Бо ташаббуси бунёди Оғохон ахиран дар Вашингтон ҷашнвораи мусиқии суннатӣ баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин анҷумани санъаткорони суннатӣ гурӯҳи шашмақомхонони Академияи шашмақоми Тоҷикистон таҳти раҳбарии доктори санъат Абдувалӣ Абдурашидов намояндагӣ мекард. Яке аз мубтакирони ин ҷашнвора, Теодор Левин, профессори донишгоҳи Дардмуди ИМА ва мушовири бунёди Оғохон дар умури фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфт, тамошогарони Линколн-сентри пойтахти Амрико ба санъати волои овозхонон ва навозандагони тоҷик баҳои баланд доданд. Ҷаноби Левин гуфт, ин силсила намоишҳоро бахши Осиёи марказии бунёди Оғохон бо ҳадафи тарғиби мусиқии халқҳои Осиёи марказӣ ташкил кардааст.
«Мо кӯшиш дорем, ин мусиқиро дастраси шунавандагони Аврупо, ИМА ва тамоми ҷаҳон гардонем. Мо мехоҳем, чунин консертҳо дар Африқо, Малайзия ва дигар ҷойҳо баргузор шавад ва ҳадафи мо ин аст, ки мардуми сайёра бо бузургтарин дастовардҳои мусиқии Осиёи марказӣ шинос шаванд.»
Оқои Левин гуфт, барои анҷом додани ин силсила намоишҳои ҳунармандони Осиёи марказӣ гурӯҳи кории ӯ талошҳои зиёде кардааст. Ба гуфти ӯ, шунавандагон на ҳамеша омодаанд, мусиқии ба монанди шашмақомро дарк кунанд, зеро ин мусиқии бисёр мураккаб ва хеле олӣ аст. Барои ҳамин, онҳо ҳангоми овозхонии мутрибон матнҳои сурудҳоро дар лавҳаҳо тарҷума кардаанд. Оқои Левин гуфт:
«Матнҳои шашмақом хеле моҳиронаву маънидоранд ва тарҷумаи онҳо хеле мушкил аст. Тавре, ки маълум аст, "Шашмақом" аз эҷодиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Навоӣ ва Бедил иборат асту мо барои тарҷумаи дурусти онҳо хеле азобу машаққат кашидем. Аммо кори мо пурсамар ҳам буд. Зимни ду консертамон дар Вашингтон кафкӯбиҳо тамом намешуданд.»
Дар шаҳри Ню Йорк низ ду консерт баргузор шуд. Дар консерте, ки дар ноҳияи Квинси Ню Йорк гузашт, ҳунармандони тоҷику қирғизу афғонро тоҷикзабонони шаҳри Ню Йорк, яъне яҳудиёни Бухоро пешвоз гирифтанд. Дар оғози намоиш, Ҳамроҳхон Зарифов - сафири Тоҷикистон дар ИМА, Илёс Маллаев - мусиқишинос ва донишманди улуми фарҳанг сухан гуфтанд.