Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Скутерҳоро ҳам дар Тоҷикистон аз қайд мегузаронанд. Чаро ронандаҳо розӣ нестанд?


Тақозои рақами давлатӣ талабот ба скутерҳоро коҳиш хоҳад дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Тақозои рақами давлатӣ талабот ба скутерҳоро коҳиш хоҳад дод?

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз соҳибони скутерҳое, ки суръати ҳаракаташон аз 40 километр дар соат зиёд аст, талаб дорад, нақлиёти худро аз қайд гузаронанд ва рақами давлатӣ бигиранд. Бархе аз ронандагон бо ин талаб розӣ нестанд.

Ин кор бар асоси тағйиру иловаҳое сурат мегирад, ки ба қарори ҳукумати кишвар дар бораи тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт ворид карда шудааст.

Як масъули раёсат, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 4 декабр гуфт, вақтҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки скутерҳо зиёд шудааст ва рақами қайди давлатӣ надоштани онҳо ҳангоми таҳқиқи ҳодисаҳо мушкилиҳоеро ба миён овардааст.

“Як хелаш одамро зада, аз ҷойи ҳодиса мегурезад ва рақами давлатиашро касе намедонад. Танҳо мегӯянд, "як скутери номаълум буд”, - изҳор дошт ӯ.

Аммо бо ин талаби раёсат на ҳамаи соҳибони скутерҳо розӣ ҳастанд. Ориф Асроров, сокини шаҳри Душанбе ва ронандаи скутери барқӣ рӯзи 2 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири арзону камхарҷ будан ин навъи нақлиётро интихоб кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ бояд аз соҳибони скутер ё мототсиклҳое талаб шавад, ки суръати ҳаракаташон зиёда аз 60 километр дар соат аст.

“Ин (скутер) ба рақами давлатӣ чӣ ниёз дорад?! Ин мисли дучарха аст, кирои шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтан ҳам надорад. Ман ҳамин скутерро 600 доллар, бо нархи “оптовий”-аш харидаам. Боз рафта, шаҳодатнома гирам, гарон меафтад. Аз ин дида як мошин харам, ки шаҳодатномаи ронандагиашро дорам, арзонтар меафтад”, - гуфт Орифов.

Абдурақиб Қодиров, коршиноси масоили роҳу нақлиёт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз танзими ҳаракати скутерҳо дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт: “Агар аҳамият дода бошед, ҳатто дар роҳҳое, ки пиёдагард ҳастанд, тибқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пиёдагардон аз он убур кунанд, ин намуд воситаҳои нақлиёт ба истилоҳи маъруфи саҳначаи “Лаҳзаҳои гуворо” “мисли Тангем яке пайдо мешаванд”. Барои баъзе инсонҳо ҳатто мавқеъгирӣ хеле мушкил аст, зеро ки онҳо дар они воҳид бо суръати баланд ворид мешаванд”.

Аммо Қодиров мегӯяд, мушкили ҳаракати скутерҳоро дар кишвар танҳо насби рақами давлативу азқайдгузаронӣ ҳал намекунад. Ба назари ӯ, бояд барои ин навъи воситаи нақлиёт роҳҳои хурди муайян, тавре ки дар дигар кишварҳо ҳаст, сохта шавад.

“Як роҳи хурди мушаххас, ки дар баъзе кишварҳо барои дучархаву велосипед аст, дар мо нест. Амалан ғайриимкон аст дар маркази шаҳр ҳам сохтани ин роҳҳо. Онҳо ҳам аз куҷо истифода кунанд? Табиист, ки роҳҳои автомобилгардро мошинҳои сабукраву боркаш банд кардаанд. Роҳҳои пиёдагард низ барои пиёдагардон аст”, - изҳор дошт Қодиров.

Қарори ахир муштариёни скутерҳоро, ки тайи ду соли ахир дар кишвар хеле серистифода шудаанд, дар миёнароҳ гузоштааст.

Соҳибкор Қосим Тоҳиров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими аз қайд гузарондани скутерҳо ба тиҷорати ӯ низ таъсири худро гузоштааст.

“Бисёр муштариҳо, ки меоянд, мепурсанд, ки "ба инҳо боз ҳуҷҷат кардан даркор, проседура гузаштан даркор, бештар дар роҳ кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боз медоранд" - аз ҳамин чизҳо камтар ҳазар доранд ва харидорӣ намекунанд. Якчанд нафар ҳамин гапро гуфтанд”, - афзуд Қосим Тоҳиров.

Арзиши шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт)-и скутерҳо 280 сомонӣ ва пули рақами қайди давлатӣ 270-280 сомонӣ муайян шудааст. Бар иловаи ин, соҳибони скутерҳо вазифадоранд, ки барои нобуд сохтан (утилизатсия)-и нақлиёти худ низ 360 сомонии дигар пардозанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон охири моҳи декабри соли гузашта санадеро тасвиб карда буданд, ки аз ҳар нақлиёт дар кишвар андози нав барои нобуд ё маҳв кардан гирифта мешавад. Ин андоз аз ҳар нақлиёт як бор ситонида мешавад. Коршинос Нур Сафаров қаблан гуфта буд, дар кишварҳои пешрафта, чунин навъи андоз танҳо баъди ба партовгоҳ бурдани мошин ситонида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи теъдоди скутерҳо дар кишвар омори расмие вуҷуд надорад. Мақомот мегӯянд, маъракаи азқайдгузаронии скутерҳо тоза оғоз шудааст. Як қисми онҳо аз хориҷ ворид мегарданд ва як қисми дигар дар дохил банду баст мешаванд, ки аз 2,5 то 8-9 ҳазор сомонӣ арзиш доранд. Ахиран дар ҷараёни сафарҳои раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хуҷанд корхонаҳои истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ боз карда шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG