Таваллуди чаҳоргоникҳо дар Исфара

Фирӯза Маҳмудова, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар синни 24-солагӣ чаҳоргоник таваллуд кард. Вай бо шавҳараш панҷ сол боз дар орзуи фарзанд буданд.

Фирӯза мегӯяд, аз безурриётии худ доимо хавотир буд ва тӯли ин панҷ сол пайваста табобат мегирифт. Вай меафзояд, «рӯзҳои хурсандӣ буд, рӯзҳои хафагӣ буд, хафа мешудам, ки барои чӣ ман фарзанддор намешавам. Мана имрӯз фарзандор шудам. Якбора Худо маро насиби чаҳор фарзанд гардонид. Ман худро хушбахт ҳис мекунам».

Табибон ҳангоми ташхис таваллуди се нафар кӯдакро пешгӯӣ карда буданд ва хурсандии Фирӯза ҳудуд надошт, зеро баъди панҷ соли бефарзандӣ якбора интизори се тифл буд. Аммо вай соҳиби чаҳор писарча гардид. Ва ба писарони навзодаш номи чаҳор ёри паёмбар - Абӯбакру Умар ва Усмону Алиро гузошт. Вазни чаҳоргоникҳо аз як килову дусад грам то як киллову ҳафсад грам мебошад. Падару модари навзодон аз оилаи камбизоат буда, Фирӯза дар ҷое кор намекунад. Юсуф, падари чаҳоргоникҳо кори доимӣ надорад ва тӯли ҳафт сол мешавад, ки дар Русия бо мардикорӣ машғул аст. Фирӯза мегӯяд шавҳараш баъди чанд муддат боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, зеро дар шаҳри Исфара ҷои кори доимӣ надорад.

Фирӯза Маҳмудова, модари чаҳоргоникҳо

Пизишкон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир саломатии чаҳоргоникҳо хуб буда, азбаски вазни онҳо кофӣ нест, чанд муддат таҳти назорати табибон хоҳанд буд. Зӯҳро Исмоилова, мудири зоишгоҳ, дар ин маврид гуфт, «Кӯдакон мувофиқи ҳафтаи ҳомиладорӣ таввалуд шудаанд ва вазнашон майда, ки ҳаст, ҳоло табобат гирифта истодаанд. Ҳолаташон рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Ҳолати модарашон камтар вазнин буд, ҳозир беҳтар шудааст».

Таваллуди чаҳоргоник дар Тоҷикистон бори нахуст мебошад. Фирӯза мегӯяд, ба хотири тавлиди чаҳоргоникҳо раиси вилояти Суғд як гови ҷӯшоӣ ва ҳукумати шаҳри Исфара қитъаи заминеро ба онҳо ҳадя кардаанд. Аммо модари ҷавонро дар ҳоли ҳозир фикри нигоҳубини чаҳор кӯдакаш дар фасли зимистон нигарон кардааст, зеро зимистони соли гузашта сокинони ин маҳал комилан аз барқ маҳрум буданд ва зимистонро дар хонаҳои сарду торик бо мушкилиҳо гузарониданд.