Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия мошини муҳоҷирони таксиронро мусодира кардаанд


Як муҳоҷири таксирон дар назди фурудгоҳи Домодедово
Як муҳоҷири таксирон дар назди фурудгоҳи Домодедово

Садҳо муҳоҷир аз Қирғизистон, ки ҳамчун ронандаи таксӣ дар Русия кор мекунанд, мегӯянд, аз дасти як қаллоб зарари молӣ дидаанд.

Онҳо мегӯянд, дар Русия бо пули қарз мошин хариданд, вале акнун мошинҳои онҳоро бонкҳо мусодира мекунанд. Онҳо мегӯянд, як ҳамватани худашон фиребашон додааст, ки нақши миёнаравро иҷро карда, пулашонро ба номи бонк ҷамъоварӣ мекард.

Яке аз ронадаҳои таксӣ мегӯяд, ӯро дар ҳаҷми 1 миллиону 450 ҳазор рубл фиреб кардаанд. Дигаре гуфт, беш аз ду миллионашро бо фиреб гирифтаанд.

Онҳо дар Маскав чун ронандаи таксӣ кор мекарданд. Мегӯянд, бо миёнаравии ҳамватанашон Тологон Андашев мошинро бо пули қарз харида, фиреб хӯрданд

Қалдибек Каюбов, муҳоҷир аз Қирғизистон гуфт: “Тологон Андашев тиҷорати худро дорад, вале барои ман ӯ соҳибкор нест. Ӯ як қаллобу фиребгар аст. Мо пули мошинро пурра пардохт кардем, ҳатто пеш аз мӯҳлат додем. 5-6 моҳ пеш буд. Ман танҳо нестам, шумори мо зиёд аст ва дар байни мо занҳо ва модарони танҳо ҳам ҳастанд."

Видеоро инҷо бинед:

Шикваи муҳоҷирон дар Русия: "Моро ҳамватанамон фиреб кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Муҳоҷирон мегӯянд, Тологон Андашев ба воситаи таксопарки худаш бо номи "777 Регион" дар бонкҳои Русия қарз фароҳам мекард. Ногаҳон баъди моҳи сентябр мусодираи мошинҳо шурӯъ шуд.

Собирҷон Баротов, муҳоҷири дигар гуфт: “Мошинамро шом гузошта хона рафтам, саҳар мехезам–мошин нест. Дар гурӯҳи “777 Регион”, ки худи Тологан боз карда буд, мардум навиштанд, ки мошинҳои онҳоро ҳам мусодира кардаанд. Мошини маро ҳам бонк гирифта будааст."

Ислом Акматов, муҳоҷири дигари қирғиз низ аз ҷумлаи фиребхурдаҳост.

"Ман моҳи ноябри соли 2022 аз Тологан Андашев мошини Hyundai Solaris-ро бо лизинг харидам. 1 солу 6 моҳ пулашро додам. Қарзамро кандам, ки мошинро аз дастам гирифтанд,”—гуфт ӯ.

Ронандаҳо мегӯянд, шумори фиребхӯрдаҳо аз дасти Андашев аз 100 нафар зиёд аст. Онҳо мегӯянд, баъди ҳар пули пардохтшуда имзои худи Андашевро мегирифтанд. Хабарнигорони "Мигрант Медиа" тавонистанд худи ӯро пайдо кунанд. Вай гуфт, варшикаста шудааст.

"Пулро пардохт накардаанд, намегӯям. Вале мо пулро ба бонк медодем. Бонк ба мо мошин дод, мо каме кор кардем, вале кори мо барор накард. Ман ҳам шикаст хӯрдам ва бонк мошинҳоро гирифт. Ман мушкили ронандаҳоро дарк мекунам, чунки аз пушти мошин онҳо нон меёфтанд. Худи ман ҳам хеле сахт варшикаста шудам. Мардум якмошинӣ аз даст доданд, ман беш аз 100 мошинро, чунки ҳамаи дороиамро ба ин тиҷорат сарф кардаму акнун ҳатто пули иҷораи хонаро дода наметонам,"--гуфт Тологон Андашев, мудири ширкати таксиронӣ.

Андашев гуфт, ки зидди бонк ба додгоҳ шикоят карда, бозгардони мошинҳоро талаб дорад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, дар мусодираи мошинҳо баъзе муштариҳо худашон гунаҳгор ҳастанд.

“Моҷаро аз он сар шуд, ки 15 мошинро ба Қирғизистон интиқол доданд, дар ҳоле, ки чунин ҳақро надоштанд. Вақте 10 мошин берун шуд, дар системаи бонкӣ сигнали сурх ба кор даромад ва бонк ҳамаи мошинҳоро гирифт. Дар бонк ба ман гуфтанд, ки интиқоли дастаҷмъонаи мошинҳо ба хориҷа сабаби чунин қарори бонк шуд,”—гуфт Андашев.

Ронандаҳои фиребхӯрда ба полис ва сафорати Қирғизистон дар Русия муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, феълан ҳеҷ натиҷае нест ва акнун мехоҳанд ба раҳбарияти Қирғизистон муроҷиат кунанд ва мошинҳои бо пули ҳалол харидаашонро баргардонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG