Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мавқеашро дар феҳристи нави FIFA нигоҳ дошт


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 19-уми декабр дар сомонаи ин ташкилот нашр шудааст, мавқеашро бо 1203,08 имтиёз дар ҷойгоҳи 104-ум нигоҳ дошт. 

Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1867,25 имтиёз дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойгоҳи аввал аст. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1859,78 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1853,27 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (25-ум, 1554,94 имтиёз), Русия (34-ум, 1512,32 имтиёз) ва Узбекистон (58-ум, 1424,93 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (107-ум), Қазоқистон (110-ум), Озарбойҷон (117-ум), Эстония (123-юм), Латвия (140-ум), Литва (142-юм), Туркманистон (143-юм) ва Молдова (151-ум) пеш буда, пас аз Украина (25-ум), Русия (34-ум), Узбекистон (58-ум), Гурҷистон (68-ум), Беларус (98-ум) ва Арманистон (100-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 15-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 18-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 9-уми декабр дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, гуфт, “мо нақшаи омодагиро ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тартиб додаем. Соли оянда бозигарон ҳам дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ бозиҳои зиёде доранд. Аз ин рӯ номзадҳо ба ҳайати тими миллӣ бояд дар ҳолати хуб бошанд. Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем."

Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми марти соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир мегардад.

Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

25 марти 2025 (сешанбе)

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ

Молдив - Филиппин

Даври дуюм

10 июни 2025 (сешанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Тимори Шарқӣ - Молдив

Даври сеюм

9 октябри 2025 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Молдив

Тимори Шарқӣ - Филиппин

Даври чорум

14 октябри 2025 (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин – Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябри 2025 (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Филиппин - Молдив

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

XS
SM
MD
LG