Тарҳи нави музокироти Амрико бо Русия

Намояндаи Пентагон гуфт, ҳукумати Барак Обама барои рафъи ихтилофҳо дар мавриди мушакҳои дурпарвоз хостори ҳамкорӣ бо Русия аст.
Ин изҳороти мақомдори Пентагон дар ҳоле садо дод, ки Барак Обама бо Маскав дар мавриди коҳиши миқдори аслиҳаи ҳастаи гуфтушунид анҷом медиҳад. Раҳбари Амрико инчунин дар фикри он аст, ки оё идомаи иҷрои тарҳи Ҷорҷ Буш барои истиқрорӣ сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех зарур аст ё хайр. Маскав бо қатъият ба нақшаҳои Амрико барои ҷойгиркардани 10 мушак дар Лаҳистон ва радари зидди мушакӣ дар Ҷумҳурии Чех мухолифат мекунад.

Раиси оҷонси дифои зидди мушакии вазорати дифои ИМА генерал Патрик Орейлӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки бархурди нав ин “баёни фикру мулоҳизаҳо ва на пешниҳоди тарҳи мукаммал” мебошад. Вай афзуд, гомҳо бояд бисёр эҳтиёткорона бардошта шаванд ва дар рафти ин кор барои ҳосил шудани ҳамкории ҳақиқӣ тасмимҳо бояд муштарак бошанд.

Обама зимни боздидаш аз Маскав ба давраи тозаи робитаҳои амниятии дуҷониба бо тамаркуз ба манфиатҳои муштарак даъват намуд. Вай ва ҳамтои русиаш Дмитрий Медведев дар мавриди амалӣ гардондани нақшаи таъсиси “Маркази муштараки мубодилаи иттилоот” ба тавофуқ расиданд. Ин нақша ҳоло солҳои 1990 пешниҳод шуда буд ва тибқи он, кишварҳо бо иттилоъ дар бораи партови мушакҳо дар саросарӣ ҷаҳон мубодила мекунанд.

Орейлӣ гуфт, ки ягон фармон дар бораи лағви нақшаи истиқрори мушакҳо дар Лаҳистон ва радар дар Ҷумҳурии Чех нагирифтааст. Вай афзуд, барои ҷойгиршавии мушакҳо дар Лаҳистон то панҷ сол ва радар дар Ҷумҳурии Чех то чаҳору ним сол зарур хоҳад шуд. Ин ҷадвали замони бисёр муҳим аст, чун ки бино бар иттилоъи хадамоти иктишофии Амрико соли 2015 Эрон ба партови мушакҳои дурпарвоз қобилият пайдо хоҳад кард.

На Ҷумҳурии Чех ва на Лаҳистон то мушаххас шудани нақшаҳои маъмурияти Обама дар бораи тарҳи сипари зидди мушакӣ ба тасвиби он шитоб намекунанд. Орейлӣ гуфт, ки Кохи сафед роҳҳои алтернативии интихоби имконпазирро омухта истодааст ва гузориши муфассал дар ин бора бояд моҳи декабр ба итмом расад.

Орейлӣ дар мавриди имкони истифодаи радари пойгоҳи русии Қабала дар Озарбайҷон низ изҳори хушбинӣи намуд. Истифодаи ин радар ҳамчун алтернатива ба радари Ҷумҳурии Чех ду сол қабл аз ҷониби раисҷумҳури вақти Русия ва нахуствазири феълии он кишвар Владимир Путин пешниҳод шуда буд. Генерал гуфт, ки русҳо дар он пойгоҳ қобилиятҳои зиёд доранд ва метавонанд парвози мушакҳоро дар Осиёи Ҷануби пайгирӣ кунанд вай авзуд ки ҷойгиршавии Қабала бениҳоят хуб аст ва ҳатто аз радари тарҳрезишудаи Ҷумҳурии Чех беҳтар.

Дар посух ба саволе, ки то чи андоза чунин ҳамкорӣ имконпазир аст, Орейлӣ гуфт пурсишҳои пурмазмуни ҷониби Русия аз имкони баррасии ҷиддӣ ва самимонаи ин имконот шаҳодат медиҳад.