Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамшо Шифо аз қатли падар, издивоҷ дар 12-солагӣ ва овозхонӣ дар Амрико гуфт. ВИДЕО


Рамшо Шифо, сарояндаи афғонистонӣ бо духтараш
Рамшо Шифо, сарояндаи афғонистонӣ бо духтараш

Рамшо Шифо, овозхони афғон, ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар оғози солҳои 90-ум волидонашро кушта буданд, аз қудрат гирифтани ин гурӯҳ дар Афғонистон нигарон аст. Гуруҳи “Толибон”, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, нимаи моҳи августи имсол Кобулро ишғол кард.

Рамшои 29-сола дар Қандаҳор таваллуд шудааст, вале ҳоло дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекунад. То расидан ба ин шаҳри Амрико, зиндагии сахтеро паси сар кардааст.

Мегӯяд, замоне ки ҳамагӣ ду сол дошт, “Толибон” волидонашро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид куштанд. Сипас дар хонаи яке аз пайвандони падар ҷойгир шуд ва дар онҷо дар 12-солагӣ ба як марди қочоқбари маводи мухаддир ба шавҳар доданд. Дар 13-солагӣ соҳиби фарзанд шуд.

Соле баъд бо ёрии як дӯсти падараш тавонист, ки аввал ба Кобул ва сипас ба Амрико фирор кунад. Духтараш шаш сол дар тарбияи наздиконаш дар Кобул монд.

Рамшо Шифо мегӯяд, бо ҳадафи қонунӣ кардани санадҳои будубош дар Амрико ва овардани духтараш аз Афғонистон дар артиши Иёлоти Муттаҳида тарҷумони забони пашту шуд. Беш аз ду сол дар Афғонистон кор кард ва ба Амрико баргашт.

Соли 2015 бо машварати дӯстон, ки аз садояш ситоиш мекарданд, ба овозхонӣ шуруъ намуд. Илова ба ин, дар як донишгоҳи амрикоӣ дарси равоншиносӣ хонд ва моҳи феврали соли 2021 дипломашро ба даст овард.

Рамшо Шифо мегӯяд, аз таҳаввулоти охири Афғонистон нохушнуд аст, чун, ба гуфтааш, ҳуқуқи бисёриҳо, ба вижа занону духтарон дар ин кишвар аз онҳо гирифта шуд.

Ӯ дар суҳбати видеоӣ тавассути “Скайп” аз Лос-Анҷелес ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод:

Суҳбати Рамшо Шифо аз зулми Толибон, ятимӣ, дар ба дарӣ ва овозхонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:44 0:00

XS
SM
MD
LG