Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷайш-ал-Адл", балучҳо... Чархиш дар робитаҳои Эрон ва Покистон


Марзи Покистону Эрон
Марзи Покистону Эрон

Баъд аз солҳо нобоварӣ, Эрон ва Покистон дар мубориза алайҳи ситезаҷӯии фаромарзӣ муттаҳид мешаванд.

Эрону Покистон пас аз ҳамлаҳои маргбор ба мавзеъҳои шӯришиён дар кишварҳои якдигар дар моҳи январи соли гузашта, дар остонаи як даргирии тамомайёр қарор гирифта буданд. Даҳсолаҳо боз ду кишвар якдигарро барои паноҳ додан ба гурӯҳҳои мусаллаҳ муттаҳам мекарданд.

Ҳамакнун ба назар мерасад, ки Эрон ва Покистони дорои силоҳи ҳастаӣ дар ҳоли густариши ҳамкориҳои худ ҳастанд, то аз афзоиши ҳамлаҳои ҷудоиталабони балуч ва гурӯҳҳои ниманизомие, ки дар хати муштараки марзи 900-километриашон фаъол ҳастанд, пешгирӣ кунанд.

"Ҳар ду ҷониб дар робитаҳои худ як чархиши ҷиддӣ ба миён овардаанд", -- мегӯяд Фарзон Собит, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи мутолеоти Женева.

Дар моҳи июли соли 2024 Исломобод як нафарро, ки иддао мешуд узви гуруҳи “Ҷайш-ал-Адл” аст, ба Эрон супурд. Дар муқобил, Эрон як чеҳраи ҷудоиталаби балучи покистонро ба Исломобод таслим кард.

"Ҷайш-ал-Адл" дар оғози моҳи ноябр иддао кард, ки 12 ҷангҷӯяш дар як амалиёти муштараки нерӯҳои Эрон ва Покистон кушта шуданд. Эрон аз ин ҳамла ситоиш кард, аммо гуфт, ки ин ҳамла танҳо аз сӯи нерӯҳои покистонӣ анҷом шудааст.

Вилояти Систон-Балучистони Эрон ва вилояти Балучистон дар ҷануб-ғарби Покистон, аз даҳсолаҳо ба ин тараф саҳнаи фаъолияти ниманизомиён будааст.

Ин вилоятҳои паҳновар, аммо нодор, хонаи ақаллият ё камшуморони қавми балуч дар Эрон ва Покистон аст. Балучҳо дар ҳар ду кишвар муддатҳост, ки аз сӯи мақомот бо табъиз ва хушунат рӯбарӯ ҳастанд. Балучҳо ҳукуматҳои Эрон ва Покистонро ба суистифода аз манбаъҳои табиии минтақаи худ муттаҳам мекунанд.

"Ҷайш-ал-Адл" ва Артиши озодибахши Балучистон, калонтарин гурӯҳи мусаллаҳи балучҳо дар Покистон, дар солҳои охир ба нерӯҳои қудратманди ҷангӣ табдил шудаанд.

Ин гурӯҳҳо ба тарзҳои хашинтар, аз ҷумла, бомбгузориҳои интиҳорӣ ё маргталабона рӯ оварда, доираи сарбозгириро васеътар кардаанд. Онҳо ҳамчунин аз норозигиҳои рӯ ба афзоиш аз Теҳрон ва Исломобод истифода карда, ба силоҳҳои пешрафта даст ёфтаанд.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон. Шаҳри Исломобод, 5-уми ноябри 2024
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон. Шаҳри Исломобод, 5-уми ноябри 2024

"Бе тағйири вазъ талафоти бештар хоҳанд дошт"

Артиши озодибахши Балучистон рӯзи 9-уми ноябр масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба сарбозони покистониро дар як истгоҳи роҳи оҳан дар Балучистон ба уҳда гирифт. Дар ин ҳодиса 26 нафар кушта шуд.

Рӯзи 26-уми октябр "Ҷайш-ал-Адл" ба гашти пулис дар вилояти Систон-Балучистон ҳамла кард ва 10 тани онҳоро кушт.

Азиз Балуч, коршиноси мустақил дар масоили амниятӣ аз Покистон мегӯяд, Теҳрон ва Исломобод бори аввал дар масоили амният ва мудирияти марз ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мекунанд.

Ӯ дар идома гуфт, ки “гурӯҳҳои мусаллаҳи балуч ба манбаи асосии бесуботии дохилӣ” дар ҳар ду кишвар табдил шудаанд ва афзуд, Эрон ва Покистон “дарк кардаанд, ки бе тағйири вазъият аз тариқи ҳамкорӣ талафоти бештаре хоҳанд дошт”.

Имтиёз Балуч, таҳлилгаре, ки масоили Балучистонро дар вебсайти “Хуросон” бозтоб медиҳад, гуфт, ҳамкориҳои Эрон ва Покистон амиқтар аз он чизе аст, ки дар зоҳир дида мешавад. Вай афзуд, “ҳамкориҳо байни ин ду кишвар дар ҳоли босуръат амиқтар шудан аст”.

Таҳлилгарон мегӯянд, Покистон ва Эрон, ки ҳар ду бо буҳрони иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд, барои густариши ҳамкорӣ ва муқобила бо ситезаҷӯёни фаромарзӣ, ангезаҳое барои ҳамкориҳои молӣ низ доранд.

Балучистони Покистон як вилояти аз ҷиҳати манбаъҳои табиӣ бой аст, ки даҳҳо тарҳи чандмиллиарддолларии Чинро дар худ ҷой додааст. Ниманизомиён имсол дастикам ҳафт коргари чиниро дар Покистон куштанд, ки чолише барои аз байн бурдани долони иқтисодии Чин ва Покистон (CPEC) ба арзиши 60 миллиард долллар аст.

Айни замон, Пекин яке аз бузургтарин воридкунандагони нафти Эрон ва сармоягузори пештози иқтисоди ин кишвар аст. Бандари Чобарҳор дар Систон-Балучистон як маркази калидии воридот ва содирот ба Афғонистони ҳамсоя мебошад.

Фарзон Собит, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи мутолеоти Женева, мегӯяд, хатарҳои амниятӣ, ки аз минтақаҳои балучнишин сарчашма мегиранд, ҷойгоҳи онҳоро дар барномаҳои рушди ҳар ду кишвар афзоиш додааст.

Ӯ гуфт, “ин боис шудааст, ки ду кишвар талошҳоеро барои саркӯби ситезазаҷӯӣ дар онҷо оғоз кунанд”.

XS
SM
MD
LG