Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мерос"-и хонадони Асад ба мардуми Сурия


Димишқ, 8-уми декабри 2024
Димишқ, 8-уми декабри 2024

Сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар рӯзи 8-уми декабри 2024 ба 53 сол давлатдории хонадони ӯ бар Сурия поён бахшид.

Кишварҳои ғарбӣ ва мухолифонаш Башор Асадро ба ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла куштани ғайринизомиён, саркӯби мухолифон ва қатлҳои оммавӣ муттаҳам карда, мегӯянд, ӯ бо чунин бераҳмиҳо дар ёдҳо хоҳад монд.

Истифодаи силоҳҳои кимиёӣ алайҳи сокинони осоишта аз иттиҳомҳои дигари зидди ӯст. Дар натиҷаи ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар соли 2013 дар Ғутаи Шарқӣ, воқеъ дар канораҳои Димишқ, беш аз 250 нафар ва дар Идлиб дастикам 89 нафар кушта шуд.

Нерӯҳои ҳукумати Башор Аcадро ҳамчунин ба ҳамлаҳои батакрор ба мактабу беморхонаҳо ва эъдомҳои худсарона гунаҳкор медонанд. Бино ба иттилои созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз соли 2011 то 2015 ҳукумати Сурия дастикам 13 ҳазор маҳбусро дар зиндони низомии Сайеднея ба дор кашидааст.

Дар умум дар ҷанги дохилии Сурия, ки аз соли 2011 идома дошт, қариб ним миллион нафар кушта шуда, ҳудуди 7 миллион кас аз кишвар рафтанд.

Видео дар инҷост:

Мероси даҳшатбори хонаводаи Асад ба мардуми Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
XS
SM
MD
LG