Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 12 то 100 ҳазор доллар. Мошинҳои харидаи тоҷикон дар Гурҷистон "банд мондааст" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зиёда аз 90 мошини харидаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар миёнашон сарватмандону мансабдорон низ ҳастанд, дар Гурҷистон "банд мондааст". Ҳар мошин аз 12 то 100 ҳазор доллар арзиш дошта, нархи умумии онҳо ба ду миллион доллар мерасад. Соҳибони мошинҳо як тоҷири тоҷикро муттаҳам мекунанд, ки пули онҳоро гирифт, вале мошинро дастрас накард. Тоҷир иддао дорад, ки ӯро дар Гурҷистон фиреб доданд.

92 мошинро дар аввали моҳи январи имсол аз шаҳри Руставӣ ба Душанбе мерасонданд. Эмомназар Маҳмадов, молики ширкати "АвтоимпортТҶ", иддао дорад, ки ба як шаҳрванди Гурҷистон ҳаққи интиқоли мошинҳоро дод, аммо ӯ қарордодро иҷро накард.

"Беш аз 150 ҳазор доллар пардохтем. Шартнома доштем. Ӯ дар ваъдааш наистод. Ҳафтае пеш мошинҳоро дар як истгоҳи мошинҳо дар Тбилиси (Тифлис) ёфтем," -- гуфт ӯ.

Шахсоне, ки аз пеш пули мошинҳоро ба молики ширкати "АвтоимпортТҶ" додаанд, алайҳи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Мақомоти тоҷик мавзуъро шарҳ надоданд.

Эмомназар Маҳмадов, молики ширкати "АвтоимпортТҶ", гуфт, аз болои як шаҳрванди Гурҷистон ба мақомоти ин кишвар шикоят кардааст.

"Мо гуфтем, пуламонро баргардонад, то мошинҳоро дубора интиқол диҳем. Марди гурҷӣ нагуфт, ки чаро чунин кардааст. Агар мо мошинҳоро аз нав фиристем, зиёда аз 45 рӯз лозим мешавад," – илова кард ӯ. Дар Гурҷистон ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки оё шикояте дар ин замина ворид шудааст ё не.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, соҳибони аксар мошинҳои гароннарх сарватмандон ва мансабдорон ҳастанд ва ба хонаводааш дар Тоҷикистон фишор меоранд.

Як тоҷири тоҷик, ки ба Эмомназар Маҳмадов барои интиқоли мошин 12 ҳазор доллар додааст, худро фиребхӯрда донист. Вай бе зикри номаш рӯзи 26-уми январ гуфт, ҳоло Маҳмадов ба зангҳои телефонаш ҷавоб намедиҳад ва қазияро шарҳ надодааст, аз ин рӯ, фикр мекунад, фиребаш додаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мошинҳои харидаи мансабдорони тоҷик "дармондааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Пештар тоҷирони тоҷик аз Дубай ба Тоҷикистон мошин мефиристоданд. Дар панҷ соли охир Гурҷистон роҳи асосии интиқоли мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон шудааст. Ҷое, ки ба Тоҷикистон роҳи заминии наздиктар дорад ва барои соҳибкорону ронандагон раводид лозим намешавад.

Соҳибкорон нақл карданд, ки онҳо мошинҳоро аз Аврупо ва Амрико харида, тавассути роҳи обӣ то Гурҷистон меоранд ва аз онҷо ба Тоҷикистон мерасонанд. Пештар тоҷирон бояд ба Дубай мерафтанд, тарҷумон киро мекарданд, мошинро мехариданд ва мунтазир менишастанд, ки кай молашон то Тоҷикистон мерасад.

Бештари мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, дасти дуюманд, вале сарватмандону мансабдорони тоҷик мошинҳои нав низ дархост медодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG