Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ёвари президент аз зиёиёни тоҷик. "Бо номи худ нависед, то "фермаи ҷавоб" нагӯянд"


Абдуҷаббор Раҳмонзода
Абдуҷаббор Раҳмонзода

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз кори зиёиён норозигӣ кард, ки барои посух гуфтан ба мунтақидони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд. Ӯ дар як нишасте дар Душанбе гуфтааст, "аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро "фермаи ҷавоб" омода кардааст."

Ин аз мавридҳои камшуморе аст, ки аз забони як мансабдори баландпояи тоҷик ибораи "фермаи ҷавоб" садо медиҳад. Коршиносон мегӯянд, изҳороти ёвари президент як навъ посух ба интиқодҳо дар бораи "фабрикаи ҷавоб" аст.

"Дастуре нест, фикри шахсиамро гуфтам"

Изҳороти баҳсбарангези Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи “фермаи ҷавоб” рӯзи 3-юми март дар мизи гирде дар идораи рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” садо додааст, вале баъди як ҳафта ҷузъиёти он нашр шуд.

Рӯшанфикри аслӣ шахси озодандеш аст. Вай бояд тарафи ягон ҳизбу ҳукумат ё мухолиф набошад. Бояд танҳо тарафи манфиати миллат бошад, чунки ҳукуматҳо омада мераванд, миллатҳо мемонанд.
Парвиз Муллоҷонов

Ба навиштаи “Ҷумҳурият”, ёвари раиси ҷумҳур гуфтааст, назарҳои манфӣ дар бораи кори ҳукумат ва президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, аммо “зиёиёни миллат, рӯзноманигорон, он тавре ки зарур аст, дар ин ҳолатҳо фаъол нестанд.”

“Солҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ ба зидди Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд. Албатта, онҳо манбаи маблағгузорӣ доранд ва барои ин маблағҳои ҳангуфт ҷудо мегардад, аммо журналистони мо дар ҷавоб хомӯшанд. Вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд”, -- гуфтааст Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ҳарчанд ёвари президент аз ҳеч шабакае ном набурдааст, зоҳиран манзур аз "шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ" бештар мухолифони сиёсии ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин фикри шахсиаш аст ва дар ин замина ягон дастур нест. Раҳмонзода аз ин бештар суҳбат накард, ҳарчанд аз ӯ пурсидем, баъзе аз коршиносон изҳороташро дастуре медонанд, ки як бахши ҷомеаро ба зидди бахши дигараш дар ҷанги лафзӣ медарорад.

Чаро бо номи худашон наменависанд?

Даъватҳои посух додани зиёиён ба мухолифони ҳукумат дар Аврупо то ин дам аз сӯйи масъулини Академияи илмҳо ва Маркази тадқиқоти стратегӣ борҳо садо додаанд. Аз ҷумла, Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, ахиран бо нашри матлабе аз бетарафии зиёиён дар баробари мухолифони ҳукумат интиқод карда буд.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, чунин даъват аз зиёиён ё рӯшанфикрон нодуруст аст, ҳарчанд нафароне ҳастанд, ки чунин даъватҳоро дуруст мехонанд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, рӯшанфикри асил шахси озодандеш аст ва набояд вобастаи ҳеч тарафе бошад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Касе, ки пурра тарафдори ҳукумат ва зидди мухолифон буд, фикру назари худро чанд бор баён кард. Дигарон хомӯшанд, чун намехоҳанд, онҳоро лаганбардор ё хушомадгӯ бигӯянд. Рӯшанфикри аслӣ шахси озодандеш аст. Вай бояд тарафи ягон ҳизбу ҳукумат ё мухолиф набошад. Бояд танҳо тарафи манфиати миллат бошад, чунки ҳукуматҳо омада мераванд, миллатҳо мемонанд", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо бархе дигар бо ин ҳарфҳо розӣ нестанд. Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР”, борҳо аз зиёиён танқид кардааст, ки дар паси номҳои мустаор пинҳон мешаванд. Рӯзноманигори тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “даъвати Абдуҷаббор Раҳмонзода дуруст аст, чун инсон набояд дугона бошад.”

