Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хитой бозор" ҳам моли таърих шуд. ВИДЕО


Аз субҳи душанбеи 4 ноябр ҳазорон нафар харидорон ва фурӯшандаҳои “Шанхай бозор”-и шаҳри Душанбе дарвозаҳои онро баста дарёфтанд.

Шаҳрдорӣ дар тасмими тахриб шудани бозор гуфтааст, ки он мутобиқ ба меъёрҳои бозори замонавӣ набуд ва ба ҳамин хотир бояд бардошта шавад. Садҳо тоҷир макони кору тиҷорати худро тарк мекунанд.

“Шанхай бозор”, ки дар миёни мардум бештар бо номи “Хитой-бозор” маъруф аст, аз субҳи рӯзи 4 декабр фаъол набуд.

“Хитой бозор” як макони тиҷорати молҳои нисбатан арзону дастраси маҳсулоти хоҷагӣ ва ғизо буд. Шумори тоҷирони машғул бо кораш дар 7 соли мавҷудияташ беш аз 500 нафарро ташкил медод.

Дар Душанбе дар давоми даҳ соли охир тасмими бардошта шудани чандин бозор, аз ҷумла, “Шоҳмансур”, “Баракат” ва дигарҳо ба иҷрои нақшаи кулли навсозии симои шаҳри Душанбе рабт дода шуд. Дар ояндаи наздик қарор аст дар ҷойи бозори «Баракат» театри миллӣ ва дар ҷои «Шоҳмансур» - маркази навсохти савдову тиҷорат бунёд шавад.

Вале дар ҳодисаҳои зиёди дигар дар гузашта, чанд бозори кӯчаке дар минтақаҳои мухталифи шаҳр тахриб ва ба ҷойи онҳо бозори наве сохта нашуд. Ин ҳама дар зиндагии сокинони маҳаллаҳои атрофи бозорҳои тахрибшуда мушкилот эҷод мекунад, зеро мардум водор мешаванд барои хариди ашёи оддӣ озими бозорҳои дурдасте шаванд.

"Хитой-бозор" ҳам моли таърих шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

500 корманд бекор шуд

Аз сӯи дигар, маҳз бозорҳо дар Тоҷикистоне, ки мизони бекориаш баланд аст, солҳои охир ба макони кору рӯзии садҳо ҳазор сокини кишвар табдил шуданд. “Хитой бозор” як макони тиҷорати молҳои нисбатан арзону дастраси маҳсулоти хоҷагӣ ва ғизо буд. Шумори тоҷирони машғул бо кораш дар 7 соли мавҷудияташ беш аз 500 нафарро ташкил медод.

Зуҳри рӯзи душанбе дарвозаҳои бозор баста ва мӯҳрзада буданд. Кормандони интизомӣ ба вуруди харидорон ва фурӯшандаҳо ба ин бозор монеъ мешуданд. Аз пушти дарвоза мушоҳида мешуд, ки бархе аз фурӯшандаҳо моли то ҳол ба фурӯш нарафтаи худро ҷамъоварӣ карда, ба беруни бозор мебароварданд. Тахриби ғурфаҳо ва ҳам дӯконҳо аз даромадгоҳ шурӯъ шуда аз бархе фурӯшгоҳҳову ошхонаҳо аллакай нишоне намонда буд. Садҳо нафар харидорон аз субҳ назди бозор ҷамъ шуда, дар дарвозаҳои он эълони насбшудаи қатъи фаъолияти онро медиданду, ночор дунболи корҳои дигари худ мешуданд.

Ҳадаф - беҳбуди симои бозори замонавӣ

Маъмурияти бозор тасмими қатъи фаъолияти онро шарҳ намедиҳанд ва таъкид мекарданд, ки ин мавзӯъ дар салоҳияти шаҳрдорӣ аст. Мақомоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ, ки дар назди дарвозаи бозор буданд, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе 4 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қатъи фаъолияти “Шанхай бозор”-ро тасдиқ карда, танҳо афзуд, ки дар мавриди сохтмони муассисаи наве дар ҷойи ин бозор тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз бардоштани ин бозор муносибат набудани симои он ба меъёрҳои як муассисаи савдои замонавӣ будааст.

