Изҳороти Путин дар гуфтугӯи солонаи ӯ бо хабарнигорон ва шаҳрвандони Русия рӯзи 19-уми декабр баён шуд. Вай дар ин нишаст, ки ҳудуди чаҳоруним соат идома дошт, чанд бор гуфт, ки дар бораи ҷанги кишвараш алайҳи Украина омодаи созиш аст.
Бо ин ҳол, ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Путин чанд шартро барои созиш матраҳ кард. Путин бо таъкид ба дарёфти кафолатҳои асосии амниятӣ аз сӯи НАТО ва Ғарб гуфт, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украинаро ҳамтои "машруъ" барои музокирот намедонад.
Ӯ ҳамчунин бо ишора ба ин ки беш аз чаҳор сол аст, бо Доналд Трамп суҳбат накардааст, гуфт, "агар бихоҳад, омода хоҳам буд. Мутмаинам, ки чизҳои зиёде барои гуфтан хоҳем дошт".
Доналд Трамп дар маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ба зудӣ ба ҷанги Украина поён хоҳад дод, аммо дар бораи чигунагии он шарҳе надода буд.
Раисҷумҳури Русия дар нишасти рӯзи 19-уми декабр ҳамчунин изҳороти хабарнигори шабакаи амрикоии NBC-ро рад кард. Ин хабарнигор бо ишора ба талафоти сангини Русия дар Украина ва ҳамчунин сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия ва шикастҳои дигари Маскав гуфт, ки Путин дар музокирот бо Доналд Трамп ҷойгоҳи заифтаре хоҳад дошт. Путин иддао кард, ки Русия назар ба соли 2022, ки ҳамлаи кишвараш алайҳи Украина оғоз шуд, чанд маротиба нерӯмандтар шудааст.
Вай изҳор дошт, ки нерӯҳои русӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи Украина дар ҳоли пешравӣ ҳастанд ва Маскав дар ҳоли "наздик шудан ба ҳадафҳои ибтидоӣ"-и худ аст. Раисҷумҳури Русия сипас афзуд, "мо ҳамеша гуфтаем, ки омодаи музокира ва созиш ҳастем".
Хабаргузории "Рейтерз" моҳи гузашта гузориш дода буд, ки Путин омодаи гуфтугӯ бо Доналд Трамп дар бораи тавофуқи оташбаси Украина аст, аммо раҳбари Русия ҳозир нест аз амалкарди артиши худ дар Украина чашмпӯшӣ кунад ва исрор дорад, ки Киев аз хостаҳои худ барои пайвастан ба НАТО даст бикашад.
Ӯ дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи худ низ бо ишора ба пешравиҳои артиши Русия дар Украина гуфт, Маскав зарурати зиёде барои созиш намебинад ва дар ҳар музокирае дар бораи сулҳ низ аз мавзеи қудрат ворид мешавад.
Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Владимир Путин эҳтимол дар садади муаррифии Русия ҳамчунин кишвари омодаи гуфтугӯ аст, аммо дар ҳамон ҳол шартҳоеро пешниҳод мекунад, то дарҳои музокиротро бибандад ва дигаронро барои идомаи ҷанг гунаҳкор бидонад.
Бино ба ин гузориш, нишасти рӯзи панҷшанбеи Путин ҳамчун нишастҳои солҳои қаблии ӯ асосан ба масоили дохилии Русия бахшида шуда буд ва ӯ бори дигар аз ин нишаст барои фиристодани паёме ба Ғарб ва мавзуъҳои вижа ва ин бор Украина истифода кард.