Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги номзадҳо ба президентии Украина (ИНФОГРАФИКА)


Пешсафи рейтинг - молики ширкати шоколадҳои "Рошен" Петро Порошенко бо муттаҳиди наздикаш боксёри маъруф Виталий Кличко
Пешсафи рейтинг - молики ширкати шоколадҳои "Рошен" Петро Порошенко бо муттаҳиди наздикаш боксёри маъруф Виталий Кличко

Як назархоҳӣ дар Украина нишон медиҳад, ки дар байни номзадҳо ба интихоботи президентии ин кишвар молики ширкати шоколадҳои "Рошен" Петро Порошенко пешсаф аст.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сотсиологӣ дар як назархоҳии саросарӣ аз 29 апрел то 11 майи соли 2014 назари 2 022 нафарро дар 110 минтақа дар саросари Украина (ба истиснои Қрим) пурсидааст. Суол ин аст, ки агар интихобот рӯзи 11 май мегузашт, шаҳрвандони Украина ба кӣ овоз медоданд?

Маълум мешавад, бештар аз ҳама дар ҳоли ҳозир байни мардум Петро Порошенко - молики ширкати шоколадҳои "Рошен" - маҳбубият доштааст. Беш аз сеяки пурсидашудаҳо гуфтаанд, дар интихобот ба ӯ овоз медиҳанд. Қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко, ки яке аз номзадҳои умда ба ин мақом маҳсуб мешуд, ҳанӯз қабл аз оғози корзори интихобот номзадиашро ба фоидаи Порошенко пас кашид ва ин омил низ дар боло рафтани рейтинги "султон"-и бозори шоколади Украина мусоидат кард.

Рақиби асосии Порошенко - сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко - бино бар ин назархоҳӣ, дар ҳоли ҳозир аз пуштибонии ҳамагӣ зери 6 дарсади мардум бархӯрдор будааст. Вале Тимошенко мегӯяд, ин назарсанҷиҳоро махсус ва ба хотири бо роҳҳои сунъӣ боло бурдани рейтинги Порошенко месозанд ва ин пурсишҳо назари воқеъии мардумро инъикос намекунад. Дар ҳар сурат, ба бовари ӯ, иродаи воқеъии мардум рӯзи 25 май дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина маълум хоҳад шуд, ки Украина тарафдори кист?
XS
SM
MD
LG