Гурҷистон дар дуроҳа мондааст. Сарнавишти он амалан дар дасти порлумон аст ва ҳатто президентро вакилон интихоб мекунанд. Ин маҷлис ҳоло таҳти назорати ҳизби ҳоким аст, ки пирӯзияш дар интихобот сароғози эътирозҳо гашт ва эълони қатъи ҳаракати Гурҷистон ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо ба оташи он рӯған рехт.
Саломе Зурабишвилӣ, президенти ғарбгарои Гурҷистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро тақаллубӣ номид ва ба эътирозгарон пайваст. Эътирозгарон талаб доранд, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ бекор карда шаванд, интихоботи такрорӣ баргузор гардад ва гуфтугӯ барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо давом кунад.
Лука Пертиа, хабарнигори Радиои Озодӣ чор сенарияи эҳтимолиро пешбинӣ мекунад.
Сенарияи якум ин аст, ки ҳукумат эҳтимол дар пайи фишори эътирозгарон ба истеъфо равад. Агар фишори эътирозгарон корагар буд, дар он сурат интихоботи нави порлумонӣ баргузор шавад. Аҳзоби мухолиф мегӯянд, масъули маъракаи интихобот бояд афроди нав ва бетараф бошанд. Он гаҳ эҳтимол “Ҳизби орзуи гурҷӣ” тавоноиашро аз даст диҳад ва дубора дари гуфтгӯи узвият дар Иттиҳоди Аврупо боз шавад.
Сенарияи дуюм метавонад бошад, ки баръакс, Саломе Зурабишивили, президенти Гурҷистон аз мақомаш то охири сол истеъфо диҳад.
Ҳоло ӯ мегӯяд, нияти истеъфо рафтан надорад, чун порлумоне, ки бояд президенти нав интихоб кунад, қонунӣ нест. Ҳизби “Орзуи гурҷӣ” футболисти маъруфро номзади мақоми президентӣ пешниҳод кардааст. Зурабишивилиро ҳам таҳдид кардаанд, ки агар истеъфо наравад, ҳабс мешавад. Ин метавонад эътирозҳоро афзоиш диҳад.
Сенарияи сеюм ин аст, ки ҳукумат ба истеъфо намеравад ва эътирозгаронро саркӯб мекунад. Ҳоло нерӯҳои пулис садҳо эътирозгарро боздошт карда, бо онҳо рафтори хушунатомез мекунад. Эътирозгарон дар посух ба васоили оташбозӣ ё фейервек ба пулис ҳамла мекунанд. Вазъ агар чунин шавад, бӯҳрон ҷиддитар хоҳад шуд.
Сенарияи чорум метавонад ин бошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи Тифлис таҳрим эълон мекунад. Аллакай баъзе кишварҳо нахустин таҳримҳоро эълон намуданд.
Мухолифон ҳоло талаб доранд, ки зидди фаъолони ҳизби “Орзуи гурҷӣ” таҳрим эълон шавад. Амрико нисбат ба чанд фаъоли он таҳрим ҷорӣ кардааст. Иттиҳоди Аврупо ҳам шояд иқдом ба ҷилавгирӣ аз кӯмаки молӣ ба ин кишвар кунад, вале Маҷористон ва Словакия метавонанд садди роҳ шаванд.
Ҳоло орзуи шомил шудани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо дар тарозу гузошта шудааст. Эътирозгарон мегӯянд, барои ҳувият ва сарнавишти ояндаашон мубориза мекунанд. Рӯзҳои наздик на танҳо роҳи Гурҷистон, балки мавқеи он дар сатҳи байналмилалӣ низ рӯшан хоҳад шуд.
Гуфтугӯ