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

“Он нафароне ки бо номи худ ҳарф намезананд, ду хиёнат мекунанд. Ҳам хиёнат ба ин давлат ва ҳам хиёнат ба он давлат. Набояд ҷамъият чунин бошад, ки фикр кунанд, мо ҳамин ҳарфҳоро мегӯем, аммо бо забони дигарон”, -- афзуд Сайёфи Мизроб.

Дар ин миён баъзе дигар аз коршиносон гуфтанд, изҳороти ёвари раиси ҷумҳур як навъ посух ба интиқодҳо дар бораи “фабрикаи ҷавоб” ё “фермаи ҷавоб” аст.

Ба таъкиди коршинос Абдумалик Қодиров, мақомот акнун мехоҳанд собит кунанд, ки саҳифаҳои тарафдор аз ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ на марбут ба кормандони ниҳодҳои махсус, балки аз мардум аст. Аз сӯйи дигар мегӯяд ӯ, даъвати Абдуҷаббор Раҳмонзода ба бархе мунтақидони ҳукумат ҳам рабт дорад, ки бо номи худашон танқид кунанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Бо ин вазъ таҳлилгарон мегӯянд, изҳороти Абдуҷаббор Раҳмонзода барои посух додан ба мунтақидони ҳукумат метавонад, чандин пайомад дошта бошад.

Муҳимтарин пайомади он, ба таъкиди коршинос Абдумалик Қодиров, бештар шудани маводи зидди мухолифон дар расонаҳои расмӣ бо зикри ному насаб аст.

“Фабрика" ё “Фермаи ҷавоб" чист?

Зикри номи “фермаи ҷавоб” аз сӯи як мақоми баландпоя агарчӣ ҳарфи нав аст, баҳсҳо атрофи мавҷудияти чунин чизе дар Тоҷикистон пештар низ буд.

“Фермаи ҷавоб” ё “Фабрикаи ҷавоб” номи рамзии гурӯҳҳоест, ки барои беобрӯ кардани шахсу гурӯҳ ё созмонҳое бо номи мустаор мақола ва шарҳҳои фармоишӣ менависанд. Тарзи кори ин саҳифаҳои мустаор чунин аст, ки алайҳи мухолифон, рӯзноманигорони мустақил ё расонае маъракаи бадномкуниеро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла, ин саҳифаҳо бе ягон ҳукми додгоҳ, шахси муқобилашонро ба “хиёнат ба ватан” ва “муздурии кишварҳои берунӣ” муттаҳам мекунанд. Ба тарзи таҳқиромез тасвир кардани акси ҷониби муқобил аз шеваҳои дигари кори “фабрикаи ҷавоб” аст.

Мухолифон борҳо ҳукуматро ба он муттаҳам кардаанд, ки даҳҳо нафарро маҷбур мекунад, бо номҳои мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мухолифон ҳамла кунанд. Мақомот ҳамеша мавҷудияти “фабрикаи ҷавоб”-ро рад карда гуфтаанд, баръакс, мухолифон бо номҳои мустаор ҳукуматро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекунанд.

Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар соли 2019 маълум карда буд, ки кормандони давлатӣ, бахусус устодони донишгоҳҳоро маҷбур мекунанд, бо номҳои мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи мухолифони ҳукумат нависанд. Ҳарчанд Радиои Озодӣ дар ин замина чанд мактуби Вазорати маорифро ба ниҳодҳои зертобеъ дарёфт карда буд, масъулини ин ниҳод ҷалб шудани кормандони соҳаи маорифро ба ҳама гуна “фабрикаи ҷавоб” рад карда буданд.

Агар то ду-се соли пеш аксаран мухолифон ҳадафи ҳамлаи саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб” қарор мегирифтанд, пас, соли гузашта бархе расона ва рӯзноманигорони мустақил ҳам ба як маъракаи бадномкунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз ҷумла, соли гузашта алайҳи рӯзноманигори мустақил Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи бадномкунӣ сурат гирифт.

Саҳифаҳое, ки ба “фабрикаи ҷавоб” нисбат дода мешаванд, баъд аз нашри хабари фавти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишонаҳои коронавирус, чунин маъракаи бадномкуниро ба зидди Радиои Озодӣ низ роҳандозӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG