Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори сафорати ИМА дар Кобул таркиш рӯй дод


Таркиш дар канори сафорати ИМА дар маркази Кобул боиси ҷароҳат бардоштани се нафар шудааст.

Хабаргузории чинии Синхуа бо такя ба гуфтаҳои шоҳиди ҳодиса Абдулло Шоҳ навиштааст, бар асари таркиш, ки дар шарқи майдони ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд чанд мағозаи гирду атроф ҳам хароб шуда, тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ фурӯ рехтанд.

Кормандони ҳифзи тартибот се нафари маҷрӯҳро ба наздиктарин беморситон интиқол додаанд. Муовини сухангӯи вазорати умури дохилиии Афғонистон Наҷиб Дониш гуфтааст, маводи тарканда дар мошин ҷойгузорӣ шуда буд ва афроди ҷароҳатбардошта дар дохили он мошин буданд.

Манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки мошини тарконидашуда мансуб ба вазорати дифои Афғонистон буд ва дар наздикиҳои бинои Додгоҳи олии Афғонистон ва сафорати ИМА истода буд.

Полис атрофи ҷойи таркишро печонида гирифтааст.

Таркишҳо дар Кобул моҳҳои ахир афзоиш ёфтаанд. Пурқурбонитарини таркишҳо бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар гирдиҳамоии "Ҷунбиши рӯшноӣ" дар мавзеъи Деҳмазанг дар моҳи гузашта буд. Дар ин таркиш, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияташро ба дӯш гирифт, 80 нафар кушта ва тақрибан 230 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

"Ҷунбиши рӯшноӣ" пеш аз зуҳри рӯзи шанбеи 23-юми июл таҳозуроти худро дар Кобул оғоз кард, ки дар он ҳазорон нафар ширкат доштанд. Онҳо дар эътироз ба интиқоли хатти 500 киловатаи барқи Туркманистон аз роҳи Соланг даст ба тазоҳурот заданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, миёни тазоҳургарон ҷавонон, занон ва мӯйсафедон низ буданд. Эътирозгарон талаб доштанд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Эътирозгарон дар назди Донишгоҳи Кобул гирдиҳам омадаанд ва он аз маҳали биноҳои ҳукуматӣ чанд километр дуртар аст. Онҳо парчамҳои Афғонистон дар даст “Адолат”, “Адолат” ва “Марг бар табъиз” шиор медоданд.

Масъулияти таркишҳо ахир дар Афғонистонро таври маъмул ҷунбиши «Толибон» ва гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш мегиранд.

XS
SM
MD
LG