Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ронандаҳои тоҷик бо намояндагони як ширкат дар Литва. ВИДЕО


Рустам Раҳимов, ронандаи мошини борбар
Рустам Раҳимов, ронандаи мошини борбар

Гурӯҳе аз ронандагони тоҷик дар Аврупо бо як ширкати литвонӣ вориди баҳс шудаанд. Беш аз даҳ ронанда аз Тоҷикистон мегӯянд, ширкати боркашонии "Avima" дар Литва давоми тақрибан як сол бо ҳар баҳона аз маоши онҳо аз 200 то 300-евроӣ гирифт. Намояндаи ширкат гуфт, аз маоши муҳоҷирони тоҷик барои хароб кардани мошинҳо кам карданд.

Баҳси ронандагони тоҷикро бо ин ширкат Иттифоқи касабаи Литва, як ниҳоди ҳомии ҳуқуқи коргарон, ба баррасӣ гирифтааст.

Рустам Раҳимов, ронандаи мошини боркаш, ки беш аз як сол боз дар Аврупо кор мекунад, гуфт, наздик ба 20 ронандаи тоҷик аз кори ин ширкат норозиянд ва шаш нафар розӣ шуданд, ки барои ситондани ҳаққашон ба Иттифоқи касаба муроҷиат кунанд.

Иттифоқи касаба аз номи коргарон бо раҳбарони ширкати “Avima” вориди гуфтугӯ шудааст. “Ваъда карданд, ки ҳафтаи оянда мебинем ва чанд пуле, ки ширкат аз маоши шумо гирифтааст, бармегардонем,” -- гуфт Рустам Раҳимов рӯзи 2-юми март.

Олимҷон Бобоҷонов, ронандаи дигари тоҷик, мегӯяд, бист рӯз дар ин ширкат кор кард ва бояд 1600 евро мегирифт, вале ҳамагӣ нисфи онро барояш додаанд.

“Ба ширкати дигар ба кор гузаштам. Пештар комментҳоро хонда будам, ки даҳҳо ронанда аз кори он шикоят карда будаанд. Инҳо медонанд, ки тоҷикон аз бевиза мондан метарсанд, чунин рафтор мекунанд,” – гуфт ӯ.

Баҳси ронандагони тоҷик бо корфармоён дар Литва
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Ронандагони дигар, ки ҳанӯз бо ин ширкат кор мекунанд, гуфтанд, онҳо низ фиреб хӯрдаанд, вале аз тарси аз даст надодани виза ё раводид ба ягон ниҳод шикоят накардаанд.

Дар ширкати боркашонии “Avima” даҳҳо муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Намояндаи ширкат, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши ронандагонро барои хароб кардани мошинҳо кам додааст.

Ӯ афзуд, рафторашон нисбат ба муҳоҷирон дар доираи қонун ва шартномаи меҳнатӣ буд. “Ронандагон нисбат ба мо шикоят кардаанд ва мо ҳам нисбат ба онҳо шикоят хоҳем кард,” -- гуфт ӯ.

Аксар ронандаҳои тоҷик то расидан ба Аврупо дар Русия муҳоҷир буданд. Рустам Раҳимов дар Санкт-Петербург ронандаи таксӣ буд. Баъди рафтан аз ширкати литвонӣ дар як ширкати олмонӣ кор ёфтааст.

“Мошинҳояш нав ва маошаш хуб аст. Шароити кор фарқ мекунад нисбат ба Русия. Маош хуб аст. Агар ба сомонӣ ҳисоб кунем, 26 ҳазор сомонӣ мешавад. Агар 6 ҳазор сомониашро сарф кунӣ, 20 ҳазорро мешавад ба хона фиристод,” -- гуфт ӯ.

Рустам Раҳимов мегӯяд, пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина талабот ба ронандаҳои тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ бештар шудааст. Қаблан ин бозорро муҳоҷирон аз Украина пур мекраданд. Ҳоло Украина барои муқобилият ба ишғоли Русия мардони қобили корро иҷозаи берун шудан намедиҳад.

Ронандаи мошини боркаш шудани тоҷикон дар кишварҳои аврупоӣ тамоюли нав аст. Шумораи онҳо дақиқ нест, вале ширкатҳои ҷудогона мегӯянд, аз Тоҷикистон даҳҳо коргар доранд. Онҳое, ки барои кор дар Аврупо кӯшиш доранд, бештар аз мушкили гирифтани виза ва харҷи бештар шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG