18-уми сентябр назархоҳии умумӣ дар Шотландия сарнавишти иттиҳоди 300-солаи онро бо салтанати Бритониё рӯшан хоҳад кард. Аз райъдиҳандагон пурсида хоҳад шуд, ки Шотландия кишвари мустақил бошад ё на? Бо вуҷуди ҳамбастагии 300-сола бо Инглистон байни ду тараф дар ин ҳама муддат соишҳое дар миён буд ва ҳоло орзумандони истиқлоли Шотландия ва мухолифони он тақрибан баробаранд. Дар ин муддат ду бор бо истифода аз назарсанҷиҳои умумимардумӣ талош шуд, ки салоҳиятҳои ду ҷониб аз нав тақсим шаванд. Вале баъд аз пирӯзии пурсарусадои ҳизби ҷудоихоҳи миллии Шотландия дар соли 2011 ҳукуматҳои Шотландия ва салтанати Бритониё ба созиш расиданд, ки масъала бори дигар дар як референдум баррасӣ шавад.
Хабарнигори радиои “Фардо” – бахши форсии Радиои Озодӣ Асғари Рамазонипур чанд ҳафтаи охир омодагиҳо ба назархоҳӣ дар Шотландияро дунбол мекунад ва рӯзи 17 сентябр дар як тамоси телефонӣ аз ӯ пурсидем, ки то раъйдиҳӣ як рӯз монда, вале, зоҳиран то ҳол рӯшан нашудааст, ки шотландиҳо ба пурсиши он ки “Шотландия кишвари мустақил бошад ё на?” чӣ посухе хоҳанд дод?
Асғари Рамазонипур: Бале, ҳанӯз фазои шубҳа вуҷуд дорад, яъне дар ҳоле ки бисёре аз табақоти пойинтар аз истиқлол дифоъ мекунанд ва раъйи “оре” ба он мехоҳанд, бидиҳанд, дар байни гурӯҳҳои туҷҷорӣ ва табақаҳои болотар шубҳае қавист ва онҳо мегӯянд, ки наздикӣ бо Бритониё ба онҳо дар мавриди иқтисод кӯмаки бузургтаре хоҳад кард. Дар байни ҷавонон, ки аз 16-сола боло ҳаққи раъй доранд ва имсол раъйи онҳо аҳамияти зиёде дорад, ҳанӯз як фазои дугуна вуҷуд дорад. Бисёре аз онҳо хоҳони истиқлол ҳастанд ва мегӯянд, ки истиқлол дар воқеъ баёнгари ғурури миллии онҳо ва ғурури фарҳангии онҳо хоҳад буд, аммо ҳамзамон нигарон ҳастанд, ки агар аз Бритониё ҷудо шаванд, ояндаи иқтисодии онҳо таъмин хоҳад буд ё на?
Бинобар ин ҳамчунин ки назарсанҷиҳои се рӯз пеш нишон медиҳанд, тарафдорону мухолифони истиқлоли Шотландия тақрибан баробаранд ва як ё ду дарсад миёни онҳо фарқ мавҷуд аст. Аммо бар асоси ҳамин назарсанҷиҳо шумораи онҳое, ки хоҳони истиқлол ҳастанд, дар ҳафтаи охир босуръат афзоиш ёфтааст. Ва ҳанӯз наздик ба 500 000 кас ҳанӯз мавқеи худро мушаххас накардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи аҳолии Шотландия 5 миллииону 300 ҳазор нафар аст, ин 500 000 раъй таъинкунанда хоҳад буд. Вале инро ҳам бояд гуфт, ки дар ҳафтаҳои гузашта таблиғи давлати Бритониё, сарвазир Кемерон, ҳизбҳои аслӣ ва матбуот хеле густариш пайдо кард, ки асари манфӣ дошт ва мен бисёриҳоро ин ҷо дидам, ки ваъдаҳои ҷаноби Кемерон ва ҳизбҳои Бритониё онҳоро асабонӣ карда буд. Навъе интиқод ин ҷо нисбати Би-би-сӣ ҳам вуҷуд дошта, ки бетарафии онро зери суол бурдааст, агарчӣ ин расона танқидҳоро рад карда ва таъкид дорад ба бетарафияш.
Озодӣ: Сарвазири Бритониё Девид Кемерон гуфт, ки раъй ба ҷудоӣ ё истиқлоли Шотландия баргаштнопазир хоҳад буд. Оё метавон гуфт, як навъ аломати нигаронӣ аз эҳтимоли истиқлол ёфтани Шотландия аст?
Асғари Рамазонипур: Ин сухани оқои Кемеронро, ки роҳе бидуни баргашт хоҳад буд, бисёриҳо дар Шотландия навъе аз таҳдид шумурданд ва ҳамзамон бо суханони ӯ гурӯҳҳои иқтисодӣ дар Лондон бисёре аз сармоягузориҳоро мутаваққиф карданд ва ин ду нуктаро дар Шотландия ба навъе афзоиши фишори иқтисодӣ талаққӣ карданд. Ин таҳдидҳо то ҷое таъсири манфӣ доштанд, вале воқеият ин аст, ки бахшҳои умдаи иқтисодӣ дар Шотландия ва дар Бритониё ба таври куллӣ чандон хоҳони ҷудо шудан нестанд ва сӯҳбатҳои оқои Алекс Салмонд, вазири аввали ҳукумати Шотландия низ чандон таъсиргузор набудаанд, чун бахши бузурге аз ҷавонон ба ин ҳукумат бовари зиёд надоранд.
Бисёре аз рӯшанфикрон ва синфи миёна ва рӯ ба болои Шотландия аз давлати феълӣ, ки миллатгаро ва то ҷое ростгарост, хеле хушнуд нестанд ва умедвориашон ба ин буда, ки агар Шотландия ба навъе аз истиқлол даст пайдо кунад, битавонанд аз низоми подшоҳӣ фосила бигиранд, аммо давлати феълӣ таъкид кардаасти, ки маликаи Бритониёро ба унвони маликаи худ медонад ва бино бар ин ин ҷудоиҳои сиёсӣ дар худи Шотландия ҳам вуҷуд дорад ва агарчӣ масъалаи нафт вуҷуд дорад, тахминҳое ҳаст, ки захираи нафт байни 10 то 15 соли оянда ба поён хоҳад расид ё ба ҳадде ки истихроҷаш серхарҷ хоҳад шуд ва дувум ин ки нафт ба танҳоӣ қодир нахоҳад буд, ки харҷҳои феълии Шотландияро пӯшонад. Хулоса, дар айни умедворӣ нигарониҳое аз ояндаи баъд аз назарсанҷӣ вуҷуд дорад.