Пайвандҳои дастрасӣ

 
Зеленский: Пирӯзии эҳтимолии Трамп барои Украина сахт хоҳад буд
Хабари нав

Зеленский: Пирӯзии эҳтимолии Трамп барои Украина сахт хоҳад буд


Владимир Зеленский ва Доналд Трамп
Владимир Зеленский ва Доналд Трамп

Бо афзоиши тахминҳо дар бораи интихоби дигарбораи Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Зеленский, президенти Украина мегӯяд, пирӯзии Трамп дар интихоботи моҳи ноябр барои кишвараш сахт хоҳад буд.

Владимир Зеленский рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи ҷаҳонии Бӣ-Бӣ-Сӣ бо ишора ба эҳтимоли интихоби дигарбораи Доналд Трамп ба унвони президенти Амрико гуфт, ин масъала барои кишвараш сахт аст, аммо украиниҳо барои он омодаанд.

Эҳтимоли бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед ва интихоби сенатор Ҷей Ди Вэнс ба унвони муовини ӯ, ин нигарониҳоро бештар кардааст, ки Вашингтон мумкин аст ҳимояти худ аз амнияти Аврупоро коҳиш диҳад.

Сенатор Ҷей Ди Вэнс дар мусоҳибае дар бораи ҳимоятҳои Амрико аз Украина гуфтааст, ки "аҳамият"-е намедиҳад дар Украина чӣ иттифоқ биафтад.

Владимир Зеленский низ, ки дар нишасти Ҷомеаи сиёсии Аврупо дар Лондон ҳузур дошт, дар мусоҳибаи худ бо Бӣ-Бӣ-Сӣ ба ин изҳори назар ишора кард ва гуфт, "шояд ӯ воқеан аҳамияте намедиҳад, аммо мо бояд бо Иёлоти Муттаҳида кор кунем".

Ӯ дар ин мусоҳиба бо ишора ба инки "интихоби Трамп" корро сахт мекунад, гуфт, "аммо мо сахткӯш ҳастем".

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе аз раҳбарони Амрико хоста буд, ки барои кумак ба кишвараш дар муқобила бо таҷовузи низомии Русия то моҳи ноябр ва маълум шудани натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА, мунтазир намонанд.

Бастаи кумакҳои ИМА, ки дар охири моҳи март дар Маҷлиси Намояндагони Амрико бо иттифоқи орои ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ қабул шуд, шомили 61 миллиард доллар кӯмаки молӣ ба Украина аст, ки то ҳануз бахши қобили таваҷҷуҳе аз он ба Украина дода шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп дар ҷараёни муборизаҳои интихоботии худ гуфтааст, ки пас аз интихоб шудан, ба ин муноқиша поён хоҳад дод.

Доналд Трамп иддао кардааст, ки агар дар феврали соли 2022 дар қудрат буд, ҳеҷ гоҳ ҷанг миёни Украина ва Русия сурат намегирифт.

Владимир Зеленский дар идомаи гуфтугӯ эълон кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ҳанӯз аз сӯи муттаҳидони ин кишвар фиристода нашудааст.

Ӯ бо ишора ба инки ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ 18 моҳ аст ба Украина нарасида, таъкид кард, ки вуҷуди F-16 барои муқобила бо бартарии ҳавоии Русия, зарурӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 11-уми июл дар ҳамоиши НАТО дар Вашингтон, Ҷо Байден эълон карда буд, ки Дания ва Ҳолланд фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 сохти Амрикоро ба Украина оғоз кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG