Додгоҳе дар Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар марги варзишгари рус Сергей Чуев айбдор шуда буданд, аз чаҳор то ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав рӯзи 29-ми июн содир кардааст.
Ҷумъа Сафаров, падари Фаридун Сафаров яке аз маҳкумшудаҳо рӯзи 2-ми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав рӯзи панҷшанбе дар мурофиаи ниҳоӣ писари ӯ Фаридун Сафаровро ба ҳафтунимсоли зиндон маҳкум кард. Вай гуфт, ду нафари дигар чорсолӣ ва 3 нафари боқӣ чорунимсолӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҷумъа Сафаров афзуд, аз ҳукми содиркардаи догоҳ розӣ нест, ҳоло бо вакили дифоъ машварат дорад ва ният доранд аз болои ҳукми додгоҳи Зюзино ба зинаҳои болии додгоҳҳои Русия шикоят баранд. Фаридун Сафаров, бо моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия- “Амале, ки барои беэҳтиётӣ ба марги инсон шуд” гунаҳкор дониста шуд. Ин моддаи қонуни ҷиноии Русия то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамроҳони Сафаров бо ҷурми дигар “авбошии гуруҳӣ” муҷрим шинохта шуданд.
Маҳкумшудаҳо Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода – сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳастанд. Онҳо таи ду соли ахир дар боздоштгоҳи муввақат нигоҳ дошта мешуданд ва мурофиаи додгоҳӣ бо назардошти хуруҷи бемории COVID-19 ба таъхир афтода буд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Пайвандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, фарзандони онҳо дар куштори варзишгар даст надоранд ва ӯро ба марг нарасонидаанд. Игор Кайдан, вакили мудофеи Неъматҷон Бобоев, яке аз маҳкумшудагон дар як суҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “ду айб аз парвандаи ҷавонон гирифта шуд. Се нафари онҳо, аз ҷумла шахси зери ҳимояи ман, Неъматҷон Бобоев, ба латукӯб муттаҳаманд, дигарон ба авбошии гуруҳӣ”, -- афзуд вай.
Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли гузашта, дар ҳудуди боғи Ландшафтнийи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав кушта шуд. Мақомоти Русия шаш муҳоҷири тоҷикро дастгир карда ва гуфтанд, “онҳо ба сару тани ҷабрдида осеб расониданд ва дар натиҷа ӯ ба об афтод. Дар ҳамон ҳолат ҳам латукӯби ӯро идома доданд ва дар натиҷа ӯ ғарқ шуд". Додситонии Русия гуфта буд, шаҳрвандони Тоҷикистон "ба ҷабрдидаҳои дигар низ таҳдиди қатл карда, бо се нафари дигар ва як ноболиғ кирдорҳои хушунатомез анҷом доданд".
Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар сохтмони биноҳо дар Русия кор мекарданд. Боздошти шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2019 дар робита бо марги мармузи варзишгари рус дар сархати расонаҳои русияву Тоҷикистон қарор гирифта буд. Аксҳои рӯ ба девор ва шимҳои даридаву танҳои нимурёни гумонбарон, ки зоҳиран аз ҷониби ходимони полис гирифтаву дар Интернет нашр шуданд, вокунишҳои зиёд дар пай дошт.
Дар Тоҷикистон бисёре аз корбарон ба ин таъкид карданд, ки ҳатто дар ҳолати гунаҳкор будани онҳо полис ҳақ надошт бо гумонбарон чунин рафтор кунад. Ҷониби Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия далели чунин рафтори маъмурони полисро пурсиданд, вале зоҳиран ҳеч посух нагирифтанд.
Игор Кайдан, вакили мудофеи яке аз гумонбарон мегӯяд, ба иттилои ӯ ходимони полиси ноҳияи Зюзино дар ин кор даст доранд, "вале мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо роҳ надоданд".