Маркази миссионерии «Грейс Сонмин» рӯзи 14 январ бо нашри як баёнияи матбуотӣ изҳор дошт, ки ин созмон бо калисои «Сонмин Сонбогим», ки танҳо дар қаламрави вилояти Суғд фаъолият мекунад, рабте надорад. Раҳбари «Грейс Сонмин» Марат Курт-Суюн дар ин изҳорот гуфтааст, «Грейс Сонмин» ва «Сонмин Сонбогим» як созмон нестанд ва муассисонашон ҳам фарқ мекунанд. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, «шаҳрванди Кореяи ҷанубӣ Лӣ Ҷон Бун ҳеҷ гоҳ раҳбар, узв, ё асосгузори маркази миссионерии «Грейс Сонмин» набуд» ва «ҳеҷ кадоме аз раҳбарони «Грейс Сонмин» ягон бор ба ягон навъи ҷавобгарӣ кашида нашудааст.»
Ин изҳороти маркази миссионерии «Грейс Сонмин», як иттиҳодияи мазҳабие, ки аз соли 1992 дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт ва аз соли 2009 дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун созмони динии ҷумҳуриявӣ сабти ном шудааст, дар посух ба гузоришҳои дар рӯзҳои 2 ва 3 январ нашршуда дар расонаҳост, ки аз боздошт ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Лӣ Ҷон Бун, як зани 70-сола аз Кореяи ҷанубӣ хабар медод.
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар шарҳи ин хабар гуфта буд, ки Лӣ Ҷон Бун бар асоси моддаи 320, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ - боздошт шудааст. Вай афзуд, мавсуф мехост ба як корманди раёсати КДАМ дар вилояти Суғд 20 ҳазор доллар пора диҳад, вале аз сӯи кормандони ин раёсат ва додситонии Хуҷанд аснои ҷиноят боздошт шуд: «Мақомоти амниятӣ ҳамчунин аз манзили Лӣ Ҷон Бун 1 туфангчаи травматикӣ бо 12 тир, як адад садопасткунак, ду ҷевони оҳании ҳомили 150 ҳазор сомонӣ пули нақд дарёфт ва мусодира карданд.»
Ин зани мутаваллиди соли 1944 ва шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ дар таърифи расмии мақомоти амниятӣ сокини муваққатии шаҳри Хуҷанд ва ҳам пастори генералии маркази миссионерии «Сонмин Сунбогим» ном бурда шуд, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистон бар сар мебурд ва то соли 2009 дар маркази миссионерии «Грейс Сонмин»-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Ва боздошташ ба фаъолияти Маркази хусусии тиббии шаҳри Чкалов, ки ба хонум Ҷон Бун тааллуқ дорад, вобаста аст.
Бино ба иттилои КДАМ, ин марказ асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва дигар воситаҳои ташхисӣ, 500 намуд дорувории мӯҳлаташ гузашта, 25 таҷҳизоти тиббии фарсударо, ки ба саломатии маризон хатар доранд, бе иҷозатномаи махсус ва тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ҳамзамон мақомот ӯро соҳибмулки мактаби хусусии «Файз» ва меҳмонхонаи «Хесон» - и Хуҷанд унвон мекунанд, ки дар масъалаи андоз ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд.
Дар иттилоияи расмии КДАМ, Ли Ҷон Бун соҳибкори хориҷие муаррифӣ мешавад, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон тиҷорат дорад. Аммо бо он вуҷуд, ки миссионерии ӯ дар Тоҷикистонро мақомот зикр мекунанд, бино ба иттилои манобеъи огоҳ, ӯ даромади тиҷорати худро ба хотири тавсиъаи фаъолиятҳои калисои масеҳии «Сонмин Сунбогим» дар Суғд истифода мекард. Гуфта мешавад, ин калисо барои ҷалби ҷавонон ба ин равия таҳти пӯшишҳои «омӯзиши ройгони забони англисӣ ва куриёӣ, компютер ва таълими таэквондо» низ амал мекард.
Лӣ Ҷон Бун аз ҷумла мактаби хусусиеро бо номи «Файз» роҳандозӣ кардааст, ки ҳудуди 200 хонандаро дарбар мегирад. Толис Исоев, директори мактаб аз сӯҳбат бо «Озодӣ» худдорӣ кард, аммо коршиносон мегӯянд, боздошти Ли Ҷон Бун як гуна тағйири мавқегирии мақомоти масъул ба ин пинҳонкориҳои пайравони ин калисои мамнӯъ дар Тоҷикистон метавонад бошад.
Маркази ҷаҳонии «Сонмин Сунбогим» дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бо номи «Йоидо Сунбогим» фаъолият дорад ва дар Тоҷикистон танҳо дар вилояти Суғд амал мекард. Аммо маркази миссионерии “Грей Сонмин” мегӯяд, ин созмони мазҳабӣ рабте бо «Сонмин Сонбогим» ва Лӣ Ҷон Бун надорад ва ин ду созмони комилан алоҳидаанд.