозони тоҷик, дар 2 бозӣ футболбозони узбак ғолиб омадаанд ва 3 бозӣ мусовӣ шудааст. Таносуби тӯбҳо низ ба фоидаи мунтахаби Узбакистон (12-8) мебошад.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

Ҷоми Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон – Узбакистон – 2:2

Голҳо: Мӯҳсин Муҳаммадиев, 72, 86 – Шквирин, 72, Абдуллоев, 86 аз пеналти.

17.06.1992. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6000 тамошогар.

Мусобиқаи байналмилалӣ

Узбакистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Шашков, 25 (0:1), Черевченко, 36 ба дарвозаи худ (1:1).

17.04.1994. Тошканд. Варзишгоҳи марказии «Пахтакор». 25000 тамошогар.

Ҷоми Осиё-1996. Сабқати интихобӣ

Тоҷикистон – Узбакистон – 4:0

Голҳо: Ҳаким Фузайлов, 3, аз пеналти, Алиёр Ашӯрмамадов, 65, 67, Арсен Аваков, 87.

08.05. 1996. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 20000 тамошогар.

Узбакистон – Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Қосимов, 4 аз пеналти (1:0). Андреев, 8 (2:0). Қосимов, 33 аз пеналти (3:0). Шквирин, 72 (4:0). Мӯсобоев, 95 (5:0).

19.06.1996. Тошканд. Варзишгоҳи марказии «Пахтакор». 15 000 тамошогар.

Ҷоми Осиё-2004. Сабқати интихобӣ

Узбакистон – Тоҷикистон – 0:0

10.11.2003. Тошканд.

Тоҷикистон – Узбакистон - 1:4

Голҳо: Бурҳонов, 65 – Шишелов, 8, 36. Кападзе, 50. Кошелев, 61.
17.11.2003. Бангкок (Тайланд)
.
Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 11 зина поин афтид ва дар ҷойи 153-юм қарор дорад. Мунтахаби Узбакистон бошад, як зина боло шуд - 82-юм.
XS
SM
MD
LG