Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бесобиқа ба Белгороди Русия. Мақомоти Украина чӣ гуфтанд?


Акс пас аз ҳамла ба Белгород
Акс пас аз ҳамла ба Белгород

Теъдоди кушташудаҳо дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Белгороди Русия, ки дар марзи Украина ҷойгир аст, ба 24 нафар расидааст.

Вячеслав Гладков, раиси вилояти Белгороди Русия гуфтааст, ки дар ҳамлаи рӯзи 30-юми декабр 108 нафар маҷрӯҳ шудааст, ки 25 нафари онҳо дар ҳолати вазнин ҳастанд.

Расонаҳои украинӣ бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки ин ҳамларо Украина анҷом додааст.

Як рӯз пеш аз ин, рӯзи 29—уми декабр Русия хоки Украинаро ба таври бесобиқа мушакборон карда буд. Дар ҳамлаи Русия беш аз 40 нафар кушта шуд. Он шаб Русия бо беш аз 100 мушаку бесарнишин ба хоки Украина ҳамла кард.

Расонаҳо ҳамла ба шаҳри Белгороди Русияро посух ба ҳамлаи рӯзи 29-уми декабр номидаанд.

Мақомоти рус гуфтаанд, ки 37 манзили баландошёна, чанд хонаи заминӣ дар ин шаҳр хароб шуда, беш аз 50 мошин сӯхтааст.

Рӯзи 31-уми декабр низ дар Белгород бонги хатар садо додааст. Ба сокинон гуфтаанд, ки дар ҷойҳои амн паноҳ баранд.

Дар аксар шаҳрҳои Русия бо нишони ҳамдардӣ ба мардуми Белгород аз оташбозӣ дар шаби Соли Нав даст кашидаанд.

Русия наздики ду сол аст, ки бо чунин шева шаҳрҳои Украинаро мушакборон мекунад. Аз оғози ҷанг бори аввал буд, ки дар ҳамла ба хоки Русия теъдоди зиёди сокинон ҳалок шуданд.

Намояндаи Созмони милал дар ҷалассаи Шӯрои амният ҳамлаҳои охир ба аҳолии осоишта дар Украина ва Русияро маҳкум кард.

Василий Небензя, намояндаи Русия дар СММ кишварҳои ғарбиро "шарики ҷиноят" номид. Намояндагони кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки агар таҷовузи Русия ба хоки Украина намебуд, ҳодисаи Белгород рух намедод.

Мақомоти Украина расман ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале як манбаъ аз сохторҳои қудратии ин кишвар ба нашрияи "Украинская правда" гуфтааст, ки онҳо ба марказҳои низомӣ ҳамла карда буданд, вале системаи зиддимушакии Русия мушакҳоро дар маркази шаҳр соқит кардааст ва мардуми одӣ аз зарбаи пораҳои мушак кушта шудаанд.

Русия шаби 31-уми декабр низ Украинаро мушакборон кард. Дар ин ҳамла наздик ба 30 нафар маҷрӯҳ ва се нафар кушта шудааст.

Донишкадаи ҷангшиносии Амрико хабар додааст, ки Украина шаби 29 ба 30-юми декабр бо беш аз 70 бесарнишин ба пойгоҳҳои низомии Русия дар шаҳрҳои гуногун ҳамла кардааст.

Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 наздик ба 10 ҳазор аҳолии осоишта кушта шудааст. Эҳтимол шумораи воқеии кушташудагон бештар бошад. Дар ҳамлаҳои Украина ба хоки Русия низ даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Кишварҳои ғарбӣ Русияро барои ҳамлаи бедалел ба хоки Украина таҳрим кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG