Фоҷиаи рӯзи 24 сентябр дар водии Мино беш аз 2 миллион зоир аз саросари дунёро, ки бо анҷоми маросими Ҳаҷ иди Қурбонро таҷлил мекарданд, дар рӯзи ид ғарқи мотам кард. Раёсати дифои шаҳрвандии Арабистони Саудӣ мегӯяд, рӯзи 24 сентябр дар ҷараёни маросими Ҳаҷ бар асари болои ҳам фурӯ рехтани издиҳоми зоирон дастикам 717 нафар ҳалок шудаанд. Дар бораи захмӣ шудани то 719 нафари дигар дар ин ҳодиса гузориш шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дини Тоҷикистон - масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷ - мегӯяд, дар фоҷиаи рӯзи иди Қурбон дар водии Мино, воқеъ дар канори шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ касе аз зоирони тоҷик осеб надидааст. Дар баёнияи расмии ин ниҳод, ки шоми 24 сентябр ба Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад: "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар фоҷиае ахири дар Маккаи мукаррама бавуқӯъпайваста ҳоҷиёни Тоҷикистон осебе надидаанд. Имрӯз ҳоҷиёни тоҷик маносики Ҳаҷро ба охир расониданд ва дар назар аст, аввалин парвози эшон ба Ватан 28-29 -уми сентябр оғоз гардида, то 14-уми октябр идома ёбад. Ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар навбати аввал аз тариқи фурӯдгоҳи Ҷидда ба Ватан фиристода мешаванд. Аммо зоироне, ки ба самти Ҷидда парвоз анҷом дода буданд, аз 8 то 10 рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан бармегарданд."
Қаблан Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ки рӯзи 24 сентябр бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Макка сӯҳбат мекард, гуфт: "Ҳамаи зоирон аз Тоҷикистон дар амну амонанд. Ин фоҷиа дар як минтақаи хеле дур аз маҳалли будубоши зоирони мо рӯй дод. Касе аз Тоҷикистон дар ин ҳодиса осеб надидааст. Зоирони тоҷик маросими Ҳаҷро тақрибан ба поён расондаанд ва аз 28-29 сентябр бозгашти онҳо ба Ватан шурӯъ мешавад."
Қаблан як намояндаи дигари Кумитаи дин дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, шоми 24 сентябр тавассути телевизиони давлатӣ ба мардум ҳам ин хабарро эълон хоҳанд кард, то касе дар ташвиш науфтад.
Хабари ҳалокати садҳо зоир ва ҷароҳат бардоштани садҳои дигар дар водии Мино мояи нигаронии пайвандони 6300 нафаре шудааст, ки имсол аз Тоҷикистон ба қасди иҷрои фарзи Ҳаҷ ба Маккаву Мадина рафтаанд.
Ҳалокати садҳо зоир дар Макка
Бино ба гузориши раёсати дифои шаҳрвандии Арабистони Саудӣ, амалиёти наҷот дар маҳалли ин ҳодиса дар водии Мино дар наздикии Макка идома дорад. Гуфта мешавад, ба амалиёти наҷот то 400 мошини "Ёрии таъҷилӣ" ва 4000 маъмури раёсати дифои шаҳрвандии Арабистони Саудӣ ҷалб шудаанд.
Имсол беш аз 2 миллион зоир аз саросари дунё барои иҷрои фарзи Ҳаҷ ба Маккаву Мадина омадаанд. Зоирон дар водии Мино, воқеъ дар тақрибан 5-километрии шаҳри Макка, барои санг задан ба тимсоли Иблис ҷамъ мешаванд ва барои онҳо 160 000 хайма гузошта буданд. Издиҳом, бино ба хабарҳо, дар роҳ ба сӯи пули чандқабатаи Ҷаморат дар байни кӯчаҳои 204 ва 223-юми ҳамин хаймазор болои ҳам рехтааст ва дар натиҷа садҳо нафар зери по мондаанд.
Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан гузориш дода буд, ки зоирони тоҷик шаби 21 ба 22-юми сентябр "эҳром ба бар намуда, барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба водии Мино роҳсипор шуданд ва то дамидани субҳи 22-юми сентябр ҳамаи зоирони Тоҷикистон ба водии Мино сафарбар ва бо хаймаҳои муҷаҳҳаз таъмин гардиданд." Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки зоирони тоҷик як рӯз қабл аз иди Қурбон аз Мино ба мавзеи “Арафот” мераванд.
Дар маросими имсолаи Ҳаҷ ин алакай сеюмин ҳодисаи фалокатбор аст.
Рӯзи 11 сентябр бар асари болои издиҳом сарозер шудани як кран дар шаҳри Макка 111 зоир ҳалок ва 390 тани дигар захмӣ шуданд. Кумитаи дини Тоҷикистон дар пайи он ҳодиса гуфт, ки касе аз зоирони тоҷик осеб надидааст.
Чанд рӯз баъд аз ин ҳодиса дар як меҳмонсарои зоирон дар Макка сӯхтор ба вуқӯъ пайваст.
Дар солҳои гузашта низ дар ҷараёни маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ чунин ҳодисаҳои фалокатбор зиёд рух додаанд. Дар соли 2006 дар ҳамин водии Мино ва низ дар маросими санг задани тимсоли Иблис беш аз 360 зоир ҳалок шуданд. Ҳамон сол бар асари фурӯпошии як меҳмонсарои ҳаштқабата дар наздикии масҷиди Ҳарамайни Шарифайн дар Макка дастикам 73 зоири дигар ҷон бохт.
Дар соли 2004 дар водии Мино 244 зоир ҳалок ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар соли 2001 дар ҳаминҷо низ бар асари болои ҳам фурӯ рехтани издиҳоми зоирон 35 нафар зери по монда, ҷон бохтанд.Соли 1998 бар асари зери пойй мондан дар маросими сангзании Иблис дар Мино ҳудуди 180 зоир ҳалок шуданд. Дар соли 1997 сӯхтор дар хаймазори зоирон дар водии Мино сабаби марги дастикам 340 зоир ва ҷароҳат бардоштани беш аз 1500 тани дигар шуд.
Ҳамин тавр дар соли 1994 дар водии Мино ҳудуди 270 зоир зери по монданд. Аммо ҳалокатбортарин сол барои зоирон соли 1990 буд. Дар ин сол низ издиҳоми зоирон дар роҳ аз водии Мино ба сӯи Макка дар нақб дармонд. Дар натиҷа 1426 зоир ҷон бохтанд.