Ҳоло маълум нест, моҳи январи 2025, вақте Доналд Трамп ба Кохи Сафед баргашт, чӣ хоҳад кард. Вале ӯ соли 2018 аз минбари Маҷмаи кулли Созмони Милал чунин гуфта буд: “Санҷида мебинем, ки кадом роҳ корсоз аст ва кадомаш не. Инчунин, кадом кишваре, ки аз доллару пуштибонии мо бархӯрдор аст, ба мо аз таҳти дил муносибат мекунад. Минбаъд фақат ба онҳое кумаки хориҷӣ медиҳем, ки моро эҳтиром мекунанду дӯсти самимии мо ҳастанд."
Трамп дар давраи президентии аввалааш як бахши ёриҳоро бурид, вале Конгресс бисёр вақт ба ин қарорҳо мухолифат кардааст. Ҷереми Майер аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон, мегӯяд, “ба ҳама гуна барномаҳои тағйири иқлим пулро камтар дод. Дигаргунии дигаре ҳам буд, мисли коҳиши кумакҳо ба Фаластин, вале дар умум сиёсати одии ёриҳои Амрико ба хориҷа бетағйир монд.”
Доналд Трамп ёриҳои Амрикоро ба барномаи таълимоти исқоти ҳамл ва бахши хадамот маҳдуд кард. Пешбинӣ мешавад, ки ин навбат ҳам чунин мекунад. Бонни Глик, мақомдори пешини USAID, гуфт, “дар давраи Байден барои ходимони масъули исқоти ҳамл дар ин мавзуъ омӯзишҳо фароҳам мешуд. Дар давраи аввали Трамп, мо иҷозаи маблағгузории кори созмонҳои таблиғгари исқоти ҳамлро надоштем.”
Трамп Марко Рубиоро котиби давлатӣ интихоб намуд. Рубио дар моҳи феврал дар Конгресс гуфт, Амрико бояд дар робита бо таҳаввулоти ҷаҳон бефарқ набошад. Вай ҳамзамон афзуд, "манфиатҳои Амрико дар ҷои аввал аст".
“Дар ҳар ҳолат мо ё ақли солимро аз даст медиҳем ё эҳтиёҷоти ҳамарӯзаи амрикоиҳои заҳматкаши одиро нодида мегирем ва батакрор манфиатҳои дигаронро болотар мегузорем,” – афзуд ӯ.
Глик мегӯяд, маъмурияти Трамп харҷи ҳар як долларро бодиққат назорат хоҳад кард: “Эҳтимол тамоми барномаҳои USAID дар 100 кишвари ҷаҳон як дафъа санҷида шаванд.”
Видеоро дар инҷо бинед: