Энтони Блинкен вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки Тоҷикистон имсол ҳам дар қатори Бирма, Чину Эрон, Покистон ва Саудӣ ба феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" аз назари озодиҳои динӣ ҷой дода мешавад. Имсол ба ин гурӯҳ инчунин Русия дохил шудааст.
Таҳияи ин феҳрист ва гузориш оид ба озодиҳои динӣ бар пояи таҳқиқу машваратҳои Комиссиюни Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ сурат мегирад, ки як ниҳоди бетараф мебошад, ки онро Конгресс таъсис кардааст. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки бо чунин баҳогузорӣ розӣ нестанд.
Баъди соли 2016 имсол бори панҷум аст, ки вазорати умури хориҷии давлатии Амрико Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷой медиҳад. Дар шарҳи ин тасмим дар гузориши имсола гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 аз назари озодиҳои динӣ пешрафти каме нишон дод. Муаллифон мегӯянд, ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худкомаи худро тақвият дода, ҳама гуна фаъолиятҳои ошкорои диниро саркӯб мекунад.
Дар гузориш омадааст, ки мусалмонони салафӣ, ки аз соли 2009 расман манъ шудаанд, мавриди таъқиб ҳастанд ва ин истилоҳ, ба қавли муаллифони гузориш, ба таври васеъ ва бебандубор ба кор меравад. Муаллифон ба ин чиз аҳамият доданд, ки моҳи январи соли 2020 ҳукумат саркӯби бештари ифротгароиро дар қонунҳо тақвият дода, муҷозотро барои таъсиси созмонҳои динии вобаста ба гурӯҳҳои хориҷӣ сахттар кард.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар як тасмими ғайримунтазира ҳукумат муҷозот барои бадбинии диниро аз 5 соли зиндон то ҷаримабандӣ ё 10 рӯзи ҳабс табдил кард. Вале, мегӯянд муаллифон, бо ин вуҷуд, зиндонҳои Тоҷикистон хеле пур ҳастанд ва як макони асосии ифротишавӣ гардидаанд. Дар гузориш инчунин ба таъқиби журналистон таваҷҷӯҳ карда навиштаанд, ки моҳи март мақомот расман вебсайти “Ахбор”-и воқеъ дар Прагаро, ки аз ҷониби собиқ корманди Радиои Озодӣ таъсис шуда пойгоҳи иттилои мунсифона будааст, бо иттиҳоми ин ки гӯё як “минбар барои террористону ифротгароён мебошад”, дастнорас намуд. Моҳи апрел додгоҳ журналисти мустақил Далер Шарифовро барои “барангехтаги адовати динӣ” ба як соли зиндон маҳкум намуд.
Муаллифон мегӯянд, аз соли 2017 ду ҳазор масҷид баста шуд ва масҷидҳои дигар зери назорати камераҳои назоратӣ кор мекунанд. Мавзӯи назорат аз ҳиҷобпӯшии занон ҳам матраҳ шудааст. Агар дар гузашта мақомоти Кумитаи занон барои рейдҳои зиддиҳиҷоб интиқод мешуданд, ҳоло дар гузориши мақомоти амрикоӣ ба ин чиз аҳамият додаанд, ки ин ниҳод ҳиҷобпӯширо бо терроризм рабт дода ҳушдор додааст, ки ба хотири ҳифзи фарҳанги миллӣ мардумро аз таҳдиди либосҳои занонаи динӣ ҳимоят мекунад.
Гузориш инчунин ба идомаи таъқиби аъзои ҳизби аз соли 2015 мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ишора карда гуфтааст, ки мақомот ҳамакнун ба озору азияти аъзои хонаводаҳои онҳо ҳам даст мезананд. Гузориши озодиҳои динӣ инчунин ба ҳамла ба намояндагони гурӯҳҳои дигари динӣ дар Тоҷикистон ишора карда гуфтааст, ки як марди шиа моҳи январ бо иттиҳоми таблиғи мазҳабаш ҳабсу шиканҷа шуд ва ду узви созмони аз соли 2008 мамнӯи “Шоҳидони Яҳува”, аз ҷумла як марди 70-сола барои эътиқодашон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомоти тоҷик ба ин гузориш ва назари мақомоти амрикоӣ розӣ нестанд. Рӯзи 18-уми ноябр Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфт, “чунин шеваи баҳогузорӣ ҳаргиз баёнгари воқеияти таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ набудааст”.
“Чунин шакли гузоришҳо ва чунин баҳогузориҳо то ҷое якҷониба ҳам ҳастанд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гузоришгари вижаи СММ оид ба озодиҳои диниро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то дар якҷоягӣ вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон мунсифона арзёбӣ шавад. Мо умедвор ҳастем, ки ин сафар иттифоқ уфтад ва воқеияти таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳогузорӣ шавад”.
Гузориш оид ба озодиҳои динӣ ба ҳукумати Амрико инчунин бархе машваратҳое додааст, ки якеаш мегӯяд, Вашингтон дар идомаи ҳамкориҳош бо Душанбе дар доираи манфиатҳои миллӣ бояд ироаи кӯмакҳо ба ин кишварро бар асоси шартҳои муайян ба роҳ монад, ва ё нисбати мақомдорони масъули маҳдуд кардани озодиҳои динӣ таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ кунад, то ки ҳукумат аз пайи ислоҳи вазъ шавад.