Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ватан баргаштанашон хубтар." Чаро Темур дигар ба Русия намеравад?


Боздошти гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Акс аз соли 2023
Боздошти гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Акс аз соли 2023

Темур Алиев, ҷавоне аз шаҳри Бохтар, дар гузашта дар Русия кор мекард. Ҳоло мушкили муҳоҷирони тоҷикро аз дур мебинаду мешунавад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз нақли дӯстонаш.

Ин ҷавон "депортатсия" ё ихроҷ нашудааст, вале чун озору азияти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия бештар шуд, ба Бохтар баргашт ва дар ин ҷо мардикорӣ мекунад.

Темур мегӯяд, тасмим надорад дигарбора ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад: "Онҷо ватани дигарон аст. Бар илова ҳуҷҷат гарон шудааст. Наворҳоро дар интернет мебинем, ки аз сохтмонҳо зада-зада, кашола карда мебароранд. Соатҳо боздошт мекунанд, рӯзҳо дар идораҳои пулис нигоҳ медоранд. Аз ин азоб дида, ба ватан баргаштанашон хубтар аст".

Ба фарқ аз Темур, ки ба зодгоҳаш барагаштааст, даҳҳо муҳоҷири дигар дар шаҳрҳои Русия азобу азиятро таҳаммул мекунанд, чун ноновари хона мебошанд.

Муҳоҷирони ихроҷшуда дар Тоҷикистон кор меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

То ҳол садҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.

Мушкили муҳоҷирони бекор баъд аз бозгашт ё ихроҷ аз Русия чанде пеш дар маҳфили “Тавозун” дар Душанбе матраҳ шуд. Намояндагони Вазорати кору муҳоҷират гуфтанд, ки дар даҳ моҳи имсол 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик тариқи шаҳрҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Намояндагони вазорат гуфтанд, 1350 муҳоҷири ихроҷшударо ба корҳои мухталиф ҷалб карда, беш аз 500 нафарро ба касбомӯзи фаро гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки аксар муҳоҷирони тоҷик бидуни касб ё шуғле ба бозори кори Русия мераванд.

Субҳон Ашӯров, коршиноси иқтисодӣ, гуфт: "Мутаассифона, омодагии мо ба муҳоҷирати корӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Мо медонем, ки як қисми мардум дар дохили кишвар шуғле намеёбанд, вале ба хориҷа рафта, омодагӣ намегиранд. Ба фикри ман, ин мушкили соҳаи маориф аст, бояд дар синфҳои болоӣ барои омодагӣ ба бозори меҳнат омӯзишҳо ташкил шавад."

Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз душвориҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон нафарро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷа маҷбур мекунад.

XS
SM
MD
LG