Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Ванҷ – Ҳалокати 4 нафар дар дарёи Язғулом. САДО


Дар пайи сарозер шудани як мошини тамғаи “Жигули 06” ба дарёи Язғуломи ноҳияи Ванҷ чаҳор сокини минтақа ҷон бохтаанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса нимарӯзи 6-уми август дар миёни рустои Андармағ ва Жамаги ҷамоати Язғулом рух дода, то кунун ҷасади танҳо як нафари онҳо, ронанда Маҳбубшоҳ Амоншоеви 47-сола, ёфт шудааст.

Рӯзи 7 август вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки фоҷеа дар натиҷаи аз баландии 100-метрии кӯҳ сарозер шудани санг ва бархӯрди он бо мошин рух дод. Гурӯҳи наҷотбахшон ҷустуҷӯи се ҷасади дигарро идома медиҳанд.

Маҳбубшоҳ чанде пеш мошини нави "Старекс" оварда буд. Онро дар хона гузошта, бо Жигули ба роҳ баромадаанд.

Ҷумъабой Азораев, яке аз хешовандони Маҳбубшоҳ, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи ҷасади се нафари дигар аз тарафи мақомот ва мардум идома дорад. "Ҳамин чанд лаҳза пеш ҷасади Маҳбубшоҳро ёфта овардем. Аз дигарон ҳанӯз ному нишоне нест", - гуфт ӯ.

Акси Толиббек Ғиёсов, яке аз қурбониёни садамаи рӯзи 6-уми август дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ
Акси Толиббек Ғиёсов, яке аз қурбониёни садамаи рӯзи 6-уми август дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ

Мусоҳиби мо афзуд, ин чаҳор нафар барои фотиҳахонӣ ба рустои Жамаги ноҳияи Ванҷ мерафтанд, ки ба садама дучор шудаанд. Ӯ гуфт, "ҳодиса соати ёздаҳуними рӯзи якшанбе рух додааст. Вале азбаски касе шоҳид набуд, мардум дер хабардор шуданд. Як нафар ҳангоми аз роҳ гузаштан мошини чаппашударо дида, дарҳол дигаронро огоҳ кардааст. Сипас мардуми зиёд ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо пардохтанд", - гуфт Азораев.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00
Линки мустақим

Аз се нафари дигар Назруллоҳ Ноибов (соли таваллуд 1967), Имоммаҳмад Имомов (соли таваллуд 1968) ва Толиббек Ғиёсов (соли таваллуд 1993) ном бурда мешавад.

Ҷумъабой Азораев мегӯяд, ин афрод савори мошине ба роҳ баромадаанд, ки солҳо боз истифода намешуд ва ҳатто ба ҳаракат дароварданаш ба мушкил сурат гирифтааст. "Маҳбубшоҳ чанде пеш мошини нави "Старекс" оварда буд. Онро дар хона гузошта, бо Жигули ба роҳ баромадаанд. Кӣ медонад, ки дар роҳ чӣ иттифоқ афтод?”, - суол гузошт ӯ.

Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа ҷузъиёти бештар надода, гуфтанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ба қавли онҳо ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад.

Рӯзи 16-уми июл бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон се нафар ғарқ шуданд ва то ҷасади онҳо пайдо нашудааст.

Охири моҳи июли имсол дар пайи чаппа шудани як мошин ба рӯди Ванҷоб ду нафар ҷон бохт. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он вақт гуфтанд, ки ҳодиса бегоҳи 28-уми июл иттифоқ афтода, яке аз мусофирон сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ буд. Дар ин ҳодиса ронанда ва як мусофири 28-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Аз он пеш, рӯзи 16-уми июл бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон капитани Вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев ва сокини 10-солаи ноҳияи Дарвоз ва Фирӯза Акобирова ғарқ шуданд. Ҷасади ин се нафар то ҳол пайдо нашудааст.

XS
SM
MD
LG