Ин ҷавон мегӯяд, барои ин кораш даромаде намегирад ва талошҳояш барои дарёфти ёрӣ аз баъзе ниҳодҳо бенатиҷа буд.
Муҳаммад Ғанизода, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар риштаи кори иҷтимоӣ таҳсил мекунад. Барномасозӣ барои ӯ як шуғл ё ҳоббӣ аст. Мегӯяд, ба шакли барнома даровардани китобҳоро се сол пеш аз ашъори бобояш Сафармуҳаммад Аюбӣ оғоз кард.
Ин барномасози 21-сола ҳоло талош дорад ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Кангуртӣ, шоири маъруфи тоҷикро дар шакли барнома таҳия кунад.
Китобҳои “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, "Ватанномаи шоирони муосир", "Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ" ва чандин китоби дигар дар махзани Плей Маркет аз корҳои анҷомдодаи Муҳаммад Ғанизода аст.
Ғанизода барои ба шакли барнома даровардани як китоб то ду моҳ вақт сарф мекунад. Мегӯяд, ба ин шакл хондани китобҳо аз китоби чопӣ хубтар аст.
“Ба воситаи барномаҳое, ки аз рӯи китобҳо омода мешавад, аз тамоми дунё мардум метавонанд китобро ройгон дастрас карда, мутолиа кунанд. Ҳол он ки агар китоб дар Тоҷикистон чоп шавад, мушкил аст онро дар берун аз кишвар пайдо кунӣ. Дигар инки агар китоб 2-3 ҳазор нусха чоп шавад, дар барномаҳое, ки омода мекунем, шумораи боргирии онҳо беҳисоб аст,” - афзуд ин барномасози тоҷик.
Муҳаммад Ғанизода барои дарёфти кӯмак ба баъзе идораҳо, аз ҷумла Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардааст, аммо ба гуфтаи худаш бефоида буд. Ғанизода аз он нороҳат аст, ки дар кишвар ҳавасмандӣ барои барномасозон кам аст.
“Қисми зиёди мардум огоҳанд, вале таваҷҷуҳ нест. Аз ин барномасозӣ феълан барои ман фоидаи пулӣ нест. Айни ҳол мақсад омода кардани китобҳое, ки ватандӯстии ҷавононро бештар кунад.”
Ба ғайр аз Муҳаммад Ғанизода, чанд барномасози дигари тоҷик ҳам аз рӯи асарҳои адибон барои махзани Плей Маркет барнома омода мекунанд. Дилхоҳ нафар метавонад ба воситаи телефонҳои ҳушманд аз ин махзан китобҳоро боргирӣ карда, дар телефон онҳоро мутолиа кунад. Аммо корбарон ва худи Ғанизода ҳам мегӯянд, барномаҳои тоҷикӣ дар махзани ҷаҳонии Плей Маркет хеле кам аст. Ҳарчанд баъзе аз корбарон ин шакли китобҳоро меписанданд.
Абдуалӣ Холов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдани китобҳои чопӣ мушкил аст, вале дар шакли барнома метавон садҳо китобро дар телефон ҷой дод. Аммо бархе ҳамоно ба китоби чопӣ бартарӣ медиҳанд. Шаҳриёр Содиқов, як муҳассили мактаб дар пойтахт мегӯяд, “беҳтар аст китоби чопиро хонем, зеро ҳам зарараш ба чашм кам аст, ҳам нисбат ба китобҳои электронӣ беҳтар аст.”
Муҳаммад Ғанизода дар маҷмуъ ашъори 60 шоири классик ва муосири тоҷикро дар шакли маҷмӯа ё алоҳида таҳия карда, дар махзани Плей Маркет гузоштааст. Мехоҳад корашро давом диҳад, аммо маълум нест, ки бидуни сармоя ва кӯмак чӣ қадар пеш рафта метавонад.
Гуфтугӯ