То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар иди касбии худро санаи 5-уми май таҷлил мекарданд. Аммо баъди баҳсҳо 11 уми март, рӯзи таъсисёбии “Бухорои Шариф”- аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ, чун рӯзи таҷлил аз Иди матбуот интихоб шуд.
Хабарнигорони тоҷик имсол, дар ҳоле рӯзи касбии худро ҷашн мегиранд, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, озодии баён дар Тоҷикистон, махсусан дар як соли ахир ба шиддат маҳдуд шуда, боздошту латтукӯб ва таҳдиди журналистон афзоиш ёфтааст.
Дар як соли гузашта дар кишвар 7 хабарнигору блогер боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Ин ҳама ба вазъи матбуот ва дастрасии мардум ба иттилои дақиқу сареъ чӣ таъсир гузошт ва имрӯз мардум аз куҷо хабару иттилоъ мегиранд?
Дар остонаи 11 -уми март хабарнигори Озодӣ аз раҳгузарон дар бораи нақши матбуот ва манобеи хабарии сокинони Тоҷикистон пурсид.
Назари сокинонро инҷо тамошо кунед:
- "Матбуоти пештара нағзтар буд ва нашриёт зиёд буд. Ҳоло на он қадар. Мақолаву навиштаҳои пурмазмун бошад, ки мо аз онҳо тарбия гирем ва насли наврасро роҳнамоӣ кунем."
- "Дар давраи донишҷӯӣ бисёр мехондем ва ба нашрияҳо эътиқод доштем. Ҳоло бовар кунед, мардуми нафақахурро зӯрашон ба рӯзномаҳо намерасад."
- Хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ, Ютубу, Телеграм мегирем.
- "Хабарро аз Радиои Озодӣ, Азия нюс ва чандтои дигар мебинем. Расонаҳо дар ҷомеа нақши муҳим доранд. Аз тамоми хабарҳо огоҳ мешавӣ."
- "Ман ягон расонаро намедонам."
- "Ман бештар ВКД ва Спорт, футбол тамошо мекунам."
Гуфтугӯ