Бибисоро Маҳмадалиева, як тоҷири “Шанхай бозор”, ки дар назди дарвозаи ин бозор талош мекард вориди дӯкони худ шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба онҳо пешниҳод кардаанд дар яке аз қисматҳои бозори “Корвон” тиҷорати худро роҳандозӣ кунанд. Аммо ба гуфтаи хонум Маҳмадалиева, дар ҷойи нав азсар гирифтани тиҷорат кори душвор мебошад. Зеро, ба гуфтаи вай: “Шанхай бозор” ба маҳалли зиндагиам наздик аст.

Ман дар ҳамин маҳалла иҷоранишинам. Барои канори дигари шаҳр ба бозори “Корвон” рафтан бароям душвор мебошад. Барои тиҷорати худ дар “Шанхай бозор” ман аз бонк қарздорам ва бояд онро баргардонам. Ҳатто агар дар “Корвон” тиҷоратамро роҳандозӣ кунам, наметавонам зуд қарзамро баргардонам. Фурсат зарур аст барои ин кор. Мақомот ваъдаҳои зиёде медиҳанд, аммо ин ҳама фиреб аст».

"Хитой-бозор" ё “Шанхай бозор” дар миёни маҳаллаи мавсум ба "Аэрпорт" ва корхонаи нассоҷии Душанбе воқеъ аст ва дар гузашта як маҳаллаи бекорхобида дониста мешуд. Дар ин қаламрави иборат аз 5 гектар масоҳат маъмулан сехҳои коркарди чӯб ва хиштрезӣ фаъол буданд. Ба тадриҷ дар ин ҷо растаҳои тоҷирони ҷудогонае пайдо шуд, ки ба фурӯши ашёи рӯзғор машғул буданд. Бештаре аз тоҷирони ин бозор сокинони маҳаллаҳои атроф мебошанд. То имрӯз дар ин бозор ҳудуди 500 тоҷир машғули тиҷорат буданд, ки ҳамакнун ояндаи кори онҳо норӯшан боқӣ мемонад.

Бояд дар бораи ҷои кор ҳам фикр кунанд

Фурӯшандаҳои ин бозор мегӯянд, агар ин бозор замонавӣ набуд, пас чаро тӯли 7 сол ба фаъолияти он иҷоза буду ҳамакнун манъ карда шуд?

Рустам Гулов, таҳлилгари тоҷик дар посух ба ин саволи фурӯшандаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни чунин тасмимгириҳо мақомотро зарур аст дар бораи бо ҷои кор таъмин кардани фурӯшандаҳои бозори тахрибшаванда андеша кунанд. Вай дар ин бора гуфт:

«Тасими тахриби бозорҳое ба монанди “Хитой бозор” ҳеҷ бадие надорад. Зеро, ҳамагон аз вазъи санитарӣ дар дохили ин бозор огаҳӣ доранд. Аммо мақомот бояд андеша кунанд, ки оё дар марказҳои тиҷоратии дар ҷойи ин бозорҳо сохтамешуда фурӯшандаҳои қаблӣ ҷойи кор пайдо мекунанд ё не. Дар маҷмӯъ аз тасмими шаҳрдорӣ барои тахриби ин бозор пуштибонӣ мекунам. Зеро, фурсате расидааст, ки дар Душанбе бозору марказҳои тиҷоратии замонавӣ бунёд шаванд».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, дар чанд соли ахир мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳадаферо рӯи даст гирифтааст, ки батадриҷ даст кашидан аз симои ба истилоҳ “шарқиёнаи бозорҳо” ва ҷои он бунёд шудани фурӯшгоҳҳои замонавии сохти аврупоӣ аст. Вале зоҳиран на ҳама сокинони Душанбе, ки бозорҳои сунратиро қабул доранд, ин навовариҳоро хуш қабул мекунанд.

XS
SM
MD
LG