Додгоҳе дар Маскав тафтиши парвандаи бародарон аз Тоҷикистон Саидакрами 21-сола ва Умари 19-соларо, ки дар латукӯби ду маъмури пулиси Русия гумонбаранд, ду моҳи дигар дароз кард. Қарори додгоҳ охири ҳафтаи гузашта баромадааст. Мақомоти Русия ба айбдории онҳо таъкид доранд, вакилони дифоъ озодияшонро мехоҳанд.
Пас аз эътирози вакилон...
Бародарон Саидакрам ва Умар рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои "Тулская" бо маъмурони пулис бархӯрд карданд. Дар наворе, ки расонаҳои Русия аз маҳалли ҳодиса гуфтаву нишон доданд, дида мешавад, ду пулис як ҷавонро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Дар ҳамон вақт ҷавони дигар аз дур давида, ба як маъмури пулис ҳамла кард.
Расулҷон Чориев, падари онҳо, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз эътирози вакилон муҳлати тафтишро дароз карданд. Се вакили мудофеъ ё адвокат аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят мекунанд.
"Далелҳое, ки тафтишот ҷамъоварӣ кардааст, нишон медиҳад, ки писари калонии ман тамоман гуноҳ надорад. Айбе, ки нисбат ба ӯ эълон кардаанд, беасос аст. Адвокатҳо пойфишорӣ карданд, ки ӯро озод кунед, вале тафтишот вақт хост," -- гуфт ӯ.
Бар асоси қонунҳои Русия муҳлати тафтиши як парванда ду моҳ аст ва дар сурати зарурӣ бо дархости муфаттишон ду моҳи дигар тамдид карда мешавад.
Навор аз бойгонӣ:
Таҳдиди ҷарима ва ҳабс
Ин ду муҳоҷири тоҷик бо гумони "истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият" гумонбаранд. Ба онҳо ҷарима ё аз 6 моҳ то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.
Наздикони онҳо иддао доранд, ки рӯзи ҳодиса Саидакрам, яке аз бародарон, дар дохили метро бо корманди пулис, ҳангоме мехост, санадҳояшро тафтиш кунад, баҳси ҳуқуқӣ кардааст. Вай аз корманди пулис ҳуҷҷат ва сабаби тафтишро пурсидааст, вале кормандони милиса дастони ӯро тоб дода, ба замин афтондаанд.
“Дасташ шикаста буд ва ҳанӯз пурра дуруст нашуда буд. Ҳамон дасти маъюбашро тоб додаанд, ки Саидҷон ба тамоми ҳастиаш дар дохили метро дод задааст. Додараш ин ҳолатро дида, тоб наовардааст ва хоста, ки бародарашро аз чанги кормандони пулис раҳо кунад,” – гуфт падари онҳо.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфта буданд, ки ҳодисаро пайгирӣ доранд ва ба наздикони ҷавони боздоштшуда ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Падари ин ду ҷавон гуфт, аз се адвокате, ки писаронашро ҳимоят мекунанд, якеро сафорати Тоҷикистон фиристодааст.
Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овард. Аксарият рафтори милисаҳои Русияро маҳкум карданд, ки бо як шеваи нодуруст ба муҳоҷирон бархӯрд мекунанд. Бархе ҳам гуфтанд, ки набояд муҳоҷир бо чунин шева ба милиса ҳамла мекард.
Гузашта аз ин, дағалӣ ва бадрафтории милисаҳои рус бо муҳоҷирони тоҷик борҳо расонаӣ шудааст. Наворҳои зиёде ҳам фиристода шудааст, ки нишон медиҳад, кормандони пулиси Русия бо як дағалӣ муҳоҷиронро боздошт ва озор медиҳанд.